https://sadoimardum.tj

Таҷлили Меҳргон дар боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ

17 окт 2025, 10:11
13

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 - уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон, Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, иди себ ва ангур, оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ, иди тарбуз, харбуза ва каду доир хоҳад шуд.

Дар Ҷашни  Меҳргон деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашн мебошанд, ба намоиш гузошта, аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ   омода мегардад. 

Тибқи иттилои вазорат, дар ҷашн барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ пешқадамони соҳа ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Ҷашни Меҳргон фаъолон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Н. Муродбекова,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: