https://sadoimardum.tj

«Ду ҷаҳон болу пари симурғ аст» ва «Арӯси ғӯли Девдара» рӯнамоӣ шуданд

20 окт 2025, 16:44
0

Маҳфили рӯнамоии ин ду асари ғайриманзуми корманди рӯзномаи «Садои мардум», шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида Ворис (Урун Калонов) дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо ҳузури муҳаққиқон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва дилбастагони адабиёт доир гардид.

Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло маҳфилро бо чанд шеъри устод Ворис оғоз бахшида, аз саҳми ӯ дар рушди адабиёт ва журналистика ёдовар шуд. Аз ҷумла гуфт, ҳамон гунае, ки осори манзуми Ворис бори андеша мекашаду ҳадафҳои олӣ дар пай дорад, осори мансураш низ хонандаро ҳамеша ба андеша мебарад, мазмуну ғояҳои баландро талқин месозад,   ба инсон маърифат мебахшад. 

Дар идома онҳое, ки бо сухан сарукор доранд, аз коргоҳи эҷодӣ бархӯрдоранду адабиётро пажӯҳиш мекунанд, аз хидматҳои мондагори устод Ворис дар рушди адабиёт  ёдовар шуданд, услуби хоси нигорандагӣ, шеваи баёни китобҳои тозанашри ӯро  баррасӣ намуданд. Гуфтанд, ки ӯ дар соҳаи эҷод шахси тасодуф нест, ба ин ҷода бо меҳр омадаю самимият дорад. Бо муҳаббат эҷод мекунад, нигоштаҳояш руҳу андеша доранд, ки  хонандаро бедор мекунанд, андешаро ба таҳрик медароранд. 

Зикр шуд, ки «Ду ҷаҳон болу пари симурғ аст» маҷмуи мақолаҳои Ворис­ро фаро мегиранд, ки дар солҳои гуногун навишта шудаю дар рӯзномаҳои гуногун интишор ёфтаанд. Китоб аз се бахш иборат буда, дар бахши аввал муаллиф мақолаҳои таҳқиқии худро ҷой додааст. Дар қисмати дуюм навиштаҳое пешкаши хонанда мегардад, ки ба  худшиносию худогоҳии миллӣ бахшида шудаанд. Бахши сеюми китоб сафарномаҳои муаллифро фаро гирифта, аз зиндагии бунёдкоронаи мардум дар гӯшаю канори Тоҷикис­тон қисса мекунад.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Мурод Муродӣ зимни суханронӣ шеваи баёни устод Ворисро равону шоирона арзёбӣ кард. 

«Баъзеҳо бар ин назаранд, ки он чӣ дар рӯзнома чоп мешавад, умри тӯлонӣ надорад. Аксарияти мақолаҳои ин маҷмуа бори нахуст дар нашрияҳои даврӣ интишор шудаанд. Фосилаи чопашон низ фарқ мекунанд, аммо вақте китобро мутолиа мекунед, дармеёбед, ки ин нигоштаҳо танҳо барои имрӯз    ва ифодаи набзи замон набуда, барои фардоиён низ бебаҳра нестанд, зеро ҳангоми мутолиаи  ин нигоштаҳо дар инсон андешаи солим,  тарбиятгар, озод будану Ватанро дӯст доштан, худшиносию худогоҳӣ ҳосил мешавад. Ҳамин ҷиҳатҳо  боис шуда, ки нигоштаҳои публитсистии  Ворис   умри тӯлонӣ пайдо кардаанд», - афзуд М. Муродӣ.

Ба таъкиди муҳаққиқон, мақолаҳои ин маҷмуа ҷанбаи публитсистӣ, руҳи пурқуввати иҷтимоӣ доранд, аммо ҷанбаи илмиашон ҳам кам нест. 

«Арӯси ғӯли Девдара» моҷарои зиндагии духтараки кӯҳистоние бо исми Суман аст, ки ғӯле ба ӯ ошиқ мешавад ва ӯро ба манзили худ мебарад. Дар ин қисса номеҳрубонии одамон дар баробари меҳрубонию вафодории як махлуқи афсонавӣ - ғӯл ба тасвир кашида шудааст, ки ба таъкиди аҳли нишаст басо ҷолиб ва ибратбахш аст. 

Ҳикояҳои саҳифаҳои охири китоби мазкурро ҳозирин бозгӯи зиндагии имрӯзаи мо хонданд. Гуфтанд, ки муаллиф ин қиссаҳоро танзомез ва бо маҳорати баланд эҷод намудааст. 

Доир ба китобҳои тозанашри муаллиф, ҳамчунин, нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор, публитсист Умари Шерхон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, ҳунаршинос Муҳамадулло Табарӣ андешаҳои ҷолиб баён доштанд. 

Дар маҷмуъ, «Ду ҷаҳон болу пари симурғ аст» ва «Арӯси ғӯли Девдара» аз нигоҳи маърифатӣ, арзишҳои миллӣ, эҷодӣ, услуб,  баёни андеша хеле арзишманд арзёбӣ шуданд.

Мавриди ёдоварист, ки шеърҳои устод Ворис то имрӯз агар дар маҷмуаҳои «Рози бараҳнагӣ», «Ҷоми гӯё», «Дар чор фасли лаҳзаҳо», «Пайкари сабр», «Соғари дил» ба дасти хонандагон расида бошанд, осори мансураш дар китобҳои «Шишаи номус дар бағал», «Паланги қуллаҳои барфпӯш» гирдоварӣ шудаанд. Нашри китоби «Тазкираи Ворис»-ро, ки ба хонандагон дар бораи шоирони ҳавзаи адабии Ҳисор аз асри X то асри XXI иттилоъ манзур медорад, аз хидматҳои дигари мондагори ӯ дар адабиёт метавон арзёбӣ намуд.

Ворис барандаи Ҷоизаи адабии Парии Ҳисорӣ ва ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳаштумин Ҷашн­вораи байналмилалии фарҳангию ҳунарии Имом Ризо дар Машҳад ва ҷоизаи махсуси Медиа Алянс (дар соҳаи телевизион) мебошад. 

Фарзона Файзалӣ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: