https://sadoimardum.tj

Ёдгоре аз шоири инқилобӣ

№:18 (5070), 16 фев 2026, 16:45
0

Абулқосим Илҳомӣ, бо тахаллуси Лоҳутӣ ё Лоҳутихон, шоир, рӯзноманигор, низомӣ ва фаъоли сиёсию инқилобии курд 4 декабри соли 1887 дар Эрон таваллуд шудааст. Фаъолияти худро аз даврони Инқилоби машрута (1905-1911) оғоз кард ва дар даҳаи 1920-и мелодӣ ба узвияти Ҳизби коммунистии Эрон пайваст. Лоҳутӣ дар даврони Ризошоҳ (1925-1941) таҳти таъқиб қарор гирифт ва маҳкум ба эъдом гардид, аммо муваффақ шуд, ки фирор намояд. Ӯ даврони кӯдакӣ ва ҷавонии худ­ро асосан дар Эрон сипарӣ кард ва дар замони Инқилоби машрута (1905 -1911) ва баъди он яке аз пешоҳангони шӯришҳо ва муборизоти коргарӣ бар зидди истибдод буд. Лоҳутӣ дар соли 1921 роҳбари шӯришро дар Табрез, ки ба номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст, ба уҳда дошт.

Номи аслиаш - Илҳомӣ аз номаҳое, ки ба бародараш менавишт, ошкор шуд. Вай ғайр аз курдӣ забонҳои форсӣ, фаронсавӣ, русӣ, туркӣ ва англисиро низ балад буд.

 Ӯ номи мустаори Абулқосим Лоҳутиро барои худ баргузид ва нахустин ашъораш дар рӯзномаи «Ҳаблул Матин» ба чоп расид. Аз нахустин касоне аст, ки қолабҳои шеъриро ба эътибор нагирифт ва ба забони сода ва равон шеър гуфт. Аз вай маҷмуаи қитъа, ғазал ва миқдоре тасниф бар ҷой мондааст. 

Бо шикаст хӯрдани «Шӯриши Лоҳутихон» Абулқосим Лоҳутӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар зимис­тони соли 1922 паноҳанда шуд. Як солро дар Боку ва Нахҷувон сипарӣ кард ва дар соли 1923 ба Мас­кав рафт. Ҳамсари вай Сисилиё, ки худаш ӯро Силсилабону мехонд, мутаваллиди шаҳри Киеви Украина буд ва чор фарзанд бо номҳои Лайло, Гев, Далер ва Атия доштанд.

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1925 ба Тоҷикистон омад ва яке аз поягузорони адабиёти навин дар Тоҷикис­тони шуравӣ гардид. Солҳои зиёде дар Тоҷикистон зист ва соли 1946 девони ашъорашро чоп кард. Баъд аз муддате боз муқими Маскав шуд.

Муддате вазири фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистони шуравӣ буд ва дар Тоҷикистон театр ва операро поя­гузорӣ кард. Ҳамчунин, муовини Максим Горкий дар Иттифоқи нависандагони шуравӣ буд ва бо ордени «Ленин» низ сарфароз шудааст.

Мавсуф дар мубориза бар зидди душманони ҳаёти нав низ фаъо­лона ширкат варзидааст. Мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби шурои ташкилии кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва муовини комиссари халқии мао­риф буду дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ ширкат дошт. Қобили зикр аст, ки ӯ шахсан бо ароба аз Тирмиз ба Душанбе мошини чоп овардааст.

Соли 1931 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард ва чанде раиси фахрии он буд. Дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шуравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза карда буд. Чанд сол котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР- ро низ бар уҳда дошт. 

Лоҳутӣ дар бораи чӣ гуна ба Тоҷикистон омаданаш чунин нигоштааст: «Чун шунидам кишваре бо номи Тоҷикистони шуравӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрон мехонанд ва пос медоранд ва ман аз партия хоҳиш кардам, ки маро ба он ҷо фиристанд».

Мавсуф, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрон, мебошад. Соли 1987 мутобиқи қарори махсуси ЮНЕСКО 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи роҳи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саодати башар таҷлил гардид.

Лоҳутӣ Тоҷикистонро ватани дувуми худ медонист ва барои Тоҷикистон ва, хусусан, халқи тоҷик хизматҳои зиёд ба сомон расондааст. Барои қадрдонии ин хизматҳои Лоҳутӣ ва бахшида ба 100-солагии шоири бузург 4 декабри соли 1987 дар шаҳри Душанбе осорхонаи Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид, ки дар ин хона Лоҳутӣ аз соли 1941 то 1943 зиндагӣ ва эҷод карда буд. 

Осорхонаи Лоҳутӣ аз панҷ толор иборат аст. Толори аввал маводу суратҳо аз овони нав­расию ҷавонӣ, муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ва экспонатҳои ба ин давра мансубро дар бар мегирад. Аксҳо аз шӯришҳои Сатторхон дар Эрон, муҳорибаи Табрез ва мағлубияту ғолибияти онҳо, қадамҳои аввалини шоири инқилобӣ дарак медиҳанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки он вақт Лоҳутии ҷавон ҳам бо яроқу ҳам бо қалам меҷангид.

 Дар осорхона яке аз шумораҳои маҷаллаи «Форс», ки шоир таъсис дода буд ва солҳои 1918 – 1919 ба нашр мерасид, ба намоиш гузошта шудааст.

Толори дувум ҳуҷраи корӣ ҳисоб ёфта, мизу курсии корӣ ва ҷевони китобҳои устод ва баъзе нигораҳои рассомони номии тоҷикро дар бар гирифтааст. 

Толори сеюм суратҳо, экспонатҳо, китобҳо, ашёҳои шахсӣ ва баъзе нигораҳо ва экспозитсияи рассомони тоҷик мебошад. Ҳаёти Лоҳутӣ баъд аз ба мамлакати шуроҳо ва сониян ба Тоҷикистон омаданаш низ дар ҳамин толор муаррифӣ мегардад.

Солҳои баъдиҷангӣ ва солҳои 50-уми асри XX, фаъолияти тарҷумонии Лоҳутӣ, вохӯриҳо бо ҳунармандон, адибон, бо баҳрнавардони киштии «Марат» ва туҳфаву асбобҳои шахсии устод, дар як лавҳа аксҳои оилавии шоир, дар лавҳаи дигар матни гимни замони шуравии Тоҷикистон, ки ба қалами Лоҳутӣ мансуб аст, ба намоиш гузошта шудаанд.

Тавре зикр шуд, мавсуф солҳои дароз котиби Иттифоқи нависандагони СССР буд ва мизу курсиҳо аз ин фаъолияти ӯ бар ҷо мондаанд. Дар толори хотира ҳуҷҷатҳои шахсӣ, ордену нишонҳо, портретҳои шоирон ва китобҳои бо дастнавис эҳдошуда нигоҳ дошта мешаванд. Дар як ҷевон баъзе сурату китобҳо низ нигоҳдорӣ мешаванд. 

Осорхонаи адабӣ-ёдгории Абулқосим Лоҳутӣ зертобеи Инс­титути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ мебошад. Ҳоло дар осорхона 31 экспонат, 44 туҳфа ва 6 китоби нодир нигоҳдорӣ мешавад.

Ин осорхона ёдгоре аз шоири инқилобӣ - Абулқосим Лоҳутист.

Фархунда ДАВРОНОВА, 

мудири шуъбаи Осорхонаи адабӣ-ёдгории А. Лоҳутӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: