Кӯчаи Шаумяни шаҳри Душанбе ба номи ходими давлатӣ, олими шинохта, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Шарифов гузошта шуд.
Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат 19 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, омӯзгорону мактаббачагон, аҳли зиё, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хешу пайвандони марҳум иштирок намуданд.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон гуфт:
- Марҳум Суҳроб Шарифов умри хеле кӯтоҳ, вале бобаракат дид. Соҳиби тафаккури қавӣ, андешаҳои ҷолиб ва хулқу атвори хоса буд. Ду сол муқаддам – 19 январ аз олам даргузашт. Номи ӯ, кори ӯ ҷовидонист.
Ёдовар мешавем, ки Суҳроб Шарифов дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ – мудири шуъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Маркази тадқиқоти стратегӣ фаъолият карда, солҳои охири ҳаёт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
А. Мирзозода, «Садои мардум»