Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Жээнбек Кулубаев

№17 (4757) 05.02.2024

53508944587_d4e729918a_oПанҷуми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, аз ҷумла, аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ҳар ду кишварро, ки ба арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ҳар ду кишвар доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хати сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонда, ба ҳолати имрӯза, дар маҷмӯъ, қариб 90 дарсади гузариши он анҷом ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, ­тавсеаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ, парлумонӣ ва дигар самтҳои ҳамкории байни ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот ба мавзуъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

www.prezident.tj