Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Баррасӣ ва қабули қонуни мукаммал дар бораи адабиёти таълимӣ

№42 (3188) 26.04.2014

DSC_0242

Бисту чоруми апрели соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ».

6. Дар хусуси Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»    

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон.

РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Кабирӣ Муҳиддин дода мешавад.

КАБИРӢМуҳиддин КАБИРӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба хотири бартараф кардани мухолифатҳои меъёрҳои қонуни амалкунанда бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигар ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин амалӣ намудани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ ва миллӣ, аз ҷумла САҲА, омода ва пешниҳод шуд. Муаллифон лоиҳаро дар 2 модда ва 11 қисм таҳия карда, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба 11 моддаи қонуни амалкунанда пешбинӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кумитаи масъул ҳамаи хулосаҳо баррасӣ гаштанд ва танҳо ду пешниҳоди мо аз тарафи ширкаткунандагони ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт, ки онҳо дар лоиҳаи пешниҳодшуда дарҷ шудаанд. Намояндаи кумитаи масъул дар бораи сабабҳои рад кардани пешниҳодҳо шояд тавзеҳ бидиҳанд. Мехостам диққати шумо, вакилони муҳтарамро, ба чанд пешниҳоди асосии лоиҳаи қонун ҷалб намоям. Аз ҷумла, пешниҳод шуда буд, ки ба моддаи 4-уми қонун, ки ҳаққи шаҳрвандони дар хориҷбударо барои номзад шудан ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мекунад, тағйирот ворид карда шавад. Қонуни амалкунанда пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандон, агар панҷ соли охир дар қаламрави кишвар истиқомат надошта бошанд, ҳаққи пешниҳод шудан ба номзадиро дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд. Ин маҳдудият мухолифи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 27, қисми 3 омадааст: «Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».  Моддаи 14-уми Конститутсия ҳолатҳои пешбинишавандаи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро муайян кардааст, ки «…танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Маълум аст, ки дар хориҷи кишвар истиқомат кардани шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё хидматӣ наметавонад ҳамчун хатар ба ҳуқуқу  озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварамон эътироф шавад. Баръакс, маҳз кору фаъолияти бештар аз якуним миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар  хориҷ кафили субот ва рушди иқтисодиву сиёсии кишварамон гаштааст. Ба ҳама маълум аст, ки маблағҳои воридшуда аз тарафи шаҳрвандони кишварамон дар хориҷ нисфи ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ин худ як далели дигари мантиқӣ барои додани ҳаққи иштирок ҳамчун номзад ба онҳост. Модоме ки дар хориҷи кишвар истиқомат карда, наметавонад хатаре ба ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия дошта бошад, ҷорӣ намудани чунин маҳдудият мухолифати ошкор ба меъёрҳои Конститутсия мебошад ва пешниҳоди мазкур метавонад ин мухолифатро аз байн бардорад.

Пешниҳоди дигари муаллифон ба моддаи 81 рабт дорад, ки дар он ҳуқуқи нозирони миллӣ пешбинӣ шудааст. Меъёрҳои қонуни амалкунанда аз тарафи нозирони миллӣ гирифтани протоколҳои тасдиқшуда оид ба натиҷаи овоздиҳиро пешбинӣ намекунад. Ҳол он ки дигар меъёрҳои қонуни амалкунанда ба нозирон ҳаққи бурдани шикоят ба суд ва дигар мақомотро додааст. Мо пешниҳод намудем, ки ба ин модда тағйирот ворид карда шавад, то нозирони миллӣ ҳаққи талаб ва гирифтани нусхаи тасдиқшудаи протоколҳои натиҷаи овоздиҳиро пайдо намоянд. Ин зарурат ба хотири он пеш омад, ки дар интихоботҳои гузашта нозирон ҳангоми шикоят аз тақаллубкориҳо дар натиҷаи овозҳо, дар даст нусхаи тасдиқшудаи протоколҳоро надоштанд, ки боиси рад шудани шикоят ё даъвои онҳо аз тарафи мақомоти судӣ ва прокуратура гаштааст. Барои он ки нозирони миллӣ тавонанд аз ҳаққи худ барои бурдани шикоят ба суд ва дигар мақомот истифода баранд, лозим аст, ки ин тағйирот ба қонун ворид карда шавад.

Пешниҳоди дигар, ки аз нигоҳи мо хеле муҳим мебошад, ба моддаи 16-уми қонун рабт дошта, масъалаи ташкили комиссияҳои интихоботии участкавиро танзим мекунад. Гап сари он аст, ки қонунгузории Тоҷикистон ворид намудани намояндагони ҳизбҳои сиёсиро ба ҳайати комиссияҳои интихоботии кишвар пешбинӣ намудааст, аз ҷумла, ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ.

Мутаассифона, қонуни амалкунанда ворид намудани намояндагони ҳизбҳои сиёсиро ба ҳайати комиссияҳои участкавӣ мушаххасан нишон надодааст, ки боиси нофаҳмиҳо ва қарорҳои зидду нақиз аз тарафи комиссияҳои болоӣ гаштаанд. Барои мисол, дар интихоботҳои гузашта дар чандин ҳавзаҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пас аз ворид намудани онҳо ба ҳайати комиссияҳои участкавӣ чанд рӯз пеш аз интихобот аз ҳайат бароварда шуданд.

Далел он буд, ки гӯё дар қонуни амалкунанда ин масъала равшан нишон дода нашудааст, ҳол он ки қонун манъ ҳам накардааст.

Баръакс, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», моддаи 17 пешбинӣ кардааст, ки: «Дар комиссияҳои интихоботӣ метавонанд намояндагӣ кунанд». Яъне, тибқи ин қонун, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар комиссияҳои интихоботии ҳама сатҳҳо намояндаи худро дошта бошанд. Барои бартараф кардани мухолифати байни қонунҳо ва мушаххас кардани меъёрҳо пешниҳод шудааст, ки ба матни моддаи 16-уми қонуни амалкунанда калимаҳои «бо назардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ» илова карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки айни ҳамин ибора дар тартиби ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ оварда шудааст ва мувофиқати байни моддаҳои гуногуни як қонунро таъмин менамояд.

Аз тарафи дигар, ворид намудани ин тағйирот дар қонун на танҳо мухолифатҳои дохилии қонунро аз байн мебарад, балки боиси боз ҳам шаффоф гузаштани интихобот хоҳад гашт. Муҳимтарин ниҳод барои шуморидани овози интихобкунандагон маҳз комиссияҳои участкавӣ мебошанд. Ворид накардани намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳайати комиссияҳои участкавӣ маънии онро дорад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун субъекти асосии раванди интихобот аз фаъолияти он канор мемонанд.

Пешниҳоди дигар ба моддаи 321 дахл дорад, ки масъалаи маблағ ва тартиби гардонидани  гаравпулии номзадҳоро ҳаллу фасл менамояд. Ҳоло пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда ҳаҷми гаравпулӣ аз 200 ба 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо поён оварда шуд, ки ин як қадам ба пеш аст. Вале ин маблағ ҳам барои бисёре аз шаҳрвандон дастнорас мебошад. Таҷрибаи  ҷаҳонӣ низ одатан чунин гаравпулии баландро надорад. Бинобар ин, мо пешниҳод менамоем, ки маблағи гаравпулӣ баробар ба 20  нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шавад. Ин маблағ ба шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон мувофиқтар мебошад. Аз тарафи дигар, қонуни амалкунанда танҳо баргардонидани маблағи гарав ба номзади пирӯзро пешбинӣ менамояд, ки ин як навъ ҷазои молӣ додани номзадҳои нокомро мемонад. Ҳатто, дар сурати 49 фоиз гирифтани овозҳо низ номзад аз гаравпулӣ маҳрум мешавад. Бинобар ин, тағйироту иловаҳо ба моддаи мазкур пешбинӣ  менамояд, ки маблағи гарав кам  гашта, дар сурати гирифтани 10 фоизи овозҳо он ба номзад баргардонида мешавад.

Инчунин пешниҳод мешавад, ки дар қисми нуҳуми моддаи 46 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ бо қалами худкори ранга пур карда мешавад».

Яке аз ҳадафҳои дигари ин лоиҳаи қонун таъмини шаффофияти бештар ва таҳкими нақши ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони миллӣ ва шаҳрвандон дар раванди интихобот мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки ҳизбҳои қавӣ ва эътимоддошта ба обруйи худ байни интихобкунандагон ҳамеша тарафдори баргузории интихоботҳои шаффоф ва демократӣ мебошанд. Аз ҳама тағйироту иловаҳое, ки боиси беҳтар шудани  сифати интихобот ва шаффофтар гузаштани онҳо мегарданд, пуштибонӣ хоҳанд намуд.

Аз хулосаи пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки на ҳама пешниҳодҳои мо тарафдорӣ ёфтаанд. Бахусус, пешниҳодҳои асосии мо дар бораи бардоштани маҳдудиятҳо нисбати муҳоҷирин, ворид намудани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар участкаҳои интихоботӣ ва додани нусхаи тасдиқшудаи протоколҳо ба нозирони миллӣ. Дар рафти баррасии лоиҳа дар ҷаласаи кумитаи масъул ва шиносоӣ бо ин хулосаҳо мо талош кардем, ки зарурати қабули онҳоро ба ҳамкорон бифаҳмонем. Мутаассифона, нисбати аксари пешниҳодҳои мо тавофуқ ҳосил нашуд.

Мо бар ин назарем, ки қабули ду пешниҳод, ки онҳо дар лоиҳаи омодашуда аз тарафи кумитаи масъул нишон дода шудаанд, як қадаме ба пеш мебошад, вале барои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ кофӣ нестанд ва мухолифати қонуни амалкунанда бо Конститутсия ва дигар қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро бартараф карда наметавонад. Ба ҳама маълум аст, ки дар баррасии парлумон лоиҳаи дигаре марбут бо ҳамин қонун вуҷуд дорад ва қисме аз пешниҳодҳои радшудаи мо аз тарафи кумитаи масъул дар он лоиҳа низ ҷо доранд ва умедворем, ки ҳангоми баррасӣ ин масъалаҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш мекунем, ки  ин лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Рабиева Галия Рабиевна дода мешавад.

Галия РАБИЕВАГалия РАБИЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат! Вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М.Кабирӣ ва У.Ҳисайнов пешниҳод шудааст, мутобиқи тартиби муқарраргардида ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулосадиҳӣ супорида шуда буд.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 моддаи қонуни амалкунанда пешбинӣ шуда буд, ки мазмуни онҳо дар баромади муҳтарам М.Кабирӣ муфассал шарҳ дода шуд.

Дар хулосаҳои пешниҳодшуда 62 эроду таклифҳо баён карда шуда, дар маҷмӯъ аз 11 тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда 9-тоаш ҷонибдорӣ наёфтанд.

Аз ҷумла пешниҳод дар хусуси хориҷ намудани талабот нисбати номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҷиҳати дар қаламрави кишвар на камтар аз 5 соли охир истиқомат доштан дастгирӣ наёфт. Ин талабот яке аз шартҳои муҳими фаъолияти намояндаи мардумӣ мебошад. Шаҳрванде, ки панҷ соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат намудааст, бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятию сиёсии он, шароити зиндагии аҳолӣ шинос мебошад ва ҳангоми таҳияи барномаи пешазинтихоботии худ метавонад роҳҳои рушди минбаъдаи ҳудуди дахлдор, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардумро пешниҳод намояд.

Таклифи дигар доир ба илова ба сархати дуюми қисми дуюми моддаи 81 вобаста ба ҳузур доштани нозирони миллӣ дар участкаҳои интихобот, аз ҷумла участкаҳое, ки дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ ва назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ташкил шудаанд, бинобар мушаххас будани муқаррароти моддаи зикргардида, дастгирӣ наёфт. Мутобиқи меъёри амалкунанда, нозирони миллӣ ҳуқуқ доранд «дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд» ва ба ин ҷумла ворид намудани ибораи  туфайлии хусусияти ҷузъидошта зарур нест.

Иловаҳо ба қисми дуюми моддаи 81 ва моддаи 20 дар бораи аз ҷониби нозирони миллӣ гирифтани протоколҳои комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавии интихобот, бинобар хароҷоти зиёди молиявиро талаб намудан, дастгирӣ наёфт. Шумораи нозирони миллӣ дар таҷриба аз бист ҳазор зиёд буда, додани нусхаи протоколҳо ба онҳо ва тавре дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ба ҳар як муроҷиаткунанда ғайриимкон мебошад. Тибқи талаботи қонуни амалкунанда нусхаи протокол дар муддати се шабонарӯз дар ҷои намоёни бинои участкаҳо ва ҳавзаҳои интихобот овезон карда мешавад. Ба ғайр аз ин, нозирони миллӣ ҳуқуқ доранд бо протоколи комиссияҳои интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ шинос шаванд. Илова ба ин, қонун дар ҳолати зарурӣ додани  нусхаи қарори дахлдорро ба тарафҳо пешбинӣ менамояд, ки ҳамаи ин муқаррарот ба ҳалли масъалаи мазкур равона шудааст.

Иловаи пешниҳодшуда ба қисми дуюми моддаи 11, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд намояндаи худро ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муаррифӣ намоянд, дастгирӣ наёфт. Аввалан, ҳуқуқҳои ҳизбҳо дар қонуни марбута муайян карда шудаанд. Дигар ин ки мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи номбурда аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президент таъсис дода мешавад ва Сарвари давлат аз салоҳияти конститутсионии худ озодона истифода менамояд. Бояд қайд намуд, ки дар амалия намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ба Комиссияи номбурда шомил мебошанд.

Тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 16 дар хусуси  аз 45 рӯз ба 60 рӯз пеш аз интихобот зиёд кардани муҳлати ташкили комиссияҳои участкавии интихобот дастгирӣ наёфт, зеро қабули он моддаи мазкурро бо муқаррароти қисми 2 моддаи  13 Қонуни конститутсионии амалкунанда мухолиф мегардонад. Комиссияҳои участкавии интихобот аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил карда мешаванд, ки он дар навбати худ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсӣ ду моҳ пеш аз интихобот ташкил меёбанд. Аз ин рӯ, комиссияи ҳавзавии интихобот дар рӯзи ташкилшавии худ комиссияҳои участкавиро ташкил карда наметавонад. Инчунин зиёд намудани ин муҳлат хароҷоти иловагии молиявиро талаб мекунад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, муҳлати пешбинигардидаи қонун кифоя аст.

Пешниҳоди дигар оид ба таъсис додани комиссияҳои участкавӣ «бо назардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ» қобили қабул ҳисобида нашуд, зеро чунин талабот ҳизбҳои сиёсиро, ки айни замон имкониятҳои фарқкунанда доранд, дар ҳолати нобаробар мегузорад. Ғайр аз ин, дар ин пешниҳод номзадҳое, ки ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд ва беҳизбӣ мебошанд, аз назар дур монданд. Ниҳоят, механизми татбиқи чунин меъёр дар лоиҳаи қонун пешбинӣ нашудааст.

Тағйироти пешниҳодшуда ба моддаҳои 16, 31 ва 35 нисбати баробар намудани муҳлатҳои пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ ва аз рӯйи рӯйхати ҳизбҳо низ дастгирӣ наёфтанд, зеро муҳлатҳои зикргардида бо муҳлатҳои ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот вобастагӣ дошта, дар сурати қабул шуданашон дар қонун мухолифати меъёрҳо ба амал меояд.

Бояд гуфт, ки фарқияти пешбинишудаи муҳлатҳо ба ҳизбҳо имконият медиҳад вақту неруи худро дар давраи маъракаи интихоботӣ оқилона истифода баранд. Муҳлати пешбарии номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 60 рӯз муайян шудааст, ки ин ба зарурати таҳия ва ташвиқоти барномаи умумии ҳизбҳои сиёсӣ, ки фарогири тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар мебошад, инчунин шинос намудани интихобкунандагон бо ҳамаи номзадҳои худ вобастагӣ дорад. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ бошад, номзадҳо барномаашонро, бо назардошти ҳалли масъалаҳои ҳавзаи алоҳида барои ҳудуди муайян омода менамоянд ва барои анҷоми он 45 рӯз кофӣ мебошад. Мувофиқан барои онҳо муҳлати анҷоми бақайдгирӣ 20 рӯз пеш аз  интихобот муайян карда шудааст.

Пешниҳодҳо оид ба кам намудани андозаи гарави интихоботӣ ва зиёд намудани вақти эфир барои ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ дастгирӣ наёфтанд, зеро ба наздикӣ тағйиру иловаҳои дахлдор аз тарафи вакилони Маҷлиси  намояндагон ҷонибдорӣ ва қабул шуданд.

Инчунин пешниҳод дар бораи зиёд намудани шумораи шахсони боэътимод барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз 5 нафар ба 10 нафар дастгирӣ наёфт. Андешаи кумитаҳо чунин аст, ки ин мафҳуми «шахси боэътимод»-ро беқурб мегардонад. Қобили қайд аст, ки дар қисми дуюми моддаи 39 қонуни амалкунанда ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон барои ташвиқот бурдан «ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад» пешбинӣ шудааст, яъне ба ғайр аз шахсони боэътимод гурӯҳҳои ташвиқотчиён низ фаъолият мебаранд.

Бо ҳамин сабабҳо чор кумитаи Маҷлиси намояндагон –оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва комуникатсия қабули қонунро зарур нашумориданд.

Инчунин дар хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки дар ҳолати қабул ва татбиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда хароҷоти иловагии молиявӣ талаб карда мешавад, вале асосноккунии молиявию иқтисодии он тибқи талаботи пешбинишудаи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод карда нашудааст.

Дар баробари ин, ду пешниҳод яке дар бораи  баргардонидани гарави интихоботӣ ба номзад дар сурати соҳиб шудани ӯ ба 10 фоизи овози интихобкунандагон ва дигаре нисбати бо қалами худкори рангӣ пур кардани протоколҳо дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ аз тарафи се кумита дастгирӣ карда шуда, аз тарафи ду кумита ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод нагирифтанд.

Бинобар ин, кумитаи масъул ин ду пешниҳодро дастгирӣ намуда, лоиҳаи қонунро такмил дод:

- дар номи Қонун калимаи «иловаҳо» ба калимаи «илова» иваз карда шуд;

- дар матни моддаи 1 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 , №1065» илова карда шуданд;

- дар қисми 1 ибораи «10 фоизи овози интихобкунандагон» мазмунан саҳеҳ карда шуд, яъне ба калимаҳои «на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботи дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда» иваз карда шуд, инчунин ҷумлаи дуюм ба моддаи 36 мутобиқ гардонида шуд;

- матни  илова ба қисми нуҳуми моддаи 46 низ дар таҳрири нав ифода карда шуд, яъне ба ҷойи ҷумлаи алоҳида калимаҳои «бо қалами худкори рангӣ» баъд аз калимаи «нусха» илова карда шуданд.

Дар натиҷа, аз 62 эроду таклифи воридкардашуда 52-тоаш қабул, 4- тоаш қисман қабул гардида, 6-тоаш бо сабаби тағйир додани лоиҳаи қонун қабул нашуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии такмилшуда дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 14 апрели соли 2014  ҳаматарафа муҳокима карда шуда, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро, бо назардошти тағйироти воридшуда, ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод менамояд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба масъалаи мазкур кӣ чӣ гуфтанӣ дорад?

СафаровЗайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, хулосаи худро ба кумитаи масъул пешниҳод намудааст.

Ин масъала ба аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ пешниҳод шуда буд. Дар қисмҳое, ки боқӣ монданд, аз тарафи  кумитаи мо дастгирӣ ёфта буданд. Аз тарафи аъзои ҳизби мо низ хуб пазируфта шудаанд.

Воқеан баргардонидани гарави интихоботӣ дар сурати гирифтани на кам аз 10 фоиз аз шумораи интихобкунандагони ҳавза, ки дар интихобот иштирок доштанд, аз рӯйи адолат ва қобили дастгирист.

Ба фикрам, чунин тартиб барои ҷалби номзадҳои арзанда мусоидат мекунад.

Пешниҳод оид ба таъсис додани комиссияҳои участкавӣ «бо назардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ» қобили қабул ҳисобида нашуд, зеро ҳизбҳоро дар ҳолати нобаробар мегузорад. Дар лоиҳаи аввал ин масъала то охир таҳия нашудааст.

Чӣ бояд кард, агар ҳизб намояндаи худро дар ин участкаи интихоботӣ надорад? Бо кадом тарз ин масъала санҷида мешавад? Ин масъала хеле  ҳам нозук аст. Инчунин на ҳама ҳизбҳо шумораи зарурии аъзо доранд. Ба фикрам, ин масъала ҳаматарафа омӯхта шуда, механизми иҷрои он пешниҳод карда шавад ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» низ мувофиқ карда шавад. Шояд  дар оянда комиссияҳои  участкавӣ аз ҳисоби беҳизбиён ташкил карда мешаванд. Дар назар дорам, ки дар ин комиссия шахсони оқилу доно, ватандӯст, бофарҳангу ҳақиқатҷӯ, ки адолатро пешаи худ кардаанд, шомил карда шаванд.

Бояд қайд намуд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоботро бо тарзи гуногун ташкил мекунанд. Аз шабакаҳои интернетӣ хабар дорем , ки ҳатто дар бисёр мамлакатҳо Комиссияи марказии интихобот ҳамчун мақоми махсус ташкил карда намешавад. Вазифаи онро Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷо меоварад (дар Британияи Кабир, Италия, Франсия ва ғайра). Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ чунин Комиссия умуман вуҷуд надорад ва онро ягон мақомоти дигар иваз мекунад.

Мақомоти интихоботӣ метавонад аз тарафи судҳо (дар Коста Рика), Ҳукумат (дар Австрия), комиссияҳои болоии интихоботӣ (агар мақомоти дигар барпо накарда бошанд) барпо карда мешавад.

Хулоса, дар ҳар як давлат вобаста ба хусусиятҳои миллӣ ва таърихӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва шуури ҷамъиятӣ расмиёти ба худ хос оид ба ташкили интихобот ба вуҷуд омадааст.

Зарур нест, ки дар Тоҷикистон системаи санҷидашударо, ки мардум онро хуб мефаҳманд, дарк менамоянд ва мепазиранд, шикаста, меъёри нопурраи то охир таҳлилнашударо, ки дар ҷойҳо иҷрояш шубҳаомез мебошад, қабул намоем.

Инчунин ба инобат бояд гирифт, ки тибқи Қонуни конститутсионии амалкунанда дар ҳамаи марҳилаҳои интихобот, аз ҷумла ҳангоми муайян кардани натиҷаи  овоздиҳӣ ҳузури намояндагони ҳизбҳо, номзадҳо, воситаҳои ахбори омма, мушоҳидачиён аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ пешбинӣ шудааст.

ФелалиевАкрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат! Вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Бо наздикшавии маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишвар, яъне интихоби намояндагони мардумӣ ба Парлумони мамлакат, фаъолшавии ҳизбҳои сиёсӣ баръало ба мушоҳида мерасад ва ин бори дигар аз давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бо қаноатмандӣ қайд кардан бамаврид аст, ки роҳбарияти Давлат, Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, новобаста аз теъдоди аъзои онҳо, барои фаъолияти пурсамарашон шароити якхела муҳайё намуда, гузаронидани тамоми маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботро, низ тибқи қонунгузории давлати демократӣ ва аз рӯйи принсипи рақобати  солим ба роҳ мондаанд.

Муҳокимаи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур низ ҳамаи зинаҳоеро, ки тибқи боби 11 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, шаффоф ва бе ягон маҳдудият гузашт. Қобили қабул дониста шудан ва ё нашудани ин ё он қисми лоиҳаи ҳар кадом қонуне, ки аз тарафи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод шудааст, пеш аз ҳама, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштан ё надоштани он баҳо дода мешавад, на аз рӯи меъёри дигар. Сабаби аз 11 қисми пешниҳодгардида қабул гардидани танҳо 2 қисми лоиҳаи қонуни мазкур дар хулосаи ниҳоии кумитаи масъул пурра омадааст. Ман мехостам илова намоям, ки аз сабаби маблағталаб будани баъзе қисмҳои лоиҳаи қонун онҳо аз тарафи субъектҳо асоснок нашудаанд, ки ин хилофи   талаботи банди 336 боби 11 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Ғайр аз ин, меъёрҳои лоиҳаи қонун бояд дар амалия ягон мушкилотеро ба амал наоранд. Қисми 4 лоиҳаи пешниҳодгардида бошад, оид ба таъсис додани комиссияҳои участкавӣ «бо назардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ»  баъди амалӣ шуданаш мушкилот ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла комиссияҳои участкавӣ бояд дар фаъолияти худ бетараф ва холис бошанд, ҳамзамон ин талабот номзадҳоро дар ҳолати нобаробар мегузорад, зеро ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ имкониятҳои гуногун доранд.

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ: — Пешниҳодҳое, ки  Муҳиддин Кабирӣ иброз доштанд, мо низ дар чунин ақида ҳастем. Қариб тӯли якуним сол ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагии СММ ва САҲА лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳоро таҳия намуд. Қисме аз онҳоро Ҳизби коммунисти Тоҷикистон омодаву пешниҳод намудааст, ки мутаассифона, ҷонибдорӣ наёфтанд.

Дар мавриди ворид кардани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар участкаҳои интихоботӣ якчанд андеша дорам. Ҳизбе, ки навад сол умр дорад, дар тамоми минтақаҳо намояндагии худро дорад.

Чаро мо мунтазир шавем, ки ҳизбҳои нав таъсис ёфта, дар минтақаҳо намояндагӣ ташкил диҳанду сипас дар ҳузури ҳама намояндагии худро созмон диҳем? Ин номумкин аст. Дар ягон давлат чунин нест. Ҳизб дар ҷое, ки намоянда дорад, пешниҳод мекунад. Бурд ва бохтро худи ҳизб бояд эътироф намояд. Ҳамон вақт эътироф намояд, ки бо намояндааш дар интихобот овоз нагирифтанд.

Дигар, оид ба масъалаи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар хориҷи кишваранд, ибрози назар кардан мехоҳам. Теъдоди онҳо зиёд аст. Дар интихобот иштирок мекунанд, аммо номзадии худро пешбарӣ карда  наметавонанд. Ба андешаи ман, онҳо метавонанд ба маҳалли зист омада, аз ҳамон ҷо номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ ё аз ҷониби ягон ҳизб пешбарӣ намоянд. Масалан, аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон миёни муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд мебошанд. Доир ба ин масъала бояд андеша кард.

Оид ба масъалаи гаравпулӣ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки он аслан зарурат надорад.

ШАРИПОВСӯҳроб ШАРИПОВ:- Дар хусуси он ки агар дар  участкаҳои интихоботӣ  намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, гӯё адолат барҳам  мехӯраду ҳуқуқи дигар ҳизбҳои сиёсӣ поймол мешуда бошад, назари худро  гуфтанӣ ҳастам. Ин меъёр дар таъсиси комиссияи марказии интихоботӣ ва ҳавзавӣ бояд ба назар гирифта шавад. Ин ҷо адолат ҳаст. Аммо он дар ҳолате риоя мегардад, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ назорат бурда шавад.

Қонунҳои қабулнамуда ва такмили онҳо ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона шудаанд.

Убайдулло ДАВЛАТОВ: -Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар кумитаи  масъул мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳо ҳамаҷониба таҳлил шуданд.

Дар асоси пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хулосаву таклифҳо аз 11 пешниҳод 2-тои он қобили қабул дониста шуд.

Аз ин рӯ, таклиф дорам, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дода мешавад.

МЕНГЛИЕВРустам МЕНГЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур ин муайян намудани боҷи давлатӣ барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ мебошад, зеро дар қисми 7 моддаи 4- уми қонуни мазкур муқаррарот вобаста ба ситонидани боҷи давлатӣ оид ба қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ мавҷуд нест. Ҳамзамон дар қонуни мазкур тағйиру илова барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ пешниҳод мегардад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич дода мешавад.

лутфЛутфулло САИДМУРОДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», ки бо  истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷабборова, А.Катаев ва Л.Саидмуродов таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, экспертиза, нашр, таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ ва афзун намудани талабот нисбат ба сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимие, ки дар доираи пешбинишудаи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои инвеститсионӣ чоп мешаванд ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд, иборат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бо рушди муносибатҳои бозорӣ ва ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои куллӣ дар раванди усулҳои дарк кардани олам ва ҳаёти ҷомеа ва инчунин бо тарзи васеъ истифода намудани низомҳои нави таҳсилот, ба монанди низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, талаботи миқдорӣ ва сифатии раванди таҳсилот ба адабиёти таълимӣ дучанд меафзояд, ки таҷдиди назар намудани муносибатҳоро дар ин самт тақозо менамояд, зеро агар аз ҳама омилҳои ба таълиму тарбия таъсиррасон оила, падару модару омӯзгорон дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд, пас бо боварии комил метавон гуфт, ки мавқеи дуввумро адабиёти таълимӣ соҳиб аст.

Санҷишҳои гузаронидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян намуд, ки дар соли таҳсили 2012-2013 азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 69 фоизро ташкил медиҳад. Бинобар ин, чопу нашр намудани китобҳои дарсии баландсифату пурмуҳтаво барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ вазифаи ниҳоят муҳим барои масъулини соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад.

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсус дар ин самт амалӣ шуда истодааст ва ҳар сол дар Буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд пешбинӣ мешаванд.

Масалан, то соли 2000 бо сабабҳои маълум  маблағҳои Буҷети давлатӣ барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ хеле кам буд. Дар соли 1999 ҳамагӣ 9 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 780 ҳазор нусха чоп шудааст. Бо назардошти чунин вазъият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои чопи китобҳои дарсӣ 16,5 млн. сомонӣ маблағҳои инвеститсиониро равона кард. Дар давраи солҳои 2001- 2010 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 номгӯйи китоби дарсиро бо теъдоди 18,3 млн. нусха ба маблағи умумии зиёда аз 72 млн. сомонӣ ба нашр расонид. Дар тӯли  соли 2013-ум  бошад, 39 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори зиёда аз 1,8 миллион нусха ба маблағи 14,9 миллион сомонӣ нашр шуд.

(Идома дар шумораи оянда)

 Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ