https://sadoimardum.tj

Боздиди 41 614 сайёҳ аз Бадахшон

28 окт 2025, 13:54
0

Давоми моҳҳои январ - октябри соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 21 660 нафар сайёҳони дохилӣ ва 19 954 ҷаҳонгарди  хориҷӣ ворид шудаст.

Тавре аз Бахши итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, дар умум, 41 614 нафар сайёҳ дар нуҳ моҳ ба вилоят ворид гардидаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. 

Даромад аз ҳисоби хизматрасонӣ ба сайёҳон бошад, 20,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола воридшавии сайёҳон ба вилоят то охирҳои моҳи ноябр идома ёфта, баъзан то моҳи аввали фасли сармо давом мекунад.

М. ИМОМНАЗАР, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: