Пешвои ренессанси Тоҷикистон
Мо насле ҳастем, ки солҳои охири салтанати давлати шуравӣ ба дунё омада, дар замони Истиқлоли давлатӣ бузург шудем. Кӯдакиамон ба замони пурмоҷарои сиёсии давлатдории навин - ба айёме рост омад, ки дар он ранҷи бенавоӣ кашидем. Баъдтар шоҳиди таҳаввули бузурги Тоҷикистони азиз гаштем. Ватан пеши назарамон ба авҷи созандагиҳои беқиёс расид. Бале, мо дар аҳди Сарваре ба воя расидем, ки Тоҷикистони бенавою хунолударо ба як кишвари амну мутараққӣ табдил доданд ва маҳбуби халқ гаштанд. Имрӯз, ки чашми сару чашми диламон во шудаю хубу бади дунёро каму беш маърифат мекардагӣ шудаем, дарк менамоем, ки Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳастии ин кишвару пойдории ин миллат чӣ талошҳою ҷоннисориҳо намудаанд.
Хушбинӣ
Ба назари ман, як вижагии Президенти кишвари мо ҳамин аст. Дар илми равоншиносӣ хушбинӣ тафаккури оқилона барои нигоҳ доштани устуворӣ, эътиқод ба ояндаи беҳтар ва ҳалли бомуваффақияти вазъиятҳо шинохта шудааст. Ҳамин хушбинии Пешвои миллат дар душвортарин лаҳзаҳои давлатдорӣ ғуссаро ба шодӣ, маргро ба зиндагӣ табдил додаю дар дили садҳо нафар дони умед ба фардои босаодатро кишт. Замоне ки Тоҷикистони тозаистиқлол дар вартаи нестӣ буду миллат пароканда, омаданду гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Яъне, вазъ дар Ватани мо ҳамеша чунин нахоҳад монд. Моро ояндаи дурахшону босаодат ҳанӯз дар пеш аст.
Дар пасманзари ҳамин таъкиди Пешвои миллат як ҷаҳон масъулият, талош барои бунёди давлатдории навин, зиндагии бениёзу осудаи мардум, тағйироти ҷиддӣ ва рушди соҳаҳои фалаҷгаштаи иқтисоду иҷтимоъ, маорифу фарҳанг ниҳон буд. Ҳине бори ин масъулияти ҷиддиро ба зимма гирифтанд, ки дар сиёсати бузург таҷрибаи нисбатан камтар доштанд, вале муҳим ин аст, ки мо ҳоло аз сулҳ - беҳтарин неъмат, волотарин арзиш бархӯрдорем.
Кори хеле душвор ва боварнакарданӣ буд овардани сулҳ ва гузашта аз ин, пойдор нигоҳ доштани он, вале Пешвои миллат оварданд ва бо ғайрат ва баҳои ҷон онро нигоҳ доштанд, чаро ки хуб медонистанду медонанд - бе сулҳу ваҳдат ҳифзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Талошҳояшон ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдату истиқлолият талош барои бақои миллат, бақои Тоҷикистон буду ҳаст.
Мудом барои пойдории сулҳ талош мекунанд. Ҳамеша хотирнишон месозанд: ҳушёру зирак бошем, то фирефтаю бозичаи дасти дигарон нагардем. Аз бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳон cулҳро тарғиб менамоянд, башариятро ба сулҳ даъват мекунанд.
Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи миллату давлати мо хушбинанд. Фоли нек аст. Ин миллату ин давлат оянда ба дастовардҳои бузургтар ноил хоҳад шуд.
Эҳёи ҳофизаи таърихии миллат
То ин дам хотираи таърихии миллат зери таъсири сиёсати давр то андозае «шах» шуда буд ва ин дар ҳолест ки хотираи таърихӣ барои давлатсозӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Ба ин хотир, Роҳбари давлат дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи омӯзиши таърих таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Мехостанд мардум гузаштаи худро амиқ омӯзад, кӣ будани худро фаромӯш накунад, худшиносу худогоҳ бошад, бидонад тоҷикон дар гузашта империяҳои бузург, забону илму фарҳанги хоси худро доштанд ва имрӯз ин ҳама ва охирин сарзамине, ки аз падару бобоҳои хеш мерос гирифтаанд, бояд ҳифз намоянд.
Ин таъкиди Сарвари давлатро аз забони файласуфи чинӣ Конфутсий ёд доред? «Миллате, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаашро сохта наметавонад», - гуфта буд ӯ. Мехостанд мо - насле, ки акнун дар замони давлатдории навин ба воя мерасему ояндаи ин миллату давлатро ба дӯш дорем, бидонем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки дар гузашта чӣ омилҳое муҷиби барҳам хӯрдани империяҳои бузурги тоҷикон гардидаанд. Яъне, аз гузашта сабақ бояд бигирем, то оянда иштибоҳ накунем.
Даҳҳо ёдгориҳои муҳими таърихӣ, ба мисли Ҳулбук, Истаравшан, Ҳисору Хуҷанд, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ, ки қариб ба хок яксон гашта буданд, навсозӣ ва шакли бостонии онҳо барқарор шуданд. Номи алломаҳои миллатро зинда карданд. 1100-солагии давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 2500-солагии шаҳри Истаравшан ва ҷашну солгардҳои фарзонафарзандони миллат дар эҳёи хотираи таърихии миллат нақши кам надоранд.
Тоҷикистон дар ҷаҳон машҳур шуд
Бо ғурур аз бонуфузтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ ҳарф мезананд. Бале, бо забоне, ки то 34 сол қабл панҷаи сиёсати бераҳми давр онро буғӣ намуда, аз минбарҳо дур андохта буд. Роҳбари давлат ин амалро донистаю фаҳмида анҷом доданд. Мехостанд ҷаҳон бидонад, ки миёни кишварҳои баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар харитаи ҷаҳон пайдошуда Тоҷикистон низ вуҷуд дорад ва тоҷикон ворисони забони ширину равон ҳастанд. Фарҳангу таърихи ғании ба худ хос доранд.
Сиёсати дурандешонаю созандаи Роҳбари давлат омили шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Чакан, Наврӯз, Шашмақом ва мероси дигари фарҳангиамон гардид.
Ҳоло Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ - меҳвари ҳаллу фасли масоили глобалии сайёра аст.
Дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Истифодаи ин калимаҳо, ки мо ҳар рӯзу ҳар соат аз забони мардум мешунавем, далели возеҳи он аст, ки Президенти кишвар дар қалби миллат маъво доранд. Ин далели бебаҳс аст, ки муҳаббати мардумро ба даст овардан чандон осон нест. Воқеан, миллате, ки 30 сол пештар дар чорсӯи навмедию номуайянӣ қарор дошт, имрӯз Пешво дорад ва дар пайравӣ бо тарҳҳои бузурги стратегию реформаҳои Пешвои хеш ба бунёдкорӣ камар бастааст. Дар чанд соли охир бо саҳми соҳибкорон садҳо пул, дабистону варзишгоҳҳо ва дигар иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама деҳаҳои кишвар бунёд ёфтанд. Албатта, солҳои аввал соҳибкорон ин корҳоро бо даъват анҷом медоданд, аммо имрӯз мардум бо хоҳиши дилу ҷон дар ободии меҳан саҳм мегиранд.
Вақте аз наврасону ҷавонони диёр пурсида мешавад: чӣ орзу доред, ҳамагӣ қариб посухи яксон доранд: мехоҳанд дар ободии Ватан саҳмгузор ва чун Пешвои миллати хеш парчамбардори Тоҷикистон дар ҷаҳон бошанд.
Ин ҳама иззату шараф ба Меҳан, худшиносию ватанпарварӣ, ободию созандагӣ дар замоне сурат мегирад, ки зимоми давлатдориро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст доранд. Ояндагон ҳатман хоҳанд гуфт: аҳди Эмомалӣ Раҳмон замони бедории миллат, рушди илму фарҳангу тамаддун - аҳди ренессанси Тоҷикистон буд.
Муборакамон бод, ки мо дар аҳди Пешвои ренессанси Тоҷикистон зиндагӣ дорем!
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
