Арҷгузорӣ ба хирад
Ҳар як давлату миллат дар роҳи ҳастиву бақо ва рушду тараққиёти худ ба шахсияти кордон, хирадманд, ватандӯст ва худогоҳ ниёз дорад. Ин гуна шахсият метавонад ҳамчун меъмори давлат, поягузори сулҳу субот ва раҳнамои мардум нақши тақдирсоз дошта бошад.
Миллати тоҷик дар замони пурошӯби солҳои навадум аз баракати тақдир чунин фарзанди шуҷоъ ва хирадманд - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайдо намуд, ки бо ҷасорат, иродаи қавӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ наҷот доданд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон осон набуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нобасомониҳои сиёсиву иқтисодӣ ва беназмиҳои иҷтимоӣ кишварро ба вартаи фурӯпошӣ бурда буд. Дар он лаҳзаҳои хатарнок, маҳз, иродаи устувор ва ҷасорати сиёсӣ буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд миллатро муттаҳид созанд, сулҳро эҳё намоянд ва пояҳои давлатдориро аз нав бунёд кунанд.
Бо талошҳои ин абармард, ки аз фидокорӣ ва садоқати беандоза ба мардуми Тоҷикистон сарчашма мегирад, сулҳу ваҳдат барқарор гашт ва давлатдории тоҷикон ба роҳи навини рушд ворид шуд. Имрӯз тамоми ҷаҳониён эътироф мекунанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, маҳз, бо талошу сиёсати оқилонаи Президенти кишвар таъмин гардид. Ҳама дастовардҳои даврони истиқлол бо номи Пешвои миллат пайвандӣ дорад, зеро, маҳз, Сарвари давлат тавонистанд дар харобазори аз ҷанг боқимонда як кишвари ободу ором ва дорои ояндаи равшан бунёд намоянд.
Дар даврони роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари созандаву бунёдкор, ваҳдат, сулҳ ва субот табдил ёфт. Тӯли солҳои истиқлолият садҳо иншооти муҳими стратегӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, шоҳроҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта шуданд. Нақби «Истиқлол», Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди даҳҳо пулу нақб ва роҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, роҳҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа ва даҳҳои дигар, намунаи равшани татбиқи сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра фаъол шинохта шудааст. Сиёсати хориҷии мутавозини кишвар, ки ба принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд ва эҳтироми мутақобила асос ёфтааст, мавқеи Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ҷаҳон таҳким бахшид. Бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, мубориза бо терроризм ва экстремизм, муҳофизати муҳити зист ва рушди устувор, нақши муассир дорад. Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки далели эътирофи ҷаҳонӣ ва эҳтироми олам ба сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон аст.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷиро пайгирона амалӣ мекунад. Дар дохили кишвар сулҳу субот, ваҳдат ва якдилӣ таъмин буда, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш далели ин аст, ки давлат бо роҳнамоии Пешвои худ дар роҳи устувори рушд қарор дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон - насли ояндасоз таваҷҷуҳи хоса доранд ва таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллатанд». Биноан, барномаҳои давлатӣ ва садҳо ташаббуси дигар амалӣ гардиданд, ки барои худшиносиву худогоҳии ҷавонон, рушди ҳунару маънавиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд.
Бо ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ҳазорҳо муассисаи таҳсилоти умумӣ, коллеҷу донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва варзишӣ бунёд гардидаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбия ва рушди илму фарҳанг нишон медиҳад, ки Роҳбари давлат ояндаи давлатро дар дасти ҷавонони донишманд ва ватанпарвар мебинанд.
Ҷавонони кишвар, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тарбия ёфтаанд, имрӯз дар арсаҳои гуногуни ҳаёт бо ифтихор номи Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, озмунҳои илмӣ, саҳнаҳои фарҳангӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ комёбиҳои назаррас ба даст меоранд. Ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона ва ватанпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Ҳадафҳои стратегии миллӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тадриҷан амалӣ мегарданд. Ҳар як лоиҳаи азими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо номи Пешвои миллат пайвандӣ дорад. Давоми солҳои охир ҳазорҳо корхонаи истеҳсолӣ, коргоҳҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз ва барои таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кор мусоидат намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти беназир дар таърихи миллатанд. Роҳбареанд, ки бо сиёсати сулҳҷӯёнаи худ номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурандешонаашон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари орому босубот, рушдёфта ва мутамаддин шинохта шудааст.
Пешвои миллат рамзи ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум ҳастанд. Сокинони мамлакат бо эҳсоси самимӣ, муҳаббат ва сипос ба хизматҳои фидокоронаи Пешвои худ арҷ мегузоранд ва бо ифтихор мегӯянд, ки Тоҷикистон давлати дорои Роҳбари соҳибхирад ва мардумпарвар аст.
Арҷгузорӣ ба хизмат ва талошу ҷоннисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба хирад, ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба Ватан аст, ки тамоми ҳастияшонро барои давлат ва мардум бахшидаанд. Ҳар як сокини кишвар ифтихор дорад, ки чунин роҳбар дорад ва бо итминон мегӯяд: Тоҷикистони азиз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша орому пешрафта хоҳад буд.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
