Рӯзи Модар чӣ гуна эълон шуд?
Дар фарҳанги мо бузургдошти падару модар рӯзи хоса надошт, зеро миллати сарбаланди тоҷик тӯли таърих ҳамеша ба волидайн арҷ мегузошт, аммо замоне фаро расид, ки дар тақвим рӯзҳои хос пайдо шуданд. Аз ҷумла, Рӯзи Модар.
Пайдоиши ин ид дар аксари кишварҳо ба гирдиҳамоии коргарзанони фабрикаҳои матоъ ва пойафзоли шаҳри Ню-Йорк дар санаи 8-уми марти соли 1857 робита дорад. Талаби онҳо кӯтоҳ намудани соати корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат, инчунин, маоши баробар бо мардон буд. Он солҳо бонувон 16 соати корӣ, аммо музди кам доштанд.
Соли 1910 рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятии немис Клара Сеткин дар Конфронси дуюми байналмилалии занон дар Копенгаген пешниҳод кард, ки Рӯзи байналмилалии занон эълон шавад. Клара дар муборизаи занон барои ҳуқуқҳои баробар, аз ҷумла барои сабук кардани қонунгузории меҳнат барои занон ва додани ҳуқуқи умумии интихоб, иштирок кард. Ӯ дар таъсиси интернатсионали дуюм нақши муҳим бозид ва барои конгресс дар бораи нақши занон дар роҳи муборизаи инқилобӣ маърӯза омода кард.
Бинобар ин, Клараро муаллифи идеяи эълон намудани Рӯзи байналмилалии занон - 8 март медонанд.
Соли 1911 аввалин бор дар шаҳрҳои Дания, Олмон, Шветсария 19 март ҷашни занонро таҷлил намуданд. Соли 1912 ихтилоф ба миён омад ва ин санаро 12 май ҷашн гирифтанд. Баъдан, Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Нидерланд ин санаро ба 9 март гузарониданд. Дар Россия ва Фаронса 2 март Рӯзи занон ҷашн гирифта шуд. Аз соли 1914 минбаъд онро ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон дар тамоми ҷаҳон санаи 8 март таҷлил менамоянд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо Қарори Президуми Шурои Олии ИҶШС ин сана рӯзи истироҳат эълон шуд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 8 март дар давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байнамилалии занон, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва Арманистон ҳамчун Рӯзи Модар ва зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Модар, ки қаблан Рӯзи бонувон ном дошт, назар ба таърихи муштараки чанд даҳсола пеш бо кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, бештар ба таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи миллати тоҷик иртибот дорад. Гузаштагони мо – ориёиҳо дар замони худ тақрибан мувофиқ ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи марти солшумории мелодӣ, яъне солшумории имрӯзаи мо, ҷашне доштанд, ки сипандормуз ном дошт ва ҷашни махсуси эҳтирому арҷгузорӣ ба занону модарон ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо буд. Бинобар ин, бо такя ба фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи миллат ва таърихи чанд даҳсолаи охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 8-уми март Рӯзи Модар эълон шуд, ки аз соли 2009 ҷашн гирифта мешавад.
Дар аввали баҳор таҷлил кардани Рӯзи Модар рамзист, чун баҳору зан бо ҳам тавъам ва ин ҳарду нозук, зебо, болатофат ва дилбаранд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
