Модар чӣ гуна, духтар намуна
Ҳар гоҳ дар бораи занони заҳматкашу ободкори навоҳии кӯҳистон андеша мекунам, қатори чанд нафар симои апаи Мусират ва модари бузургвораш пеши рӯ ҷилвагар мегардад. Беихтиёр, вохӯрии нахустамро бо муаллима Тошбӣ Амонова ба ёд меораму аз он афсӯс мехӯрам, ки даврони ҷавонӣ бепарво будем, вагарна аз он зани дунёдидаву донишманд сабақҳои зиёде мегирифтаму аз таърихи ниёкони хеш хубтар огоҳӣ меёфтам.
...Мактаби олиро хатм карда, бо роҳхати Вазорати маориф ноҳия Ғарм баргаштам. Ҳамчун муаллими ҷавон ба семинари муаллимони забон ва адабиёти тоҷик рафта, тасодуфан бо муаллима вохӯрдам. Дар бораи ин зани ҷонфидою ҷасур бисёр шунида будам. Ҳамроҳи ҳамкасбон даври вай ҳалқа задем. Муаллима аз дунёи дури хотираҳояш қисса мегуфт. Аз солҳои барқароршавии ҳокимияти шуравӣ, машаққати мардуми одӣ, корномаи ҷавонони камбағал, бунёди колхозҳо, ҷанги хонумонсӯзи фашистони гитлерӣ. Ба пуштманзари гуфтаҳои ӯ намерасидем, зеро мо ҷавонони даврони дигар будем. Давроне, ки кишвар гул-гул шукуфта буд, ғаму дард надошт ва фоҷиаҳои солҳои пешин ба назарамон ҳамранги афсонаҳои кампиракони деҳа менамуд…
Мусират тарбияи ин зани соҳибтаҷрибаю донишмандро гирифта, мисли модари хеш аз хурдӣ ба хондан ва ҷустуҷӯҳо рағбати зиёд дошт. Даврони мактабхонӣ омӯзгорон гирумони ӯро медиданду мегуфтанд: «Духтари мардак барои аз худ кардани ҳама касбҳои писандаш қодир аст». Дар омӯзиш ва аз худ кардани фанҳои таълимӣ бомаҳорат буд. Дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона ширкат меварзид. Яке аз фаъолони дастаи ҳаваскорони мактаб низ маҳсуб меёфт. Пайваста, соатҳои фориғи таҳсил, китобҳои бадеӣ мутолиа менамуд.
Яке аз санъаткорони номдори Рашт, собиқадори меҳнат Муҳаббати Ҷомӣ дар хотираҳояш менависад: «Соли 1962, пеш аз хизмати ҳарбӣ рафтанам, аз санҷиши навбатӣ гузаштам. Ҳамроҳи хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Ғарм Мусират Наботовна дуети «Дар даҳани дарвоза»-ро иҷро кардем. Ҳайф, ки баъди хатми мактаби миёна ӯ санъаткор нашуд, касби духтуриро интихоб кард. Ҳоло духтури номдори диёрамон ҳаст. Ин суруд баҳои баланд гирифт ва онро дар фонди тиллои радиои ҷумҳурӣ сабт карданд. Дуети мазкур эҷоди мардуми Раштонзамин аст ва онро баъдтар устоди бузурги соҳа Зафар Нозим ҳам суруд».
Мусират, чуноне ки устод Муҳаббати Ҷомӣ гуфт, бо вуҷуди овози хуш доштану ҳунарманд буданаш санъаткор нашуд, касби табибиро интихоб кард.
Соли 1963 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурд ва онро соли 1970 хатм кард. Ба зодгоҳ баргашт ва ба хидмати мардум камар баст. Фаъолияти кориашро аз шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Рашт оғоз намуд.
Таваллуди солими насл бештар ба фаъолияти табибони занона рабт дорад. Хидмати мондагори апаи Мусират ин аст, ки
то имрӯз дар ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад, талошҳои зиёд намуда, шабзиндадорӣ кашидааст. Хоса, барои мардуми минтақаи Рашт. Ӯ вазифаи аввалиндараҷаи духтури занонаро табобат не, балки пешгирӣ аз бемориҳо ва солим нигоҳ доштани бонувон медонад.
Мусират даврони фаъолияти меҳнатиаш мисли солҳои мактабхониву донишҷӯӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Бо ҳалолкориву заҳматкашӣ дар андак муддат байни сокинони навоҳии Раштонзамин соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардид.
Натиҷаи ҳамин буд, ки ӯро депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати нуҳум) интихоб карданд. Солҳои 1980-1985 машваратчии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳукумат ба қадри хизматҳои ин зани заҳматкаш расида, ӯро бо мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ кардааст. Вай «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мебошад.
Ҳоло Мусират Шоева дар нафақа аст, аммо бо хоҳиши онҳое, ки ӯро хуб мешиносанд, корашро идома медиҳад. Дар тарбияи табибони ҷавони ноҳия саҳми арзанда мегузорад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
