https://sadoimardum.tj

Барқияи табрикӣ ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ

10 мар 2026, 08:11
0

9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
"Валоҳазрат,
Ба муносибати интихоби шоистаи Шумо ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳнияти самимии хешро арз менамоям.

Бовар дорам, ки таҳти раҳбарии Ҷаноби Олӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд.

Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.

Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо сиҳҳатмандии комил ва тавфиқи рӯзафзун, ба мардуми бародари Эрон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзумандам".

Ҳамчунин дигар маводҳо: