Бунёди неругоҳи бузурги офтобӣ дар Ашт
Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ оғоз гардидааст. Иқтидори истеҳсолии он 250 мегаватро ташкил хоҳанд дод ва пас аз бунёд он бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад.
Татбиқи ин лоиҳа идомаи тадбирандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» - паймонкори асосии сохтмон дар ду қитъаи мавзеъ корҳои омодагиро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, замин барои насби панелҳои офтобӣ ва бунёди зеристгоҳи нави барқӣ омода гардида, дар қитъаи дигар таҳкурсии сутунпояҳо барои хати интиқоли неруи барқ аз зеристгоҳи неругоҳи офтобӣ то зеристгоҳи интиқоли барқи ноҳияи Ашт гузошта мешавад.
Дар назди неругоҳ зеристгоҳи барқӣ сохта шуда, неруи тавлидшуда тавассути хати алоҳида ба зеристгоҳи ноҳияи Ашт интиқол дода мешавад. Масофаи хати интиқол 12 километрро дар бар мегирад. Ҳамзамон, зеристгоҳи барқии 220/10/6 киловолтии ноҳияи Ашт таҷдид гардида, иқтидори он баланд бардошта мешавад.
Лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 750 гектар бо харҷи 125 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, имкон фароҳам меорад, ки беш аз 15 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ таъмин шаванд. Инчунин, татбиқи лоиҳа ба коҳиш ёфтани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидат мекунад.
Дар қитъаҳои дигар корҳои тахту ҳамворсозии замин, омодасозии зербинои зеристгоҳ бо истифода аз техникаҳои махсус идома доранд.
Ба гуфти роҳбари лоиҳа Рустам Сатторӣ, мутахассисоне, ки ба сохтмон ҷалб шудаанд, таҷрибаи ғанӣ дар татбиқи чунин лоиҳаҳоро доранд ва боварӣ ҳаст, ки ин иншоот дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода мешавад.
Ин лоиҳа аввалин намунаи татбиқи неругоҳи офтобии дорои иқтидори бузург дар вилояти Суғд маҳсуб ёфта, қадами устувор дар самти рушди энергетикаи «сабз» ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ арзёбӣ мегардад.
Айни ҳол ба иншоот беш аз 120 мутахассис ва зиёда аз 60 ронанда ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, аз моҳи апрел насби панелҳои офтобӣ оғоз шуда, шумораи кормандон марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
