https://sadoimardum.tj

Аз «Бухорои шариф» то зеҳни сунъӣ

№:28 (5080), 10 мар 2026, 17:00
0

Имсол дар кишвар 114-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Он ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» (1912) рабт дорад, ки барои ташаккули андешаи ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ замина гузошт. Дар тӯли беш аз як аср матбуоти тоҷик марҳилаҳои печидаю пурошӯбро паси сар кард: маҳдудият, буҳронҳои иқтисодӣ ва дигар озмоишҳои таърихӣ. Бо вуҷуди ин, рисолати асосии худ - иттилоотонӣ, маърифатбахшӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодааст.

Имрӯз, дар асри рақамисозӣ ва ҷаҳонишавӣ журналистика дар ҷаҳон таҳти таъсири босур­ъати технологияҳои иттилоотӣ қарор дорад. Саволи асосӣ ин аст: журналисти тоҷик то куҷо тавонистааст аз майлонҳои нави журналистӣ самаранок истифода барад?

ОМОР ВА ВОҚЕИЯТ

Тибқи иттилои расмӣ, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 рӯзнома (112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ), 245 маҷалла (114 давлатӣ ва 131 ғайридавлатӣ), 11 агентии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) фаъолият доранд.

Ин нишондиҳандаҳо аз гуногунрангии фазои иттилоотӣ дарак медиҳанд, аммо рақам танҳо меъёр нест. Муҳим он аст, ки ин расонаҳо то чӣ андоза ба талаботи нави аудитория мутобиқ шудаанд ва оё тавонистаанд бо суръати тағйирёбии муҳити рақамӣ ҳамқадам бошанд?

АЗ ИТТИЛОЪ  ТО ИНТЕРАКТИВ

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки равияҳои нави журналистика як қатор навгониҳоро вориди соҳа кардаанд: интерактив, сареъият ва имкони мултимедиавӣ. 

Дар гузашта ВАО танҳо дар шакли чопӣ фаъолият мекард. Сипас, радио, телевизион ва, дар ниҳоят, интернет ба майдон омаданд. Имрӯз интернет имкони муттаҳид сохтани ҳамаи ин қолабҳоро фароҳам овардааст. Хабар метавонад, ҳамзамон, матн, акс, видео, инфографика ва муҳокимаи мустақимро дар бар гирад.

Аудитория дигар танҳо хонанда нест. Ӯ, ҳамзамон, шарҳ медиҳад, баҳс мекунад, таҳлил мекунад ва, ҳатто, худ ба истеҳсолкунандаи мундариҷа табдил меёбад. Дар ин замина, истилоҳи «журналистикаи шаҳрвандӣ» маъмул гардид, ки то андозае барои журналистикаи касбӣ ҳам рақобат ва ҳам чолиш эҷод мекунад.

ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ИМКОНИЯТ Ё ХАТАР?

Имрӯз зеҳни сунъӣ (AI) ба бахши ҷудонашавандаи фаъолияти расонаӣ табдил ёфтааст. Тарҷума, таҳрири матн, таҳияи сарлавҳа, таҳлили додаҳо ва ҳатто эҷоди матолиб бо ёрии алгоритмҳо анҷом меёбанд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба журналистикаи додаҳо, зеҳни сунъӣ, мултимедиа ва факт­чекинг афзоиш ёфта, аммо истифодаи онҳо ҳанӯз системавӣ нест. Аксари журналистон аз абзорҳои рақамӣ дар сатҳи инфиродӣ истифода мебаранд, аммо сиёсати мушаххаси редаксионӣ дар ин самт кам ба назар мерасад.

Аз ҷониби дигар, изҳори нигаронӣ ин аст, ки истифодаи ғайримақсадноки имкониятҳои медиаи нав метавонад ба ифрот расад. Ҳатто шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан бо истифода аз зеҳни сунъӣ навишта мешаванд. Дар ҳоле ки зеҳни сунъӣ бояд василаи такмил бошад, на ҷойгузини тафаккури журналист.

ЖУРНАЛИСТИКАИ ДОДАҲО ВА ФАКТЧЕКИНГ

Яке аз самтҳои муҳими журналистикаи муосир таҳлили додаҳо ва санҷиши далелҳост. Дар шароити афзоиши иттилооти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакӣ масъулияти журналист бештар мегардад.

Ба андешаи мутахассисон, монеаҳои асосӣ дар Тоҷикистон чунинанд: маҳдуд будани дастрасӣ ба додаҳои расмӣ, норасоии омӯзишҳои касбӣ, имкони маҳдуди техникӣ ва сатҳи нокифояи саводи рақамӣ дар баъзе муҳит.

Бо вуҷуди ин, ташаббусҳои инфиродӣ дар самти мубориза бо фейкҳо ва таҳлили оморӣ мушоҳида мешаванд. Агар ин раванд системавӣ гардад, сифати журналистикаи миллӣ болотар меравад.

АНҶОМ Ё ТАҲАВВУЛ?

Пайдоиши расонаҳои рақамӣ маънои поёни матбуоти чопиро надорад. Баръакс, дар шароити рақобати иттилоотӣ рӯзномаю маҷаллаҳо метавонанд бо таваҷҷуҳ ба таҳлил, таҳқиқот, очерк ва жанрҳои дигари таҷлилию бадеии журналистика мавқеи худро мустаҳкам намоянд.

Матбуоти чопӣ имкони таҳлили фарогир ва баррасии амиқи масъалаҳоро дорад. Чизе, ки аксаран дар муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ камтар дида мешавад. Агар нашрияҳо ба сифат, таҳлил ва таҳқиқ такя кунанд, метавонанд минбаъд эътимоди хонандаро нигоҳ доранд.

Имрӯз журналистикаи тоҷик дар марҳилаи гузариши нав қарор дорад. Пешрафт ҳаст, аммо фарогир не. Барои истифодаи муваффақи равияҳои нав таваҷҷуҳи хоса ба як қатор омилҳо зарур аст. Омӯзишҳои пайвастаи касбӣ - таҷдиди барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳо бо назардошти талаботи рақамӣ, дастгирии молиявӣ ва техникӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва рақобати солим аз ҳамон ҷумлаанд.

ОХИРИ ХАТ

Ояндаи журналистикаи миллӣ аз сатҳи касбият, масъулият ва рӯи кор овардани навгониҳо вобаста аст. Агар мо ба стандартҳои касбӣ, омӯзиши пайваста ва ҳамкории созанда такя кунем, метавонем журналистикаеро рушд диҳем, ки минбаъд ҳам на танҳо замонавӣ, балки таъсиргузор ва боэътимод бошад.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: