https://sadoimardum.tj

Табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

№:28 (5080), 10 мар 2026, 17:07
0

10-уми марти соли 2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандони воситаҳои ахбори омма!

Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни касбиатон - Рӯзи матбуоти тоҷик бипазиред.

Бояд зикр намуд, ки бо ибтикор ва ташаб­буси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати истиқлолият низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шуда, дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кори матбуотчиён баҳои баланд дода, онро чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ дониста, ҳамчунин, иброз намудаанд: «Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имконият медиҳанд, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк бикунанд ва, дар маҷмуъ, манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд».

Воқеан, касби шумо дар назди ҷомеа масъулияти истисноиеро бар дӯшатон гузоштааст - сатҳу сифати фазои иттилоотии ватанӣ, ки афкори ҷамъиятиро шакл мебахшад ва барои мардум иттилооту донишҳову ­идеалҳои ахлоқӣ дар пай дорад, маҳз ба заҳмати шумо вобаста мебошад.

Бо вуҷуди рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва пешгӯиҳои бисёр коршиносон дар хусуси азбайнравии қарибулвуқӯи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, рӯзноманигорон исбот карданд, ки матбуот ҳанӯз устувор аст, ҳанӯз барои давлату миллат даркор аст.

Дар ҳақиқат, он чиро, ки рӯзномаву маҷаллаҳо дар саҳифаҳои худ нашр ва ҳифз мекунанд, ягон хел василаи электронӣ карда наметавонад. Рӯзноманигоронанд, ки бо заҳмати фидокорона, муҳаббати самимӣ ба касбу кор ва кӯшишҳои дастҷамъо­на метавонанд дар навиштаҳои хеш пораҳое аз дилҳоя­шонро ҷой кунанд.

Хоҳони онем, ки бо дили пуру руҳи қавӣ рисолати хешро идома бахшед, зеро саҳми шумо дар рушди ҷомеа ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад – шумо таърих эҷод менамоед, таърихе, ки аз як насл ба насли дигар таҳвил дода мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма, бахусус ба собиқадорони соҳа, барои садоқат ба давлату миллат, мавқеи дурусту устувори шаҳрвандӣ ва инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти парламенти Тоҷикистон арзи сипос мекунем.

Ба ҳамаатон сиҳатии комил ва пешрафтҳои бузург дар кору зиндагӣ таманно менамоем.

Ҳамчунин дигар маводҳо: