https://sadoimardum.tj

Ҳама сарвболо, ҳама мушкбӯй

№:28 (5080), 10 мар 2026, 17:02
0

Зани тоҷик дар тамоми давру замон мақом ва ҷойгоҳи инсонии худро ҳифз карда, дар баробари мардон бо иффату ҳаёе, ки дош­танд, бори рӯзгорро бар дӯш гирифтаю барои сохтани зиндагии хуш ва ояндаи беҳтар талош варзидааст. Гоҳе чун мудаббир, гоҳе чун донишманду мушовир ва гоҳе чун қаҳрамони майдонҳои разм аз худ дарак додааст. Имрӯз низ мо ҷомеаи худро бе дастони давронсози зан тасаввур карда наметавонем. Бе ҳузури зан зиндагӣ рангу бӯ надорад.

Симои занон дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ хеле равшану барҷаста нишон дода мешавад. Ин ҳамосасарои бузург дар китоби худ симои бешу кам ҳаштод занро офаридааст, ки ҳар кадоме дорои хӯю хислати хос мебошанд. Чун «Шоҳнома» тақрибан ҳудуди даҳ қарн пеш аз мелодро фаро мегирад, дар даврони гуногун ва фарҳангҳои мухталиф образи занон дар он ифода меёбанд. Рӯзгори занони одӣ то шоҳбонуҳо дар он нишон дода мешаванд, ки ҳар образе аз образи дигар фарқ дорад. Фирдавсӣ кӯшидааст симои ҳар занро ба таври хос биёфарад, ки шабеҳи ҳам набошанд. Албатта, қаҳрамонзанони «Шоҳнома» монандиҳои ҷузъи бо ҳамдигар доранд, мисли ҳамаи инсонҳое, ки дар ин кураи хокӣ зиндагӣ мекунанд, вале аз назари характер ҳар кадоме аз дигаре ба куллӣ фарқукунандаанд. Хидмати Фирдавсӣ дар офаридани чеҳраи занон аз устура то таърих дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳамаи мақтаҳои замонӣ бонувони «Шоҳнома» занони ба муҳити хеш таъсиргузор, қудратманд, хирадманд, некандеш, мудаббир, бодониш ва қаҳрамон ҳастанд. Онҳо истиқлолияти андеша, кор ва зиндагӣ доранд. Дар интихоби роҳе, ки мераванд, мухтор ҳастанд.

Дар «Шоҳнома» заноне, чун Ҷарира, Рудоба, Синдухт, Катоюн, Фарангис, Гурдофарид, Таҳмина, Манижа, Ширин... бонувоне намуна, хирадманд, мудаббир ва озодманиш ба шумор мераванд. Масалан, Рудоба бо он ки хонаводааш барои издивоҷи ӯ бо Золи Зар розӣ нестанд, барои расидан ба ҳадафи хеш пофишорӣ мекунад ва, ниҳоят, бо тадбирандешии Синдухт ба висол мерасад.

Катоюн, духтари Қайсари Рум, дар хоб Гуштоспро мебинад ва ошиқи ӯ мешавад. Вақте ҷашни интихоб кардани ҳамсар баргузор мегардад, дастаи гули наргисро ба Гуштосп медиҳад, аммо бо ин интихоби ӯ волидонаш розӣ намешаванд. Бо вуҷуди ин, Катоюн аз интихоби хеш даст намекашад ва, дар ниҳоят, ҳамроҳи Гуштосп аз дарбор берун мегардад.

Дар ин ду намунае Рудоба ва Катоюн аз худ ҷасорат нишон медиҳанд ва барои расидан ба ишқи худ мубориза мебаранд. Ҳамин ҷасорат ва озодманишию озодагии ин бонувон боис мегардад, ки симояшон барҷаста тасвир ёбад.

Яке аз бонувони дигаре, ки Фирдавсӣ ба таври барҷаста ӯро тасвир мекунад, Таҳмина аст. Ӯ овозаи қаҳрамониҳои Рустамро шунида ба ӯ дил дода буд. Вақте Рустам ба Самангон меояд, шабонгоҳ Таҳмина худро ҳамроҳи канизе ба болини Ҷаҳонпаҳлавон мерасонад ва ба саволи Рустам ин гуна посух медиҳад:

Яке духти шоҳи Самангон манам,

Зи пушти ҳижабру палангон манам.

Ба гетӣ зи хубон маро ҷуфт нест,

Чу ман зери чархи кабуд андакест.

Кас аз парда берун надидӣ маро,

На ҳаргиз кас ово шунидӣ маро.

Ба кирдори афсона аз ҳар касе

Шунидам ҳаме достонат басе.

Ки аз шеру деву наҳангу паланг

Натарсию ҳастӣ чунин тезчанг...

Туроям кунун, гар бихоҳӣ маро,

Набинад ҷуз ин мурғу моҳӣ маро...

Ва дигар ки аз ту маро кирдгор

Нишонад яке пурам андар канор.

Магар чун ту бошад ба мардиву зӯр,

Сипеҳраш диҳад баҳра кайвону ҳур.

Аз ин посухи Таҳмина ба Рустам ошкор мегардад, ки ӯ аз духтари шоҳи Самангон ва аз пушти далерону қаҳрамонон будани худ ифтихор мекунад. Боз аз он меболад, ки ҳусну ҷамоли беҳамто дорад ва духтари пок аст. Агар Рустам ӯро ба занӣ бигирад, орзу дорад мисли ӯ писари қаҳрамон ба дунё орад. Аз ин ошкор мегардад, ки Таҳмина духтари огоҳу худшинос аст, дар зиндагӣ ҳадафи худро дорад. Ҷасораташ ба ӯ иҷозат медиҳад ба Рустам мақсади худро ошкоро баён созад ва, дар ниҳоят, ба ҳадаф бирасад.

Аз мисолҳои оварда маълум мегардад, ки Рудоба, Катоюн ва Таҳмина касоне ҳастанд, ки танҳо хушбахтии худ­ро фикр намекунанд, балки барояшон марзу бум низ муҳим аст.

Дар «Шоҳнома» образи ду бонуи қаҳрамони дигар ба таври барҷаста нишон дода мешавад, ки аз ҷиҳати шуҷоат, диловарию размоварӣ ба ҳам монанданд. Инҳо Гурдофарид ва Гурдия мебошанд. Гурдофарид бонуи размозмуда ва тавоно аст. Ӯ дар ҷангҳо диловарони зиёдеро шикаст додааст. Дар ниҳоят бо Суҳроб низ ҷанг мекунад. Фирдавсӣ ҳунари ҷанговарии ӯро ин гуна васф намудааст:

Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,

Ки чун ӯ ба ҷанг андарун кас надид.

***

Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,

Камон бар миён, бодпое ба зер...

Ниҳон кард гесу ба зери зиреҳ,

Бизад бар сари тарги румӣ гиреҳ.

Ки гурдон кадоманду ҷанговарон,

Далерону корозмуда сарон.

Гурдия, ки хоҳари Баҳроми Чӯбина аст, мисли Гурдофарид қаҳрамон мебошад. Ӯ низ мисли мардон дар майдони набард бо душманон мубориза мебарад ва онҳоро шикаст медиҳад. Дар ҷанг бо сарбозони Хоқон бо паҳлавоне ҳижабр ба разми тан ба тан мебарояду ғолиб меояд: 

Ҳамон хоҳари паҳлави номдор,

Ба найза даромад ба назди савор.

Яке найза зад бар камарбанди ӯй,

Ки бигзашт хафтону пайванди ӯй.

Чун аз пуши бора даромад нагун,

Ҳама рег шуд зери ӯ ҷӯи хун.

Пас аз ин Гурдия худро ба лашкари Хоқон мезанад ва онҳоро пароканда месозаду боиси фирорашон мегардад. 

Гурдофарид ва Гурдия ду намунае аз занони қаҳрамон, шуҷоъ ва диловаре ҳастанд, ки барои ҳимояи марзу буми хеш ҷоннисориҳо мекунанд. Фирдавсии бузург онҳоро меситояд ва қаҳрамонию диловариҳояшонро бо тамоми санъат пешниҳоди хонанда мегардонад.

Назари Фирдавсӣ нисбат ба занон пок ва беолоиш аст. Мақом ва ҷойгоҳи онҳоро ба таври шоиста баррасӣ мекунад. Покӣ, ҳаё ва ҳуснашонро тараннум месозад. Аз бонувони тӯронӣ ҳам ба зебоӣ ёд мекунад:

Ҳама духти Тӯрон пӯшидрӯй,

Ҳама сарвболо, ҳама мушкбӯй.

***

Манижа манам духти Афросиёб,

Бараҳна надида танам офтоб.

Заноне, ки дар «Шоҳнома» тасвир мешаванд, ҳама равандагони роҳи покию ростӣ ва ошиқони баисмату баиффат ҳастанд. Онҳо дар домани исмати худ Рустам барин абарқаҳрамонро тарбият месозанд. Сиёвуш ва Бежанро аз чашмаи ишқи поку самимӣ саршор мегардонанд...

Дар «Шоҳнома» дар бораи занон гоҳе байтҳое вомехӯранд, ки касро ба андеша мебаранд. Фирдавсӣ дар он байтҳои ангуштшумор аз ҷинси зан бо бадӣ ёдрас мешавад. Масалан:

Зану аждаҳо ҳарду дар хок беҳ,

Ҷаҳон пок аз ин ҳарду нопок беҳ.

***

Занонро аз он ном нояд баланд,

Ки пайваста дар хурдану хуфтананд.

***

Дили зан ҳамон девро ҳаст ҷой,

Зи гуфтор бошанд ҷӯянда рой.

***

Киро духтар ояд ба ҷои писар,

Беҳ аз гӯр домод н-ояд бадар.

 Ҳар касе, ки аз мазмуну муҳтавои «Шоҳнома» огоҳ аст, ба хубӣ дарк мекунад, ки мазмуни байтҳои мазкур бо андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ ҳамхонӣ надоранд. Яке аз пажуҳишгарони «Шоҳнома» Баҳроми Равшанзамир нусхаҳои куҳнаву нави ин асари безаволро қиёс карда дармеёбад, ки байтҳои дар боло овардашуда дар нусхаҳои қадимӣ ва муътамад вуҷуд надоранд. Байтҳои мазкурро, шояд, котибон ҳангоми китобат ба «Шоҳнома» илова кардаанд, ки, воқеан, хизмати хирсона маҳсуб мешавад.

Хулоса, Фирдавсии ҳаким дар «Шоҳнома» образи занонро хеле барҷаста офарида, хислату характери ҳар кадомеро ба таври хос ва такрорнашаванда ба риштаи тасвир мекашад. Бонувони «Шоҳнома» бо озодагӣ, некманишӣ, хирадварзӣ, покизагӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ машҳуранд. Ҳамон сифатҳое, ки имрӯз ҳам ҳастии бонувони тоҷикро зеб мебахшад ва ононро чун идомадиҳандаи кору пайкори ниёкони хеш ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: