https://sadoimardum.tj

Рамзи бедории фикрӣ

№:28 (5080), 10 мар 2026, 16:58
0

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз ҷашнҳои касбии муҳим ба ҳисоб рафта, ҳар сол 11-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҷлил карда мешавад. Ин сана ба нашри нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ - «Бухорои шариф» (соли 1912) иртибот дорад, ки оғози матбуоти миллӣ ба шумор меравад. Ин рӯз ҳамчун рамзи бедории фикрӣ, рушди маърифат ва озодии сухан пазируфта шудааст.

Матбуоти тоҷик роҳи тӯлонӣ ва пурпечутобро тай намудааст. Аввалин нашрияҳо дар шароити душвори сиёсиву иҷтимоӣ ба табъ мерасиданд. Бо вуҷуди мушкилот аҳли қалам барои баланд бардош­тани сатҳи маърифати мардум, тарғиби илму фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ кӯшиш карданд. Дар давраи минбаъда шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо афзуда, доираи мавзуъҳо васеъ гардид. Матбуот ба минбари ибрози андеша, таҳлили масъалаҳои муҳими ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангӣ табдил ёфт.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ матбуоти миллӣ марҳилаи нави рушдро оғоз кард. Фазои иттилоотӣ тадриҷан гус­тариш ёфта, нашрияҳои хусусӣ ва давлатӣ фаъолиятро тақвият доданд. Бо рушди технология сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба қисми муҳими фазои иттилоотӣ табдил ёфтанд.

Имрӯз журналистон дар инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳо, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми назаррас доранд. Онҳо миёни ҷомеа ва давлат ҳамчун пуле барои мубодилаи иттилоот хизмат мекунанд.

Касби журналистӣ масъулияти бузург талаб мекунад. Журналист бояд дорои донишҳои фарох, ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати таҳлил ва эҳсоси баланди масъулият бошад. Ростқавлӣ, беғаразӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои ахлоқӣ аз шартҳои асосии фаъолияти касбӣ маҳсуб меёбанд.

Матбуот метавонад афкори умумро ташаккул диҳад, ба ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат намояд ва дар тарбияи насли наврас нақши муҳим бозад.

Рӯзи матбуот на танҳо ҷашни касбӣ, ҳамчунин, фурсатест барои қадрдонӣ аз заҳмати шабонарӯзии рӯзноманигорон, муҳаррирон, ноширон ва дигар кормандони соҳа мебошад. Маҳз бо талоши онҳо ҷомеа аз хабарҳои дақиқу саривақтӣ огоҳ мегардад. Аз лиҳози моҳият матбуот оинаи ҷомеа ва таҳкимбахши маърифат низ ҳаст. 

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: