Тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ электронӣ ва ройгон шуд
Шаҳрвандони кишвар минбаъд метавонанд тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавиро ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд. Ин навъи хизматрасонии электронӣ аз аввали соли ҷорӣ роҳандозӣ шуда, минбаъд барои гирифтани ин гуна маълумотнома ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат нахоҳад дошт.
Тавре аз вазорат иттилоъ доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ», инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» амалӣ гардидааст.
Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи «Маълумотнома - тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ» маълумоти заруриро пур намоянд. Ариза тавассути ин портал ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад.
Чунин хизматрасонӣ ройгон буда, шаҳрвандон, новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он қарор доранд, метавонанд аз он истифода намоянд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
