https://sadoimardum.tj

Бахтиёр МУРТАЗО: «Садои мардум» сарнавишти таърихӣ дорад

№:28 (5080), 10 мар 2026, 17:04
0

“Дар рӯи мизи корӣ бастаи рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Садои мардум»-ро боэҳтиёт варақгардон мекунам. Бале, нашрияи парлумонии «Садои мардум»-ро, ки зодаи Истиқлолияти Ватан аст ва музаффариятҳои гаронқадри Истиқлолу ваҳдатро бо ҷоннисорӣ ҳимоят намудааст. Биноан, ин рӯзнома сарнавишти таърихӣ дошта, худ дар дамгаҳи оташи шадиди муборизаҳо тавлид гардидааст. Шумораи аввалини он якуми январи соли ҳазору нуҳсаду наваду як ба табъ расида буд”. 

Ин сатрҳоро, ки аз таърихчаи фаъолияти 35-солаи рӯзномаи «Садои мардум» қисса мекунанд, аз саҳифаи аввали маҷмуаи «Нурофарин»-и журналисти собиқадор, тарҷумон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо рӯнавис кардам. Бахтиёр Муртазо аз зумраи журналистоне мебошад, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси рӯзнома дар ҳайати кормандони он фаъолият доштааст ва ҳатто дар рӯзҳои фоҷеабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дасти ин «тифли» он замон «навзод»-ро раҳо накардааст. Аз соли 1992 то 1996 иҷрокунандаи вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзнома маҳсуб меёфт. 

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ва 35-солагии рӯзномаи «Садои мардум» бо ин устоди корозмуда суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем:

- Устод, Шумо аз зумраи нафароне мебошед, ки бевосита шоҳиди тавлиди рӯзномаи «Садои мардум» гаштед. Биёед, суҳбатро аз ҳамин нукта оғоз кунем…

- Ман ҳамон сол (соли 1990) дар маҷаллаи «Садои шарқ» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи очерк ва публисистика фаъолият мекардам. Ибтидо овозаҳо паҳн шуданд, сипас, аз рӯзномаҳо хондем, ки Шурои Олии кишвар рӯзномае бо номи «Садои мардум» ташкил мекунад. Масъалаи интихоби сармуҳаррири рӯзнома дар иҷлосияи Шурои Олӣ баррасӣ шуда буд. Ҳамон сол ду нафар вакилони мардумӣ- марҳум Муродуллоҳ Шерализода ва Ато Ҳамдам номзадиашонро ба вазифа пешниҳод карданд. Бори аввал буд, ки сармуҳаррир ба таври интихобӣ сурат мегирифт. Ин барои мо ҳам аҷиб буд, зеро маъмулан то ин дам сармуҳаррирон таъин мешуданд. 

Вакилон ба таври овоздиҳӣ олими варзида, рӯзноманигори забардаст Муродуллоҳ Шерализодаро интихоб намуданд. Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Додоҷон Раҷабӣ муовинони сармуҳаррир таъин шуданд.

Маро моҳи ноябри ҳамон сол Муродуллоҳ Шерализода ба кор даъват кард. Розӣ шудам. Дар рӯзнома ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ ба кор оғоз кардам. 

Ёдам ҳаст, ки аввалин идораи рӯзнома пушти Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, дар бинои Институти таърихи партия ҷойгир буд. Он ҷо барои мо чанд ҳуҷраи корӣ ҷудо карданд ва редаксияро ташкил намудем. Баъдтар ба бинои Шурои Олӣ кӯч бастем. 

Рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба аз чоп мебаромад ва дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мешуд. На танҳо фаъолияти парлумон, балки тамоми ҳаёти ҷомеаро инъикос менамуд. Рӯзнома тозатаъсис бошад ҳам, сармуҳаррир ба он чанде аз журналистону адибони корозмудаю кордонро ҷалб намуда буд, ки лавҳаву очеркҳо, хабару гузориш, фелетон, мақолаҳои хуби таҳлилӣ, суҳбату мусоҳибаҳои илмию адабӣ, сиёсиву таърихӣ, ватандорию давлатдорӣ омодаю чоп мекарданд. Кормандони техникӣ ҳам дар кори худ чобуку доно буданд. Ба ҳамин минвол, рӯзнома зуд миёни хонандагон нуфузу маҳбубият пайдо кард.

Мутаассифона, соли аввали фаъолияти рӯзнома дар ҷумҳурӣ нооромиҳои сиёсӣ оғоз шуданд. Соли 1992 вазъияти сиёсӣ дар кишвар муташанниҷ шудан гирифт. Сармуҳаррири рӯзнома Муродуллоҳ Шерализода, ки барои иштирок дар иҷлосияи навбатӣ ба Шурои Олӣ рафта буд, ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар ҳавлии бинои Шурои Олӣ (рӯзи панҷуми майи соли 1992) кушта шуд. 

Ёдам ҳаст, ки ҳамон рӯз сармуҳаррир пеш аз иҷлосия рафтан ба муовини аввали худ Мирзомаҳмуд Мирбобоев таъкид намуда буд, ки маводи рӯзномаро дақиқан аз назар гузаронад, ҳаргиз ягон хабару мақолаи иғвоангез дар саҳифа ҷой нагирад. Дареғо, ки рафтанду дигар ҳаргиз ба идора барнагаштанд.

- Ин воқеаҳо, хоса қатли сармуҳаррир, ба фаъолияти минбаъдаи рӯзнома асар кард?

- Албатта. Баъди ин воқеа ҳамкорон пароканда шуданд, базеҳо ба зодгоҳашон рафта буданд. Вақте гоҳ-гоҳе ба рӯзнома занг мезаданд, садояшонро шунида хурсанд мешудем, ки зиндаю саломатанд. Аз муовинони сармуҳаррир танҳо Мирзомаҳмуд Мирбобоев дар рӯзнома монда буд. Яъне, вазъият то ин ҳад расида буд, аммо рӯзнома ҳаргиз аз фаъолият боз намонд.

- Ва минбаъд Мирзомаҳмуд Мирбобоев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзнома фаъолият карданд…

- Бале, то баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ. Ман иҷрокунандаи муовини сармуҳаррир таъин шудам. 

Вазъи фоҷиабори кишвар идома дошт. Гирдиҳамоиҳо ташкил мешуданд. Аз атроф садои наҳси тир ба гӯш мерасид. Маълумот дар бораи фавтидагону захмиён, гурезагони иҷборӣ зиёд мегашт. Дар айни авҷи чунин воқеаҳои ногувор бисёр рӯзномаҳои кишвар ба дасисабозию тарафкашиҳо ҳамроҳ шуда, мавқеи худашонро тағйир доданд, вале «Садои мардум» ба Давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монд, ба мардум танҳо ва танҳо ҳақиқатро мерасонд, манфиатҳои миллиро ҳимоя менамуд.

Мо - кормандони идора саъй меварзидем дар саҳифаи аввали рӯзнома суханони пандомези бузургонро ҷой диҳем. Агар бастаи рӯзномаҳои ҳамон солҳоро варақ занед, аз ҷумла, чунин шоҳбайтҳоро дучор меоед:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг!

***

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

 Ба ҳамин васила, аҳли қалами рӯзнома дари дили сангини оташбозонро ҷустуҷӯ менамуданд, миллатро ба рифоҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд.

Дар арафаи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мо, як гурӯҳ кормандони рӯзнома, ба Шурои Олӣ мактуб навишта хоҳиш кардем Мирзомаҳмуд Мирбобоевро сармуҳаррир тасдиқ намоянд, зеро Муродуллоҳ Шерализода он касро ҷонишини аввал интихоб намуда буданд ва мо ба ӯ боварӣ доштем. Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Мирзомаҳмуд Мирбобоев сармуҳаррир таъин шуд.

- Бастаи соли 1992-юми рӯзномаро варақ мезадам, ки чашмам ба сармақолае бо номи «Вопасин умеди растагорӣ» афтод. Муаллифи он Шумоед. Мақола ду рӯз қабл аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ нашр шудааст. Дар мунтаҳои он таъкид намудаед: «Рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 бояд рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон гардад. Ягона ва охирин роҳи растагорӣ ва наҷоти миллати тоҷик ҳамин аст». Боварӣ доштед, ки иҷлосияи мазкур, дар ҳақиқат, барои миллати тоҷик наҷотбахш мегардад?

- Умед доштам, ки анҷуман ба воқеаҳои бади ҷамъиятию сиёсӣ, ки дар арафаи иҷлосия боз ҳам муташанниҷ гашта буданд, нуқта мегузорад. 

Вақте Иҷлосияи XVI даъват шуд, Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва Мардони Муҳаммад ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосия ва инъикоси он расман аз идораи рӯзномаи мо даъват шуданд. Маслиҳат шуд, ки онҳо ба шаҳри Хуҷанд сафар мекунанд. То баргаштани эшон роҳбарии муваққатии рӯзнома ба зиммаи ман афтод. Онҳо аз ҷараёни иҷлосия, ки дар он тақдири миллати мо ҳал мешуд, гузориш омода карда, гоҳе тавассути чархбол, гоҳе ба дигар восита ба Душанбе мефиристоданд, мо ба чоп омода мекардем. Ҳамин тавр, маводи иҷлосияи мазкурро пурра дар рӯзнома инъикос намудем. 

Хушбахтона, ноумед нагаштем. Тақдири миллати куҳанбунёди моро дар иҷлосияи мазкур вакилон ба фарзанди садоқатманди миллат - ба муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. 

Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шуданд, эълон намуданд, ки оташи ҷанги таҳмилии бародаркушро хомӯш мекунам, фирориёни иҷбориро ба Ватан бармегардонам ва ҳамин тавр ҳам карданд, ки ду хидмати мондагору фаромӯшнашавандаи Роҳбари давлатамон дар таърихи миллату давлатсозии мост.

Дар Афғонистон баъди мавзеи Тош­қурғон дашти тафсоне мавҷуд аст, ки тобу тавони касро аз байн мебарад. Ман он ҷойҳоро зимни дар ин сарзамин ба симати тарҷумон кор карданам (соли 1969) бо чашмони худ дидаам. Фирориёни иҷбории тоҷикро дар ҳамин дашти сӯзон ҷой карда буданд. 

Дар Афғонистон ман қаблан бо тоҷиконе вохӯрдам, ки солҳои бистум, сиюм ва чилуми асри гузашта гурехта ба ин кишвар рафта буданд. Дар қатори онҳое, ки дар ҳаракати босмачигарӣ иштирок кардаанд, одамони роҳгумзадаю фиребхӯрда бисёр буданд, ки аз мусофираташон 40-50 сол гузашта бошад ҳам, ба ёди Ватан мезистанд, ба ёди диёри азизашон дилашон гум мезад. Аксарашон хору забун буданд, таҳқир мешуданд, сарпаноҳе надоштанд.

Мо дар бораи онҳо бо дарду алам сухан мерондем, ки касе аз роҳбарони давр аз ҳолашон пурсон нашудааст ва ё баҳри ба Ватан бозгаштани онҳо чораҷӯӣ накардаанд. 

Вақте сухан дар бораи фирориёни иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мерафт, ман ҳамеша вазъияти мардумро дар биёбони тафсон пеши назар меовардаму муҳоҷирони қаблии бо ёди Ватан дар он мулк хору таҳқиргаштаро, аммо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандию дурандешӣ нақшаҳои дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар баёндош­таашонро амалӣ намуданд. Дар муҳлати кӯтоҳ муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонданд, ҳамватанони моро аз ғарибӣ, нодорӣ ва таҳқирҳои бепоён наҷот доданд. Онҳо ҳоло дар Ватани озоду ободу зебои худ зиндагии осудаю хуррам доранд. 

Ҳоло, ки он рӯзҳоро ба хотир меорам, чеҳраҳои кормандони собиқу содиқи рӯзнома, ки барои пиёда намудани нақшаву ниятҳои неки Пешвои муаззами миллатмон ҷиҳати барқарорию пойдории сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ талошҳо намудаанд, як-як пеши назар меоянд. 

Ҳарчанд ки ман қаблан дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият дош­там, кор дар идораи рӯзномаи азизам - «Садои мардум» бароям мактаби беназири рӯзноманигорӣ ва зиракии сиёсӣ гардид.

Бо истифода аз фурасти муносиб, 35-солагии фаъолияти нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Садои мардум» ва Рӯзи матбуоти тоҷик­ро ба аҳли кормандони имрӯза, ки рисолати мо - кормандони собиқро дар роҳи хидмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳақиқатҷӯию ҳақиқатнигорӣ идома медиҳанд ва ба тамоми мардуми кишвар муборак мегӯям.

- Ташаккур барои суҳбати хотирмону самимӣ!

Мусоҳиб Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: