https://sadoimardum.tj

Пойтахти назми ҷаҳон

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:26
3

Бар Душанбе меҳмон ояд ҳаме,

Меҳмон аз ҳар макон ояд ҳаме.

Кишвари мо соҳиби раҳ гаштааст,

Роҳ то ҳар хонадон ояд ҳаме.

Ёр сӯи пойтахти назми Шарқ

Бар замин аз осмон ояд ҳаме.

Ҳар гаҳе аз Рӯдакӣ ёде кунем,

Ёди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.

Рӯдакӣ бо шеър оламро гирифт,

Бӯи он шеъри равон ояд ҳаме.

Ҷон Крист аз Амрико, Нор аз Димишқ,

Роҷа аз Ҳиндустон ояд ҳаме.

Аз Кувайти дур хонум Ас-Сабоҳ

Бо китоби достон ояд ҳаме.

Римма аз Русия, Пара аз Фаранг

Қӯшагул бар бӯстон ояд ҳаме.

Дар лаби Чингиз чун қанду асал

Шеъри Озарбойҷон ояд ҳаме.

Партави Нодир ба каф бигрифта дил,

Шеъри Ҷайҳун дар забон ояд ҳаме.

Юкка аз Финландиёи барфпӯш

Резабарфи парфишон ояд ҳаме.

Аз Марокаш Аш-Шаҷар шеър оварад,

Аз Корея Ли-ю дон ояд ҳаме.

Дар радифи дӯстони номдор

Боз чанд аз шоирон ояд ҳаме.

Гулназарҳоему гулрухсорҳо,

Гул ба сайри гулситон ояд ҳаме.

Меҳр дар дил, ханда дар лабҳои тар

Дӯст пеши дӯстон ояд ҳаме.

Эй Душанбе, шод бошу шод зӣ,

Бар дарат назми ҷаҳон ояд ҳаме.

Сафармуҳаммад Айюбӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: