22 сентябр - Рӯзи Рӯдакӣ
Бӯи ҷӯи мӯлиён ояд ҳаме
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист.
Низомии Арӯзии Самарқандӣ
Давраи Сомониён даврони растохез, асри хирадгароӣ ва замони эҳёи тафаккури ақлонӣ аст. Дар ин давра ба ҳиммати аҳли фарҳанг ва вазирони донишманд ниҳоли илм, дониш, фарҳанг ва фалсафа болид ва бӯи хуши донишу маърифат фазои рӯзгорро фаро гирифт. Дар ин миён шоироне барҷаста, чун Рӯдакӣ, шеърро василае барои андешаҳо, тафаккуроти фалсафӣ ва ҳикматҳои хеш қарор доданд.
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бини Муҳаммад, машҳур ба Рӯдакӣ, устоди шоирон ва пуровозатарин шоири тоҷик ба унвони бунёнгузори қолабҳову шеваҳои шеър ва зиндакунандаю густаришдиҳандаи забони тоҷикӣ, аз машҳуртарин шоирони даврони Сомонӣ аст.
Рӯдакиро падари адабиёти форсӣ донистаанд. Албатта, пеш аз вай шеъри форсӣ суруда мешуд, аммо кайфияти ашъори Рӯдакӣ оғозгари роҳи пешрафти адабиёт буд. Дар тазкираҳо аз ашъори вай борҳо зикр шуда, ки ҳаминҳо асоси ҷамъоварии девони вай шуданд. Ӯ шеъри порсиро аз пайравӣ ба шеъри арабӣ ҷудо кард ва вазнҳою қолабҳои нави форсӣ ба вуҷуд овард. Бо тарҷумаи манзумаҳои мухталиф ва сароиши ашъори ҳакимона, тағаззулот ва мадеҳа роҳро барои пешрафти шеър кушод. Аз шоироне, ки аз ашъори Рӯдакӣ дар шеърҳои худ тазмин овардаанд, метавон ба Ғазойири Розӣ, Усмон Мухторӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Муизии Нишобурӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абусайиди Абулхайр, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофиз ишора кард. Дар бораи ғазалиёти вай, ки нахустин намунаи ғазали форсӣ аст, Унсурӣ мегӯяд:
Ғазал рӯдакивор неку бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.
«Калила ва Димна», «Синдбоднома», ашъори ғинойӣ ва мадеҳаҳое аз миёни осори бузурги ӯ то ба мо расидааст, ки аз истеъдоди фавқулодаи гӯяндааш гувоҳӣ медиҳад.
Дар кишвари мо аз устод Рӯдакӣ зиёд қадрдонӣ шудааст. Мазори ӯ дар Панҷрӯд ободу маъмур аст. Хиёбони марказии шаҳри Душанбе исми ӯро дорад. Номи як ноҳия, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва муассисаю боғҳое аз доштани номи ин шоири бузург ифтихорманданд. Боғи Рӯдакии пойтахти кишварамон на танҳо бо долу дарахт ва гулу фаввораи зебояш менозад, балки муҷассамаи шоир ба он шукӯҳу шаҳомат мебахшад.
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй…
Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!
РӮДАКӢ ВА МАВЛОНО
Ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дорои тароват ва дилрабоии хосест, ки то имрӯз дилҳои ҳаводорони шеърро тасхир месозад. Ҳамчунин, шеъри Султони шоирон мояи илҳоми шуарои пас аз ӯ будааст. Бузургтарин шоирони абиёти классикии мо аз шеъри устод Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд ва ё вом гирифтаанд.
Қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и устод Рӯдакӣ машҳуру маълум аст. Ин қасидаро, ки бисёриҳо азёд медонанд, бо ин матлаъ оғоз мегардад:
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Дар пайравӣ аз ин қасида шоирони зиёде шеър сурудаанд ва яке аз онҳо Мавлоно аст, ки порае аз сурудаи шоирро дар зимн меорем:
Бӯи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Аз нисори ҷавҳари ёрам маро
Оби дарё то миён ояд ҳаме…
Қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» ба ҳадде шуҳрат дорад, ки сарояндагони бешуморе онро сурудаанд ва шоирон ба он тақлид кардаанд. Саноии Ғазнавӣ низ мафтуни ин қасида гашта, дар тақлид аз он шеъре навиштааст:
Хусрав аз Мозандарон ояд ҳаме,
Ё Масеҳ аз осмон ояд ҳаме.
Ё зи баҳри маслиҳат Руҳуламин,
Сӯи дунё з-он ҷаҳон ояд ҳаме.
Ё Сикандар бо бузургони Ироқ,
Сӯи шарқ аз Қирвон ояд ҳаме…
Аз ин бармеояд на танҳо Мавлоно, балки шоирони бузурги дигар низ ба ашъори устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳ доштаанду аз он истифода бурдаанд. Ҳофизи Шерозӣ низ аз ин истисно нест. Ӯ дар ғазале таъкид мекунад:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.
ЯК МИЛЛИОНУ СЕСАД ҲАЗОР БАЙТ!
Девони устод Рӯдакӣ бар асари ҳаводисе, ки дар давоми ҳазор сол ба вуқӯъ пайваст, нопадид шудааст. Аз ашъори ӯ бештар аз ҳазор байт дар дастраси хонандагон қарор дорад. Дар бораи он ки девони Султони шоирон дар ҷое маҳфуз асту ошкоркунандаи он ба балое гирифтор мегардад, нақлу ривоятҳои хурофӣ низ мавҷуданд.
Дар бораи теъдоди абёти ашъори Рӯдакӣ ихтилофи назар мавҷуд аст. Ин ихтилоф аз як ишораи Рашидии Самарқандӣ сарчашма мегирад. Ӯ дар асари худ «Саъднома» дар бораи теъдоди ашъори Рӯдакӣ ин гуна сурудааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.
Манзур аз сездаҳ раҳ сад ҳазор мешавад як миллиону сесад ҳазор байт. Бархеҳо муътақиданд манзури Рашидии Самарқандӣ ин буда, ки ашъори Рӯдакиро сездаҳ маротиба шумурдааст, аммо ин хулоса дур аз ақл ба назаранд. Рашидӣ як бор не, ду бор не, шаш бор не, балки сездаҳ маротиба абёти девони Рӯдакиро мешуморад. Яъне, магар хотири парешон ба ӯ иҷозат намедиҳад, ки ин корро ба дурустӣ анҷом диҳад ва ҳар бор дар шумориш хато мекунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ ва Аҳмади Розӣ низ ба ин назар ҳастанд, ки девони Рӯдакӣ як миллиону сесад ҳазор байт аст. Ин маънои онро дорад, ки ба Рӯдакӣ беҳуда лақаби «Султони шоирон»-ро надодаанд.
Шояд имрӯз чӣ қадар будани абёти девони Рӯдакӣ чандон муҳим набошад, вале муҳим он аст, ки устод Рӯдакӣ бузургтарин шоир ва мондагортарин чеҳраи адабиёти килассикии форсии тоҷикӣ аст.
РӮДАКӢ ЧАНГ БИГРИФТУ НАВОХТ
Шоирон дар гузашта бо мусиқӣ ошноии комил доштанд. Масалан, Рӯдакӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Фаррухии Сиистонӣ устодони мусиқии замони хеш буданд. Шоирон маъмулан қасидаҳояшонро бо соз ва дар яке аз пардаҳои мусиқӣ мехонданд. Ҳар кас, ки садои хуш надошт ё мусиқиро намедонист, аз ровие мехост, то шеърашро дар ҳузури мамдӯҳ бихонад.
Устод Рӯдакӣ на танҳо шоири бузург буд, балки илми мусиқиро хуб медонист ва садои ҷаззобу нотакроре дошт. Вай шеърҳояшро ба оҳанг дароварда месуруд, ки таъсири суханаш бамаротиб бештар мегашт.
Шоҳони Сомонӣ ба рушди илму маърифат таваҷҷуҳи хосе зоҳир мекарданд. Бузургтарин китобхона он даврон дар Бухоро буд, ки Абуалӣ ибни Сино онро дид, истифода бурд ва таъкид сохт, ки чунин китобхонаро дар ҷое пайдо нанамудааст.
Рӯдакӣ фарзанди чунин рӯзгор аст. Вай дар дарбори Сомониён ба нуфуз ва ба сарвате афзун даст ёфт. Нуфузи шеър ва мусиқии ӯ дар дарбори Наср бини Аҳмад чандон буд, ки достони бозгашти подшоҳ аз Ҳирот ба Бухоро ба хубӣ баёнгари он аст.
Ҳангоме ки Наср бини Аҳмади Сомонӣ ба Ҳирот рафта, дергоҳе дар он диёр монда буд, ҳеҷ кас ёрои онро надошт аз подшоҳ биҳоҳад ба Бухоро баргардад. Дарбориён аз Рӯдакӣ хостанд, то ӯ ин вазифаи душворро бипазирад. Рӯдакӣ шеъри машҳури «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро навишт ва дар соати мувофиқ барбат ба даст гирифту барои шоҳ суруд. Аз шунидани ин шеър бо садои дилошӯби Рӯдакӣ шоҳ ба ваҷд меояд, ёду ишқи Бухоро дар дилаш аланга мегирад ва дар замон амри кӯч бастанро медиҳад.
Дарбориён ва шоирон ҳама Рӯдакиро гиромӣ медоштанд, қудрат ва тавоноии шеъри ӯву садои дилпазирашро мешинохтанд. Бузургоне чун Абулфазли Балъамӣ, Шаҳиди Балхӣ ва Абулҳасани Муродӣ бо ӯ дӯстию наздикӣ доштанд.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





