Парчами мо
Парчами нанг асту ору ҳиммату номуси мо,
Парчаме, пирӯзӣ ҳар дам сар кашад сӯи само.
Парчаме, к-он рамзи давлат ҳаст бо Гимну Нишон,
Бас муқаддас муҳтавою муҷтабо дар як фазо.
Парчами бахту саодат бо ҳазорон ормон
Медиҳад дар хонаи ҳар тоҷик ин машъал ҷило.
Парчами иқболу ваҳдат, амну истиқлолу сулҳ,
Тоҷи зар бар фарқи аҳли хонадон бошад ливо.
Парчами нангу муқаддас, фахри миллат аз азал,
Зери боли он Суруди Миллӣ ояд бар наво.
Парчами ободию озодию осудагӣ,
Рамзи осоиштагию амнию сулҳу сафо.
Парчами азму ирода, ҳиммату ҷаҳду ҷадал,
Арзишу шоистагию қимати волобаҳо.
Парчами сидқу матонат, ҳарбу зарби боҳадаф,
Ҳар яке аз ранҷҳояш медиҳад файзи ҷудо.
Парчами пайки ҷавонӣ, Парчами ҷӯшу хурӯш,
Шоҳиди сидқу сафои мардумони ҷонфидо.
Парчами қудрат, шуҷоат, родмардию ғурур,
Зери он ҷон додан аз баҳри Ватан бошад раво.
Парчаме бурданд чун рамзи Ватан варзишгарон
Амрикою Африқою Аврупою Осиё.
Парчами шавқу ҳавасҳо, майлу завқу орзу,
Хуш намои боғу бӯстону фазои дилкушо.
Парчаме, Сарвар ба оғӯшаш гирифт аз баҳри амн,
Гуфтааш бо карда иҷро гашт, бин, дар ҳар куҷо.
Парчами давлат, ливои миллат, арҷи Пешво,
Он чӣ Сарвар дорад андар дил, дар ӯ шуд рӯнамо.
Парчаме, бо ӯ Паёми Пешво карданд гӯш,
Ибтидое буд, ки шуд ҷанги Ватанро интиҳо.
Парчаме, бо даъваташ ҳар як фирорӣ бозгашт,
Чун бишуд амну амонӣ, ҷумлагӣ шуд ҷобаҷо.
Парчами покию покизагию озодагон,
Бо фурӯғаш некҳоро аз бадон созад ҷудо.
Парчаме, к-он дар ҷаҳон маъруф карда халқи мо,
Зери он дар созмонҳо Гимни мо бидҳад садо.
Парчами саъю талош, аз меҳнати халқи куҳан,
Шаҳру деҳоташ чӣ зебо шуд зи азми Пешво.
Парчами сарчашмаи таъриху ҳам фарҳанги мо,
Чун шаҳодат медиҳад таърихи мо ҳаст Ориё.
Парчаме, к-он бар баландиҳо ҳидоят мекунад,
Ҳам нишоне ҳаст аз таъриху аҷдоду ниё.
Парчаме, к-омад з-Авасто чун Дирафши ковиён,
Мекунад моро ба мо «Шоҳнома» бо он ошно.
Парчаме, к-аз пешдоман Кова онро барфарохт,
Дар набарди хасм онро кард бар худ муттако.
Парчаме, к-он ҷилвагар бар боми Қасри миллат аст,
Тоҷи давлат, ҳафт ахтар дар фарозаш ёфт ҷо.
Парчаме, к-он ёфт дар ҳар даврае номе наку,
Гаҳ дирафшу байрақу гоҳе алам, гоҳе ливо.
Парчаме, к-он иттиҳоду иттифоқи миллат аст,
Бо муҳаббат сӯи иршод аст моро раҳкушо.
Парчаме, ки қисмати миллат дар он гардида дарҷ,
Кишт Сарвар донае, ки руст аз он боғҳо.
Парчаме, наздаш хӯрӣ савганд бар Модар - Ватан,
Киштиён дар зери он бинем дар обу ҳаво.
Парчаме, к-он доимо болост андар ҳар набард,
З-ин баландӣ хатми неку мепазирад моҷаро.
Парчаме, зебо, шукуфо, зинати базму нишот,
Сар кашад бо он Душанбешаҳр то авҷи уло.
Парчаме, к-он бар Душанбе сарбаландӣ медиҳад,
Пойтахт оӣ, туро Парчам бигӯяд: марҳабо!
Парчами пайванди мо бо Созмону аҳли даҳр,
Тору пуди дӯстӣ пайванд андар рафтуо.
Парчаме, шуд қатънома дар ҷаҳон бо он қабул,
Ёфт аз иқдоми Сарвар эътибораш иртиқо.
Парчаме, ки зераш имзо гашт созишномаҳо,
Дар масири манфиатҳо нест зинҳораш хато.
Парчаме, к-аз он бувад шаъну шараф, ҷовид бод
Ифтихори аҳли фарҳангу ҳунар, аҳли зиё.
Парчаме, к-он ҳаст лутфу шафқату эҳсону меҳр,
Аз нигоҳи маънавӣ дармонгияҳ баҳри даво.
Парчаме, ки даъваташ тобу таҳаммул ҳасту сабр,
Шоҳиди бас бохту бурд асту дида ҳам ҷафо.
Парчаме, шодию хурсандию хушҳолӣ диҳад,
Дамбадам хонем бар он аҳсану мадҳу сано!
Парчаме, гулдухтарон дар бар кунандаш чун ҳарир,
Аз фурӯғи поки он гарданд хубу хушлиқо.
Парчаме, к-аз нуру рангаш пайки фирӯзӣ расад,
Ҷамъ ояд халқ даври он ба шодию ризо.
Парчаме, к-он ифтихору бахтиёрӣ оварад,
Ҳамчу бахти худ барояш мекунем оғӯш во.
Парчаме, ки рамзи ишқи поку инсонигарист,
Бар муҳаббат, азму меҳру некӯӣ бошад ҳудо.
Парчаме, к-аз орзуҳо баҳру уқёнус кард,
Киштии мақсуди моро бодбон шуд дар шино.
Парчами савганди сидқу кӯшишу ҷаҳду амал,
Хизмати Модар-Ватан аз таҳти дил созем адо.
Парчаме, моро шуҷоат бахшаду руҳу равон,
Аз мақомаш файз ёбад умру гардад бобақо.
Парчаме, ки дар амал бошад шиори Пешво:
Пеш рав, эй Тоҷикистон! Нест роҳе бар қафо.
Парчаме, донанд олимҳои дунё соҳибаш,
Бар ҷаҳон иқдомҳои Пешво шуд раҳнамо.
Парчаме, тартибу қонун хоҳаду назму низом,
Дар ҳарос аз шуҳраташ хасму рақиб, аҳли риё.
Парчаме, к-орад шуҷоат, ҳам вафо, аҳли низом
Гимн хонда ҳарбиён дар зери он бо савти по.
Парчаме, ангезаи илҳоми шоирҳо бувад,
Васфи он гуфтанд ҳар як, мо нагӯемаш чаро?
Парчаме, шуд зинати васфаш басе шеъру суруд,
Санъати сеҳри суханро гашта неку ибтидо.
Парчаме, ки гирди он ҷамъанд аҳли ин Ватан,
Кишваре, бас хушҳаво бо чашмаҳои босафо.
Парчаме, бо ӯ Ватан сулҳ асту дар амну амон,
Созмонҳои ҷаҳонӣ додаанд ин сон баҳо.
Парчаме, ки парфишонӣ карда бар рушди Ватан,
Шукри онро гар ба ҷо н-орем, бошад носазо.
Парчаме, к-он ҳаст дар ёду дили ҳар як ғариб,
Ғурбатат оҳан кунад, меҳраш бувад оҳанрабо.
Парчаме, даъват кунад бар донишу илму хирад,
Чун далеле қомати болош бар ақли расо.
Парчаме, илми замона дар замираш мундариҷ,
Ибни Синоро бидида ҳозиқи тиббу даво.
Парчаме, созад ҷавононро ҳидоят роҳи рост,
Дода аз таърих панди рӯзгоронро нидо.
Парчаме, бошад ба ҳар як хонадоне парфишон,
Меҳри ин парчам нишаста дар дили ҳар кадхудо.
Парчами илҳомбахше, мавҷи маъниофарин,
Эй Ниҳонӣ, нуктаозин соз ҳар ҳарфу ҳиҷо.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
