https://sadoimardum.tj

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

26 июн 2026, 16:34
6

Дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯсти ноҳияи Восеъ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳия бинои нави таълимӣ барои 400 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷӣ беш аз 1,8 миллион сомонӣ сохта шудааст. Он аз ду ошёна, 8 синфхонаи барҳавои замонавӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат мебошад.

Изҳор гардид, ки дар рафти сохтмони бинои муассиса 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: