https://sadoimardum.tj

Номаҳои бетаҳрир

Мушкилоти мо кай ҳал мешавад?

№:90 (5142), 27 июл 2026, 17:06
6

Маориф дар кишвари мо аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баҳри пешрафти соҳа пайваста тадбиру чораҳои судманд андешидаю роҳандозӣ мегарданд. Ин аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ чандин муассисаи нави таълимии ҷавобгӯи талаботи рӯз сохта ба истифода дода мешаванд. Омӯзгорон низ ҳоло аз бисёр имтиёзҳо бархӯрдоранд. Вале, бо вуҷуди ин, дар фаъолияти баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар мушкилот ба назар мерасад.

Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ба номи Чӯлибой Комилов дар шаҳри Истаравшан. Муассисаи мазкур аз ду ошёна ва 20 синф­хонаи таълимӣ иборат буда, соли 1988 ба истифода дода шудааст. Он яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳудуди Истаравшан ба ҳисоб рафта, ҳоло ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Вазъи синфхонаҳо, аз ҷумла синфхонаҳои физикаю химия, биология, география, математика, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, забон ва адабиёти тоҷик, умуман ҷавобгӯи талобот нестанд.

Аёнияти дарсии фанҳои физика, химия, биология корношоям шуда, гузаронидани корҳои лабораторӣ ғайриимкон гаштааст.

Мизу курсиҳои бисёр синф­хонаҳо низ кайҳо бояд иваз мешуданд, аммо...

Бо фаро расидани фасли зимистон мушкилоти омӯзгорону хонандагон дучанд мегардад, зеро синфхонаҳо дар ин фасл бениҳоят хунук мешаванд. Ҳарчанд дар ҳама синфхонаҳо печҳои аловӣ насб шудааст, вале онҳо пурра бо гармӣ таъмин карда наметавонанд.

Дар баробари ин, муассиса ба хати озоди барқ ниёз дорад. Вазъи майдончаҳои варзишу тайёрии ҳарбӣ, гармхона, анбори нигоҳдории ҳезуму ангишт низ хароб аст. Ошхонаи он низ дар ҳолати ногувор қарор ­дошта, ҷавобгӯи талаботи санитарию гигиенӣ нест.

Дар хусуси ҳоли табоҳи муассисаи мазкур ба мақомоти дахлдори соҳа борҳо муроҷиат шуда буд, вале, то ҳол мушкилоти он бартараф нашудааст. Шояд, ин бор садои мо ба гӯши масъулон мерасад ва дар арафаи Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мушкилоти омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ба номи Чӯлибой Комилов бартараф мешавад.

Шерзод КОМИЛӢ,

омӯзгор

Ҳамчунин дигар маводҳо: