Дар ВМКБ 31-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил шуд
Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорабинӣ баргузор гардид.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарҳадбононро табрик намуда, иброз дошт, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди меҳанпараст мебошад. Сарҳади давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоте маҳсуб мешавад, ки ҳимояи он нангу номуси ватандустӣ ва содиқу вафодор будан ба миллатро тақозо менамояд.
Ҳамзамон, раиси вилоят иброз намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои ватандӯстона ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори пуриқтидори ҳарбӣ табдил ёфта, бо техникаҳои муосир муҷаҳҳаз шуд. Сатҳи донишу садоқати афсарону сарбозони ин ниҳоди муҳофизи марзу буми кишвар низ беҳбуд ёфта, онҳо рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуда истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси вилоят, роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ, сарҳадбонону афсарон, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва як қатор идораву муассисаҳои маҳаллӣ бо медалу ифтихорнормаҳои ҷашнӣ сарафроз шуда, барномаи рангини аҳли фарҳанг пешкаши ҳозирин гардид.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





