Иншооти бунёдшуда аз нақша зиёд аст
Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар ноҳияи Ёвон 649 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин хусус зимни суҳбат мудири бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода иттилоъ дод.
Маблағи умумии иншооти бунёдгардида беш аз 704 миллион сомонӣ буда, нақшаи пешбинишуда 130 фоиз иҷро шудааст.
Зикр гардид, ки баъди бунёди иншооти нав беш аз 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Дар ин давра ба таъмиру таҷдиди роҳҳо низ диққати зарурӣ равона гардида, 225 километр роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мумфарш шудаанд.
Феълан дар 40 иншооти дигар сохтмон бомаром идома дошта, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
