https://sadoimardum.tj

Қабули ду ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби АБП ИДМ

№:142 (5194), 04 ноя 2026, 09:14
4

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамб­леяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи ду қонуни намунавӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Лоиҳаи қонунҳои намунавии мазкур «Дар бораи хизматрасониҳои рақамии байнидавлатӣ» ва «Дар бораи рақамикунонии худидоракунии маҳаллӣ» мебошанд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Илҳом Камолзода зикр намуд, ки рушди хизматрасониҳои рақамии байнидавлатӣ барои таҳкими ҳамкориҳои давлатҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, содагардонии расмиёти маъмурӣ, фароҳам овардани имконияти нави ҳамкории электронии мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи рақамикунонии худидоракунии маҳаллӣ» таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал, шаффофияти фаъолияти мақомоти дахлдор ва тақвияти робитаи онҳо бо аҳолӣ мусоидат намояд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: