Ҳама ваҳдатсарои ин Ватан бошем
Аслан ваҳдат вожаи нав нест, вале ин мафҳумро халқи азияткашидаи тоҷик маҳз замони ҷанги таҳмилии кишвар бештар шинохт, дарк намуд, эҳё кард, тавсеа бахшид ва ба он қабои нав пӯшонд. Ин вожаро имрӯз халқи сарбаланду қавииродаи қарнҳо аламдидаи тоҷик ниҳоят муқаддас мешуморад, зеро ба моҳияти он дар қиёс ба дигар мардуми дунё бештар сарфаҳм мераванд.
Имрӯз, вақте ки ҳамчун як фарди одӣ аз вазъи муташанниҷи замони кунунӣ андеша мекунам, хотираҳо маро ба дуриҳои дур мебарад. Гӯё чанд рӯз қабл буд, ки дар ҷумҳуриамон боди касофатборе вазида, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расиданд. Бархе аз мардуми минтақаи даргир гуреза шуда, ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Аламовар он буд, ки дар ин ҷанги бародаркуш даҳҳо ҳазор ҷавонони бегуноҳи миллат ба ҳалокат расиданд. Ҷавонони ғӯрамарге, ки ҳанӯз аз дунё чизе надида буданд, орзую армони хешро зери хок бурданд. Ин аст, ки модарони аламдида ба ёди ҷигарбандони ғӯрамарги хеш бо ғаму андуҳи гарон зиндагӣ мекунанд ва то ҳанӯз месӯзанду ашки талх мерезанд.
Он рӯзҳо мардуми шаҳру навоҳии ҷануби кишвар тӯли шаш моҳ ба муҳосира гирифта шуд ва саркардагони ин даргириҳо намегузоштанд, ки аз марказ ба он қисмати кишвар маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол ёбад. Мардуми бегуноҳ ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гашта, аз гуруснагӣ кӯдакону беморон ва пиронсолон ҷон бохтанд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор кас кушта, беш аз 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монда, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зиён расида, рушди кишвар чанд даҳсола ба ақиб партофта шуд. Яъне, душманону бадхоҳон тавонистанд байни фарзандони як миллат ҷудоӣ андозанд.
Дар он айём нафаре лозим буд, ки ба ин нобасомонию ноадолатиҳо хотима бахшад ва ин ҷавонмарди ғаюру ҷонфидо, албатта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Бо кӯшишу талошҳои ҷасуронаю оқилонаи Пешвои миллат дар муддати нисбатан кӯтоҳ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт.
Ин фарзонамарди миллат дар мулоқот, ҷамъомаду чорабиниҳои дохиливу хориҷии кишвар роҷеъ ба ваҳдату иттиҳоду ҳамдилӣ самимона андешаронӣ менамоянд. Ба мардум, хосса ҷавонону наврасон, маънию мазмун ва аҳамияту моҳияти ваҳдату ягонагиро мефаҳмонанд, шарҳу тафсир медиҳанд ва таъкид менамоянд: «Мо иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷашни миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, бояд чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона ба хотири ободии Ватан ва рушди давлати миллиамон аст».
Маҳз аз марҳалаи ба ваҳдати миллӣ расидан сатҳи зиндагии халқи тоҷик беҳбуд ёфт, тадбирҳои мушаххас ва ниҳоят самарабору манфиатовар андешида шуд. Фармонҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан, дар бораи тақсими 75 ҳазор гектар замини «президентӣ» ба мардум барои наҷот додани халқи тоҷик аз хатари гуруснагӣ ниҳоят саривақтӣ буд.
Дар давоми беш аз 34 соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик маҳз тавассути пойдории ваҳдати миллӣ ва роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошт. Тӯли ин муддат кишварамон соҳиби Парчаму Нишони ва Суруди Миллӣ гардид. Бо шарофати заҳмату кӯшишҳои фарзонамарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва Артиши миллӣ ташкил шуд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият барқарор гашта, баҳри эъмори ҷомеаи навин заминаи боъэтимод гузошта шуд. Ба шарофати тадбирҳои оқилонаи фарзонамарди миллат дар марҳалаи хеле кӯтоҳ кулли он вайронаю харобкориҳо бартараф шуда, иншооти беназир, неругоҳҳо, нақбҳои азим, шоҳроҳҳои бузург ба вуҷуд омаданд.
Бо шарофати пойдор будани ваҳдати миллӣ имрӯз истиқлолияти давлатии ҷуҳмурии моро беш аз 190 кишвари олам шинохта, зиёда аз 180 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дошта, беш аз 60 давлат сафирони муқим ва ғайримуқими худро дар ҷумҳурии мо таъин намуданд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо узви беш аз 80 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол қабл, зимни таҷлили солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин изҳор намуданд: «...Он ҷанги дохилии даҳшатнок низову ҷанги таҳмилие буд, ки аз тарафи душманони дохилию берунӣ вусъат дода шуд ва дар натиҷа ба ҷумҳурӣ хисороти азими ҷонию моддӣ ва маънавӣ расид. Мо, халқи тоҷик, оқибатҳои ин ҷангро набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш намоем...».
Боиси фараҳу нишот аст, ки ҳар сол мардуми тоҷик бо ифтихор Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Чӣ гуна метавон ин рӯзи саиду фархундаро таҷлил накард ва оё метавон абармардеро, ки тамоми ҳастӣ ва нерую қудраташонро барои бақою пойдории ваҳдати миллӣ, Ватани хеш, баҳри миллати меҳнатқарини худ бахшиданд, васф накард? Такрор менамоем, ки ҳамаи ин дастоварду комёбиҳо натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомоти созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тавассути азму талош ва ранҷу заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат кишвари мо аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, халқи тоҷик дар ҷодаи эҳёи давлатдории миллӣ ба комёбиҳои беназири таърихӣ ноил гардид. Ҳоло бошад, мардуми заҳматкаши тоҷик дастовардҳои истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшонтар гомҳои устувор мегузорад.
Имрӯз дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ барқарор аст ва мо аз дастоварди беназир бояд шукрона кунем. Шукр намоем, ки мардуми мо зиндагии тинҷу осоишта доранд ба фарзонамарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корнамоию хизматҳои беназирашон дар ҷодаи барқарор намудани ваҳдати миллӣ, таҳкими бақои миллату эҳёи давлат ҷавонмардона аҳсан хонем, барояшон шеъру достонҳо офарем, ба хидматҳои шарафмандонаю ҷасурона, наҷибу ватандӯстона ва қаҳрамонии бемислу беназирашон самимона ва беш аз пеш арҷ гузорем.
Ин қарзи виҷдон ва рисолати инсонии мост!
Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





