https://sadoimardum.tj

Сад нақб гашт во

№:106 (5002), 12 сен 2025, 17:58
0

Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу рушди босуботи кишвар ҳадафи аслии Пешвои миллат дар масири давлатдории навини тоҷикон буду ҳаст. Роҳҳои расидан ба чунин ҳадафҳои олӣ дар масири таърих мухталифанд. Ду роҳи эътирофшудаи он - яке маънавӣ ва дигаре ҳарбист, ки дар ҳарду самт иқдом ва кӯшишҳои Роҳбари давлати тоҷикон калидӣ ва тақдирсоз буд.

Дар самти маънавӣ, ки масири асосӣ маҳсуб мешавад, бедор кардани эҳсоси ватандорӣ ҷойгоҳи хос дорад. Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори асил, ин равандро бо роҳи шиносондани миллат бо фарҳанг, таърих, забон, дин ва оини аҷдодӣ оғоз намуданд. Бо таҷлили солгард ва гиромидошти шахсиятҳои бузурги ниёгон, аз ҷумла Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (5 сентябри соли 1994), 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (сентябри 1995), 675-солагии Хоҷа Камол (соли 1996), 1000-солагии Носири Хисрав (2003), 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90 ва 100-солагии Мирзо Турсунзода (2001, 2011) ва дигар ҳамоишҳои бонуфуз, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллии мардум хеле боло рафт. Қадршиносии заҳматҳои Сад­риддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва сазовор донистани эшон ба унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон гувоҳи рушди сиёсати фарҳангии кишвар аст. 

Зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихӣ, ба мисли 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 3000-солагии Ҳисори шодмон (2015) ва 5500-солагии Саразм (2020), поси хотири шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ, ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик, эҳёи тафаккури созанда, чопи китобҳо ва асарҳои безаволи ниёгон ба хотири устувории решаҳои таърихии миллат на танҳо халқро ба худ шиносонид, балки ҳаққи таърихии тоҷиконро ҳифз намуд. 

Мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ зина ба зина баланд бардошта шуд. Номи шаҳрвандону хиёбонҳо кӯчаҳо, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо исмҳои зебои таърихию абармардони миллати тоҷик иваз шуданд. Дар харитаи сиёсии кишвар ва ҷаҳон Суғду Рашт, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Темурмалику Спитамен, Ҷомию Ҳамадонӣ ҳамчун марказҳои маъмурӣ-ҳудудӣ пайдо шуданд. Пули миллии сомонӣ бо симои шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ муносибатҳои иқтисодии субъектҳои муносибатҳои шаҳрвандӣ ва молиро ба шинохти фарҳанг, забон ва қаҳрамонони миллат тавъам намуд. 

Дар шароите, ки бегонагон бо сӯиистифода аз озодиҳои давлати демократии Тоҷикис­тон ақидаҳои ифротиро ба фазои андешаи динӣ ворид намуда, ба ин роҳ хостанд ҷомеаро ноором намоянд, Президенти мамлакат ҳамчун Роҳбари ғамхор ва пуштибони андешаҳои солими динӣ ва муҳофизи дини мубини ислом, соли 2009-ро «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намуда, бо чопи китоб­ҳои илмӣ миёни мардуми кишвар мазҳаби ақлгаро ва таҳаммулпазири ҳанафиро муаррифӣ намуданд. 

Беш аз 300 ҳазор нусха Қуръони карим бо забони тоҷикӣ, шоҳасари «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва асарҳои зиёди Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷик, ки саршори ғояҳои инсондӯстона ва ақидаи беолоиши динӣ буданд, бо дастгирии Роҳбари давлат нашр гардидаанд. 

Бо азму талоши Пешвои миллат халқи беш аз ҳазор сол ҷабру ҷафокашидаи тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат дар ҷаҳон муаррифӣ шуд. Миллатро аз нобудӣ наҷот доданд, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашиданд, миллатро ба сулҳу ваҳдат расонданд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд. 

Мегӯянд, ки нобиғаҳо дар даврони фаъолияташон на барои хеш, балки барои халқашон хидматҳои мондагору шоиста анҷом медиҳанд. Ин ҳақиқатро метавон дар симои барҷастаи фарзанди як модари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармало мушоҳида намуд. 

Донишманде фармудааст: «Баъзе инсонҳо аз модар бузург таваллуд мешаванд, баъзеи дигар худро бузург нишон медиҳанд ва қисми дигар сипас бузург мешаванд». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аз модар бузург таваллуд шудаанд ва ҳамвора бо бузургиву матонати худ ҳамчун Пешвои миллат халқро ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намудаанд. Ният ва маромашон нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот солим бурун омаданд. Бо дарки дуруст ва сиёсати амиқи пешгирифтаашон паи ҳалли масоили ҳалталабе гаштанд, ки боиси ақибмонии соҳаҳои гуногун мешуданд. Ҳамчун сиёсатмадори моҳир, на танҳо мушкилиҳои давравӣ, масъалаҳои ҳалталаби рӯзмарраи халқро сари вақт дарк карда, вобаста ба шароити таърихӣ ва имкони мавҷуда дар доираи манфиатҳои миллат ва давлат ҳал карданд, балки ба ҳайси як Роҳбари дурбин тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ташаббускор, хоса дар самти обу иқлим, муаррифӣ намоянд.

Ба қавли Олимхон Исматӣ:

Гар шамъи анҷуман набувад, нур аз куҷост?

Моем аҳли анҷуман, бо Пешво ба пеш!

Илм аст маншаи ҳама рушду нумуи халқ,

Дар асри фатҳи илму фан, бо Пешво ба пеш!

Сад роҳ тахт гаштаву сад нақб гашта во,

Фарҳодҳои кӯҳкан, бо Пешво ба пеш!

Аз файзи мақдами Шумо гул мекунад Ватан,

Эй ҳомиёни ҷону тан, бо Пешво ба пеш!

Воқеан, танҳо чунин шахс - боирода, худшинос, ватандӯст, далеру нотарс метавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш созад, давлату миллатро ба пеш, сӯи шукуфоӣ раҳнамо гардад. Аз ин ҷост, ки мардуми кишвар Пешвои миллатамонро ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат эътироф ва эҳтиром менамоянд. 

 Ҷойи шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки мо фарзандони миллати соҳибдавлатем ва давлате бо номи Тоҷикистон дорем, аз ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсии худ бархӯрдорем. Миллате, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ надорад, миллати дар маҳбасбударо мемонад, ки аз ҳама гуна ҳуқуқҳо маҳрум аст. 

«Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст», - гуфтааст шоир. Маҳз муттаҳидии мардум дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин рӯзҳои неку муборак расидем. Шукрона аз он дорем, ки мардуми азизи кишварамон имрӯзҳо бо табъи болида 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои бузургу созанда истиқбол мегиранд.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: