https://sadoimardum.tj

Мақсад: аз ҳар гектар 20 тонна ангур

19 сен 2025, 10:48
0

Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан солҳост, ки бо токпарварии худ дар ҷумҳурӣ маъруф аст. Имрӯз дар майдони зиёда аз 1525 гектар замин ангур парвариш меёбад. Дар 1203 гектари он токзорҳои ҳосилдеҳ доман густурда, ангури кишмиши сиёҳ, тагобӣ, ҳусайнӣ ва тоифӣ парвариш меёбад.

Бояд таъкид кард, ки қисми зиёди ангури кишмиши сиёҳ барои тайёр кардани мавиз захира мешаванд. Ин навъи мавиз чун маҳсулоти машҳури Истаравшан обрӯи деҳқононро дар сатҳи ҷумҳурӣ боло мебарад.

Соли равон токпарварони Истаравшан нақша доранд, ки аз ҳар гектар токзор аз 15 то 20 тонна ангур истеҳсол кунанд.

Танҳо соли 2024 кишоварзону хоҷагидорони ин ноҳия зиёда аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол кардаанд.

Н. ТУРСУНОВ,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: