https://sadoimardum.tj

Тақдири мову қисмати олам дигар якест

№:111 (5007) 24 сен 2025, 16:14
0

«Деҳ марав», - гуфта буд Мавлоно, аммо Алимуҳаммад Муродӣ рафт. Ӯ худро дар деҳа ҷустуҷӯ кард, деҳае, ки бӯи модарашро дошт, аммо вай ҳангоме ки ба деҳа баргашт, шоир буд, шеърро ба деҳа овард. Мегӯянд шеър мусиқии руҳҳои бузург аст. Бо омадани Алимуҳаммад ин мусиқӣ фазои деҳаро пур кард, дилҳою гулҳоро маст намуд...

 Шоир дар деҳа нағунҷид. Деҳаро ба дунё бурд, дунёро дар деҳа ҷо кард: 

Ҷаҳон дар ман ниҳон, ман дар ҷаҳонам,

Ҷаҳон аз ман ҷавон, ман з-ӯ ҷавонам.

Намонам гар намонад зиндагонӣ,

Бимонад зиндагӣ, гар ман намонам.

Алимуҳаммад Муродӣ деҳаро ба олам табдил додааст. Дунёро дар деҳе ғунҷондаю оламеро дар деҳе. Ӯ шоирест, ки аз шодию дарди башар ҳарф мезанад. Ишқро дар бахти одамон хулоса мекунад, лабханд­ро меситояд, парвозро зиндагӣ мекунад:

Имрӯз даҳр чун шабу рӯзи гузашта нест,

Тақдири мову қисмати олам дигар якест.

Муродӣ дар шаҳристони шеър зиндагӣ мекунад, аз ҳавои шеър нафас мекашад, бо тутии ҷони шеър ба гуфтор меояд. Оташи шеър дар синаи шоир чун гулхани ҷони миллату Ватан фурӯзон аст ва ӯро месӯзаду месозад:

Гуфтам: Ватанам, дилам зи ғам бирён шуд,

Гуфтам: Чаманам, сина аловистон шуд.

Гуфтам, ки кунам ҳикояти қисмати қавм,

Гап дар даҳанам сӯхт, ҷигар бирён шуд.

Ин шоир ҳаштод баҳор аст, ки аз ҳавои гоҳе доғ ва гоҳе муаттар нафас мекашад ва имрӯз чун шоири барҷастаи халқ ном баровардааст. Чанд рӯз пеш китоби «Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар», ки ба рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ бахшида шудааст, дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоӣ шуд. Дар ин ҳамоиш шоирону олимон ва мухлисони шеъри шоир ҷамъ омаданд. Дар китоб мақолаҳо оид ба рӯзгор ва осори шоир, мусоҳибаҳои ӯ бо рӯзноманигорон ва андешаҳои одамони касбу кори гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ашъори Муродӣ гирд оварда шудааст.

Ба андешаи муратиби китоб профессор, узви вобастаи АМИТ Аламхон Кӯчарзода, «Алимуҳаммад Муродӣ шоири андешапарвар ва рангинхаёл аст. Шоир месӯзаду месозад ва ба ғаму шодии одамон шарик аст. Майл намудан ба кӯтоҳбаёнӣ А. Муродиро водор намудааст, ки бештар ба маъниву муҳтавои сухан такя намояд ва аз имкони тафаккури бадеӣ ҳарчӣ моҳиронатар истифода карда, маънии матлубро дар ниҳояти мухтасарӣ ба хонанда пешкаш намояд:

Сиришкатро

Даруни ҳавзи чашмонат бикун пинҳон,

Ки дарёдаркаш аст ин зиндагӣ, сери надорад ҳеҷ».

Дар маҳфил муҳаққиқони осори шоир М. Имомов, Аламхон Кӯчаров, Мубашшири Акбарзод, шоирон Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ, Давлат Сафар ширкат варзида, доир ба осори шоир суҳбати хотирмон карданд. Ба андешаи Мубашшири Акбарзод, «гоҳе баёни шоир ба шоирони сабки ҳиндӣ наздик мешавад. Дар байти зер марди ғарибро ба обе, ки аз соҳили Ватан берун меравад, ташбеҳ кардаву ғурбатро мояи парешонии он медонад:

Ҷамъ кай бошад ба ғурбат хотири марди ғариб,

Об аз соҳил бурун гардад, парешон мешавад.

Пайдост, ки ин шоир дар тасвиргарӣ маҳорати хуб дорад. Дар пораи зер, ки шабро ба беша, абрҳоро ба тӯр (дом), ситораҳоро ба донаҳои дом ва моҳро ба мурғ ташбеҳ додааст, ҳунармандии ӯ равшантар мегардад:

Дар тӯри абрҳо

Печидааст мурғи тилоии моҳтоб...

Дар бешаи сиёҳи шаби равшанишикор

Чун донаҳои дом парешон ситораҳо».

Алимуҳаммад Муродӣ воқеан ҳам шоири барҷаста аст. Ашъори ӯ намаки хос дорад. Ташбеҳу тасвирҳо, истиораю киноя­ҳо дар шеърҳои иҷтимоӣ ва ошиқонаи шоир ба таври равшану чашмгир аз худ дарак медиҳанд. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳарфи тоза аст. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Ҳасад», ки ба Алимуҳаммад Муродӣ бахшидааст, мегӯяд:

Мебарам бар ту ҳасад, марди Худо,

Ҳасади шоирӣ ҷамъи ҳавас аст.

Чашмаи софию аз баҳр ҷудо,

Дидани гавҳари умри ту бас аст.

Гуфтаҳои боло гувоҳи он аст, ки Алимуҳаммад Муродӣ дар адабиёти муосири мо ҷойгоҳи хос дорад. Шеъри ӯ натиҷаи илҳоми саршор ва ҷустуҷӯи пайваста аст. Вай аз зумраи шоиронест, ки ба худ иҷоза намедиҳанд сухани хоме ба ашъораш роҳ ёбад. Ашъори ӯ то имрӯз дар маҷмуа­ҳои «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Роҳи руҳ», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор», «Моҳи хасрав», «Боғи мурод», «Сунбулкон» ба дасти хонандагон расидаанд.

Озар Салим, шоири тавонои тоҷик, дар байте ҷойгоҳи баланди шеъри Муродиро ба назар гирифта, мегӯяд:

Ба Яздон бигуфтам, ки моро чӣ додӣ?

Бигуфто: Муродӣ, Муродӣ, Муродӣ!!!

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: