Туҳфаҳои хотирмон
Саргарми кор будам, ки садои занги телефон маро ба олами ҳастӣ баргардонд.
- Салом дӯстам, - мешунавам овози ширадори омӯзгори куҳансол Саидқурбони Ҳаитро. – Медонӣ, мо имрӯз туҳфаи хеле гаронбаҳои Пешвои маҳбубамонро гирифтем. Достони оламшумули «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсиро. Афсӯс, ки наомадӣ. Тамоми мардуми деҳа ҷамъ шуда буданд. Сарҷамъии мардуми деҳаро дер боз надида будам. Раҳмат ба Пешвои миллат, ки ба шарофати туҳфаи арзишмандашон сокинони деҳаро сарҷамъ карданд. Дидори ҳам дидему дар бораи ободиҳои кишварамон қисса кардем. Аз корномаи Пешвои миллат гуфтему аз рушду нумуи мамлакат ифтихор намудем.
- Муборак шавад. Пайи коре ба ноҳияи ҳамсоя рафта будам…
- Ҳеҷ гоҳ мардумро ин қадар шоду болидаруҳ надида будам, -суханамро бурид омӯзгор. – Хоса пирони рӯзгордида. Ба Пешвои миллат барои ин кори хайр сано хонданд. Китобҳоро гирифтаму гузашта пеши рӯ омад. Шояд, ба хотири ту ҳам мондааст (муаллим аз ман панҷ-шаш сол калонтар аст). Ҳар бегоҳ мардони деҳа дар чойхона ҷамъ мешуданд, амаки Тоҷиддину бобои Саидаҳрор ва муаллими номдори деҳа Киромиддин барои онҳо «Шоҳнома» мехонданд. Мо таги тирезаҳо менишастему гӯш мекардем. Шабе, ки барои онҳо қиссаеро намехонданд, аз чойхона хафа мебаромаданд. Одат шуда буд.
- Ёд дорам. Соле, ки достони «Гӯрғулӣ» бори аввал чоп шуд, даст ба даст мегашт. Дар чойхона мехонданду пирон ашк мерехтанд. Барои хароб шудани Чамбули Мастон, ба асорат афтодани Авазхону фарзандони вай мегиристанд.
- Кош, ҳамон рӯзҳоро боз такрор мекардем. Орзу дорам, ки ҷавононро ба чойхона даъват кунем ва чанд бегоҳ ту барояшон аз «Шоҳнома» достонҳоро қироат кунӣ ва бо забони оммафаҳм ҳар достонро ҳикоя кунӣ. Акнун бачаҳо дигар шудаанд. Бархе аз онҳо завқи шунидану хондан надоранд. «Шоҳнома» асарест, ки ба инсон дарси худшиносию ватандӯстӣ медиҳад. Дар ҷавоби заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ҳамин корро карданамон лозим. Бояд ҷавонони кишварамон на дар сухан, балки дар амал пайрави Пешвои маҳбуби миллат бошанд. Дарси ватандӯстию худшиносиро аз ӯ ва «Шоҳнома» биомӯзанд, дунё гулистон мешавад.
- Дуруст мегӯӣ, муаллим, - гуфтам дар ҷавоб. – Пешниҳоди хуб аст, аммо шабҳангом наметавонам китоб бихонам. Чашмҳо...
- Баҳона накун, ҳозир ҳар чароғе баромадааст, ки донаи арзанро дар шаб мебинӣ. Шукр, барқ ҳаст, чароғро болои сарат меовезем. Бемалол мехонӣ...
Аз суҳбати омӯзгори рӯзгордида як ҷаҳон маънӣ бардоштам. Аз он шод мешавам, ки мардуми ҳамдиёрам аз гирифтани туҳфаи Пешвои миллат шоду масруранд ва бо ифтихор мегӯянд, ки «мо - сокинони Раштонзамин аввалин шаҳрвандони кишвар ҳастем, ки туҳфаро гирифтем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани «Шоҳнома» - и безавол навиштаанд: «Имрӯз мо «Шоҳнома»-ро дубора чоп ва дар дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ба ин умед, ки руҳи «Шоҳнома» ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми неру ва тавони худро сарф намояд».
Бешак, ин фармудаи Пешвои миллат ҳидояту андарз ва дастурест барои ҳар сокини мамлакат. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳарфҳои пурҳикматро сармашқи кори худ мекунанд ва содиқона пайи ободии мамлакат заҳмат мекашанд ва ҷавонони ғаюру ватандӯст баъд аз мутолиаи достонҳои инсонсоз ба ҳеҷ ваҷҳ ҳушёриву зиракиро аз даст намедиҳанду пайи ҳифзи марзу буми кишвар ҷонфидотар мешаванд ва беш аз пеш дар рушди Тоҷикистони азиз саҳм хоҳанд гузошт.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





