Миёни коғазу ҳуҷҷатҳои бойгонӣ сурати ӯро пайдо кардам. Гӯё бо чашмони андешаманд ба ман менигарист.
-Омадӣ, — аз дуриҳо мешунавам овози ӯро. –Бишин ва ба ҳарфам гӯш кун.
-Хондам очерки навиштаатро,- мегӯяд ва суханашро идома медиҳад: -Забони асар хуб аст, вале ҳанӯз далелу бурҳон қавӣ нест. Эҷодкор пеш аз навиштани асари таърихӣ бояд таърихи ҳамон давраро аз худ кунад. Таърихи як маҳалро не, таърихи давлатдории ҳамон давру замонро. Ҳатто донистани таърихи давлатҳои ҳамсоя низ аз манфиат холӣ нест. Воқеъбинона тасвир намудани ҳаёти мардум ҳунари нависандаи таърихдон аст. Ту дар баробари донистани таърих бояд асарҳои таърихиро мутолиа намоӣ. Нависандаҳои машҳури дунё роману қиссаҳои зиёд дар бораи шахсони таърихӣ навиштаанд. Агар ҳамин китобҳоро хонӣ, таҷриба пайдо мешавад. Барои нависандаи ҷавон мутолиаи асарҳои машҳури нависандагони олам мактаби хубест. Ҳикояҳои хуб менависӣ, мақолаҳоят ҳам хубанд, аммо агар панди маро бигирӣ, дар навиштани асарҳои таърихӣ тамоми ҳунаратро сарф кун. Навиштани асари таърихӣ кори осон нест. Ба шоҳидони воқеа суҳбат кун. Садҳо шоҳид пайдо карданат мумкин.
Устод сукут меварзад. Ман ҷуръат надорам, ки хомӯширо халалдор кунам. Сукути тазйиқовар фазои дафтари кории ӯро пур мекунад. Ба танг меоям. Гумон мекунам, ки ҳавои ҳуҷра лаҳза ба лаҳза кам мешавад.
-Ин рӯйхатро бигир,- варақеро тарафам дароз мекунад. – Бо ин шахсон вохӯрда, суҳбат мекунӣ. Ин мардони солхӯрда дар бораи воқеаҳои солҳои барқароршавии ҳукумати шӯравӣ медонанд. Чанд нафараш онҳоеанд, ки дар сохтмони ҳокимияти советӣ дар Қаротегин ва аввалин колхозҳо иштирок доштанд. Як ҳафта муҳлат…
-Дидӣ, писарам,- табассуми малеҳ дар лаб мегӯяд муҳаррир. – Агар одам аз сидқ меҳнат кунад, дар ҳар кор ба комёбӣ ноил мешавад. Хондам, хуб баромадааст. Дар шумораи оянда чоп мекунем.
-Раҳмат ба шумо, устод,- беҷуръатона мегӯям ман.
-Агар ту болои ҳамин асар кор кунӣ, кори хайре мешавад. Дар бораи таърихи водии мо кам менавиштанд. Барои ҳамин сояравшанҳои зиёд ба чашм мерасад.
Пас як лаҳза ба олами ҳастӣ бармегардам. Сурати зардшуда ҳанӯз рӯ ба рӯи ман қарор дорад. Марди пири нуронӣ бо чеҳраи ором ва нигоҳи хаставу андешаманд ба ман менигарад.
-Биё, меҳмонат кунам,- садо мекунад мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегини советӣ» Мирзоалӣ Раҳмат. –Себҳои бомазза дорам.
Ба мизи ӯ наздик мешавам. Болои миз як лаълӣ пур аз себи хубонӣ.
-Марҳамат, аз боғи муҳаррир оварданд.
-Ҳар гоҳ ки биёям, муҳаррир бо сари хам паси миз машғули кор аст,- бовар намекунам ба ҳарфи Мирзоалӣ.
- То як ғояти шаб кор мекунад. Рӯзи истироҳатро фаромӯш кардааст. Ӯ кай вақт меёбад, ки ба боғпарварӣ машғул шавад?
-Ман ҳам бовар надоштам. Як саҳар зарурат шуд ва ба ҳавлии ӯ рафтам. То соати корӣ хеле вақт монда буд. Аз боғи ҳавлиаш баромад бо сару рӯи арақшор. Ин мардак барои ҳама кор вақт меёбад. Ду рӯз ҳамроҳи мо тамоми деҳаҳои Ҳоиту Тоҷикободро чарх зад. Сари замини кишт бо деҳқонон суҳбат кард. Аз мушкилоташон пурсид. Аз сиёсати партияи коммунистӣ ва роҳбарони он ба хотири пешрафти соҳаҳои хоҷагии қишлоқ гуфт. Баргаштему боз байни дарёи коғаз ғарқ шуд.
Мӯйсафед ҳамин хел одам аст,- мегӯяд Мирзоалӣ.- Баъди рафтани кормандони рӯзнома як-ду соати дигар кор мекунад. Охир вай фақат муҳаррири рӯзнома нест. Аз нисф зиёди кормандони кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист шогирдони ӯянд. Ба мушкилоте гирифтор шаванд, дафтару қаламашонро гирифта, наздаш меоянд.
-Мабодо аз сахтгириаш хафа шавӣ.
-Баръакс, сахтгирии ӯ буд, ки як ҳафта деҳа ба деҳа бо пирамардон суҳбат кардам. Барои навиштани чанд қиссаву ҳикоя мавод пайдо шуд.
-Муҳаррир болои ин қадар кор боз китобҳои зиёдеро мехонад. Дина дар омади гап андешаҳоямро бо бачаҳо дар бораи повести устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Палатаи кунҷакӣ» гуфтам. Дари муҳаррир кушода будааст. Хеста омад ва он қадар хушрӯй таҳлил кард, ки одамони повестро нохонда аз пайи ёфтани он шуданд.
Хотираҳо дар бораи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегини советӣ» (ҳоло «Оинаи Рашт») шодравон Эмом Муҳиддинов зиёданд.
Эмом Муҳиддинов 5 майи соли 1931 дар деҳаи Навдии ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Ҳанӯз даврони мактабхонӣ ба навиштани мақола шавқ дошт. Соле, ки ба синни 18 қадам гузошт, ӯро барои кор ба рӯзнома даъват карданд. Ӯ дар андак муддат ба роҳбарияти рӯзнома исбот кард, ки метавонад як рӯзноманигори асил бошад. Ҳамин буд, ки бо тавсияи роҳбарияти рӯзнома кумитаи ҳизбии ноҳия ӯро соли 1952 барои таҳсил ба шаҳри Тошканд фиристод. Баъди хатми Мактаби олии ҳизбӣ ба ноҳияи Ғарм баргашт ва фаъолияти кориашро дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» идома дод.
Эмом Муҳиддинов дар ин рӯзнома 49 сол бе танаффус кор кард ва 33 сол муҳаррири рӯзнома буд. Ӯ ба тарбияи ҷавонони эҷодкор диққати ҷиддӣ медод ва агар дар ягон гӯшаи дурдасти ноҳия истеъдоди ҷавонеро пайдо мекард, мекӯшид, ки қаламкаши ҷавонро ба марказ барад ва ё барои ҳамкорӣ ба рӯзнома ҷалб намояд. Парвардагони мактаби рӯзноманигории ӯ Ҳоҷӣ Мурод, Абдухалил Сатторӣ, Сабриддин Музаффаров, Абдулло Давлатов, Абдусаттор Сафаров, Алишер Шомаҳмадов, Мирзоалӣ Раҳматов, Ҳайдаралӣ Маликов, Сайҷамол Бекмуродов, Умаралӣ Раҷабов, Баҳодур Абдусатторов, Камол Беков ва дигарон дар пешрафти соҳа ва инъикоси ҳаёти мардуми ноҳия хизмати арзанда кардаанд. Шогирдонаш Камол Беков ва Баҳодур Абдусатторов имрӯз дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод кор мекунанд.
Эмом Муҳиддинов 16 ноябри соли 1998 аз дунё гузашт. То лаҳзаи охирини умр танҳо ба манфиати Ватан ва миллат кору зиндагӣ кард. Хизматҳои ин марди наҷиб бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр шудаанд. Дар шаҳраки Ғарм кӯчае ба номи ӯ гузошта шудааст.
Ҳаёти чунин эҷодкор, ки як умр бо қалам сарукор дошт, барои рӯзноманигорони ҷавони ноҳия мактаби хуби тарбия аст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»