- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара ҳар сол дар маъракаи обуна байни фаъолон ва зиёиёну хизматчиёни давлатӣ кори таблиғотиро хеле хуб ба роҳ мемонад, зеро онҳо дар байни аҳолӣ таблиғгарони асосии сиёсати Давлату Ҳукумат ва барномаҳои гуногун оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ҳастанд. Маҳз ҳамин қисмати мардум метавонанд ба оммаи васеи аҳолӣ мақсаду мароми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакатро, ки рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакатамон мебошад, бо забони фаҳмо ва сода расонанд. Агар равшантар бигӯям, онҳо таблиғгарони асосии ормонҳои моанд ва пӯшида нест, ки силоҳи асосии таблиғгар маърифат ва дониши андӯхтаи онҳост. Барои андӯхтани дониш оид ба масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ рӯзнома ва маҷаллаҳо метавонанд хизмати заруриро ба анҷом расонанд,- гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Тавилдара Ғайрат Ҳиммат.
- Зарур аст, ки мо барои соҳибмаърифат намудани аҳолӣ имконоти дар ихтиёрдоштаамонро оқилона истифода барем. Ҳамаи инро танҳо дар натиҷаи омӯзиш ва таълиму тарбияи мақсаднок ба даст оварда метавонем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин маънӣ чунин зикр кардаанд: «Иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад.».
Мо ин дастури Сарвари давлатро ҳамеша ба роҳбарӣ гирифта, талош менамоем, ки фаъолону зиёиён дар ноҳияи Тавилдара рисолати хешро сарбаландона адо намоянд. Ҳангоми баргузории маҷлисҳои васеи назди раиси ноҳия мавзӯи ошноӣ бо муҳтавои рӯзномаҳо ҳамеша пайгирӣ мешавад. Оид ба маводи ба табърасида, ки масоили гуногуни ҳаёти кишварро дар бар мегиранд, суҳбатҳо доир мегардад.
Нашрияи «Садои мардум» аз ҷумлаи рӯзномаҳои рӯимизии роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи мост. Ин нашрия на танҳо моро бо ҳаёти кишвар, дастоварду комёбиҳои он шинос менамояд, балки аз ҷараёни ҷаласаҳои маҷлисҳои ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи омода гардидани лоиҳаҳои қонун ва муҳокимаву баррасии онҳо дар кумитаҳо ва иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ, тафсири қонунҳо ва ғайра шинос менамояд. Яъне, мо метавонем бо фаъолияти доимии як шохаи давлатдории Тоҷикистон ошно бошем. Донистани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳар фарди кишварамон имконият медиҳад, ки бо дили пур пайи зиндагии саодатмандона ва ободкорона дар Ватани азиз машғул бошад.
Дар баробари ин, рӯзномаи «Садои мардум» мунтазам аз рӯзгори мардуми ноҳияи мо мақолаҳо ба табъ мерасонад, ки аз як тараф дигар мардуми кишварамон аз пешрафту дастовардҳои мо огоҳ гарданд, аз ҷониби дигар заҳматкашони ноҳияи мо аз қадрдонӣ ва ошноӣ бо корномаҳои хеш дар саҳифаи рӯзнома бештар ба бунёдкорию созандагӣ шавқманд мегарданд. Яъне, нашрия дар тарбияи маънавии мардуми ноҳияи мо низ саҳм мегузорад.
Ширкати фаъолонаи сокининони ноҳия дар маъракаи обуна гувоҳи дастгирии сиёсати бунёдкоронаву хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демократӣ мебошад. Мо итминони комил дорем, ки дар соли 2016 низ сокинони ноҳияаамон рӯзнома ва маҷаллаҳои дӯстдоштаашонро сари вақт мегиранд ва агар аз як тараф бо омӯзиши онҳо аз дигаргуниҳои кишвар ва олам огоҳӣ ёбанд, аз тарафи дигар сатҳи маърифатнокии хешро боз ҳам баланд мебардоранд, — гуфт дар хатми суҳбат раиси ноҳияи Тавилдара Ғайрат Ҳиммат.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»