Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар, ободонию бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муайян намудани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ эълон гардидааст. Ба хотири огаҳӣ ёфтан аз рафти омодагиҳо дар шаҳри Истаравшан барои иштирок дар ин мусобиқа бо муовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Нигора ҳамсуҳбат шудем.
-Марҳилаи якуми мусобиқа даҳаи аввали моҳи май ҷамъбаст гардида, охири ҳамин моҳ аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ғолибон мукофотонида мешаванд. — Тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан, ҳайати комиссияи шаҳрӣ оид ба гузаронидани мусобиқа ҷиҳати муайян намудани шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои беҳтарин тасдиқ шуда, ба ҳайати он мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва дигарон шомил гардидаанд, — мегӯяд Ҳайдарзода Нигора.
Дар мусобиқа даҳ ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, шаҳраку деҳот иштирок доранд.
Бо ин мақсад аъзои комиссия дар байни аҳолӣ оид ба мақсади гузаронидани мусобиқа корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, айни ҳол дар байни ҷамоатҳою маҳаллаҳо ҷамоатҳои деҳоти «Гули Сурх»,«Зарҳалол», маҳаллаҳои «Зафар», «Навоӣ» ва «Суғдиён» пешсаф мебошанд.
Дар байни оилаҳои беҳтарин чаҳор оила ба шартҳои мусобиқа ҷавобгӯй буда, аз байни онҳо беҳтаринашро ҳайати комиссия муайян хоҳад кард.
- Омодагиҳо ба ин мусобиқа ҷиддист ва умед дорем, ки дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ шаҳри Истаравшан мақоми хоси худро сазовор хоҳад гашт, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҳайдарзода Нигора.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»