Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Қабул гардидани ин пешниҳод аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои дунё қарор мегиранд.
- Бо дарназардошти он ки масъалаҳои об, неру, озуқаворӣ ва муҳити зист бо ҳам сахт печидаанд, ин масъала таваҷҷуҳи хосаро тақозо дорад, — гуфт раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ.
Дар Конибодом низ таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи лоиҳаи «Барқароркунии системаҳои обтаъминкунӣ», ки онро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ менамояд, баҳри таъмин кардани аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Обе, ки дар мавзеи «Соҳилӣ» ҷорӣ аст, ба шабакаҳои обии маркази шаҳр тавассути лӯлаҳои обгузар ба масофаи 7,5 км оварда мешавад. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ намудани ин лоиҳа дар кӯчаи марказии шаҳр васлкунии қубурҳои обгузар анҷом ёфта, соли равон аҳолии шаҳр аз танқисии оби тозаи ошомиданӣ халосӣ меёбанд.
Бино ба гуфти раиси шаҳр, сохтмони обанбор бо ин мақсад оғоз ёфта, дар назар аст, ки 2 ҳавзи 500 мукаабӣ, толори дастгоҳҳо ва мавзеи безараргардонӣ бунёд гардад. Илова бар ин, барои ба низоми муайян даровардани фаъолияти Идораи хоҷагии об ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
- Ин ибтикороти Сарвари давлат ба дарки хубтари масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва эътирофи афзал донистани ҳалли онҳо ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард, — гуфт дар фарҷом Ғайбулло Боҳирӣ.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»