Сеюми майи соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷаласа баргузор шуд.
Дар он раиси кумита масъалаи рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас, дар робита ба он хулосаи кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Сеюми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа доир гардид.
Дар он масъалаҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Баъд аз он ки Раҳмоналӣ Амирзода қонунҳои зикршударо шарҳу тавзеҳ дод, аъзои кумита низ андеша баён доштанд.
Дар охир хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Сеюми майи соли 2018 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъала «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгирӣ карда шавад. Тибқи он, бояд номи деҳаҳои Боявут ба Сабзазор, Тӯқузҷелак ба Ковиён, Қӯруқ ба Сеосиёб, Уяс ба Ободдара, Уялӣ ба Навкати деҳоти «Зарҳалол», Тошбек ба Курушкат, Тапқоқ ба Бодомзори деҳоти «Гули Сурх», Обқарҷағой ба Оби зулоли деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан, Янги Равот ба Работи нави деҳоти «Пӯлотон», Қизилнур ба Нурафшони деҳоти «Патари»-и шаҳри Конибодом, Тол ба Яккабед, Кичиколчали ба Арчазор, Оқкур ба Кондара, Каттаолчали ба Олучазори деҳоти «Чашмасор», Терак ба Сафедорон, Уяс ба Оҳучашма, Қароҷингил ба Заркони деҳоти ба номи Исмоил, Учбоғ ба Боғи болои деҳоти «Ёва», Сотсиализм ба Соҳилоби деҳоти «Хистеварз» ва Максим Горкий ба Дашти Амини деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шаванд.
Аъзои кумита дар баррасии масъала фаъолона иштирок карда, изҳор доштанд, ки номҳои нави пешниҳодшудаи маҳалҳои аҳолинишин дар талаффуз суфтаву равон, серистеъмол ва хотирмон буда, қобили дастгирӣ мебошанд.
Дар ҷамъбаст хулосаи кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев