Пешрафти иқтисодиёти ҳар кишвар кафолати зиндагии хуби шаҳрвандони он мебошад. Ин аст, ки дар бештари донишкадаву донишгоҳҳо ба насли ояндасози миллат илмҳои иқтисодӣ таълим дода мешавад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамин ҷумла аст.
Факултетҳои иқтисодӣ аз факултетҳои нахустини Донишгоҳи миллӣ ба шумор нараванд ҳам, дар таълиму тарбияи мутахассисони варзидаи риштаи иқтисодӣ пешсаф мебошанд. Дар ин донишгоҳ вобаста ба шароит давра ба давра зиёд гаштани талабот ба кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси кафедраву ихтисосҳои нав ба миён омад. Ҳамин буд, ки соли 1980 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустақил — банақшагирӣ — иқтисодӣ ва молиявӣ — баҳисобгирӣ ҷудо шуд. Баъди чанд муддат боз як факултет ба он илова гардид. Ба ин тартиб, айни ҳол ҷиҳати омода кардани мутахассисони равияи иқтисодӣ дар Донишгоҳи миллӣ се факултет амал менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари дигар факултетҳои донишгоҳ саҳми факултетҳои иқтисодӣ дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат назаррас мебошад. Бемуболиға метавон гуфт, ки бузургтарин коршиносони иқтисодӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳатто минтақа маҳз тарбияёфтаи ин факултетҳоянд. Айни замон хатмкардагони факултетҳои иқтисодӣ, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ, Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ А. Солеҳзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Сангинзода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Каримзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия С. Комилов, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Д. Қодирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Фақиров, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Давлатзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Муминова ва дигар шахсиятҳои барҷаста ҷиҳати пешрафти ҳар чӣ бештари кишвар саҳмгузоранд.
Имсол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70-сола шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб ин ҷашнро ба устодон, дастпарварон ва алоқамандонаш табрик мегӯем.
И. С. Шамсов, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ