Тандурустӣ

Ба саломатӣ муносибат набояд дуюмдараҷа бошад

№25 (3975) 05.03.2019

СПИДВируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар натиҷаи алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, тавассути гузаронидани хуни сироятшуда, истифодаи маводи мухаддир, аз модарони сироятшуда ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконӣ мегузарад. 

Бояд қайд намуд, ки табибони оилавӣ ташхиси ВНМО-ро барои ашхоси аз муҳоҷират баргашта тавсия ва анҷом дода, ба табақаи осебпазири аҳолӣ, алалхусус ҷавононе, ки мақсади издивоҷ доранд ё дар издивоҷ ҳастанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар баробари ин, таҳлилҳо собит менамоянд, ки миқдори ҳодисаҳои сироятёбии занон аз бемории ВНМО тавассути мардони аз муҳоҷират баргашта, афзуда истодааст. Бо ин мақсад аз 1-уми июли соли 2016 ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди (санадҳои) ҳолати шаҳрвандӣ» ва тағйироту иловаҳои марбута ворид карда шуд. Тибқи он, издивоҷшавандагон аз муоинаи тиббӣ, аз ҷумла, аз ташхиси ВНМО бояд ҳатмӣ гузаранд.

Шояд бисёриҳо надонанд, ки тавассути табобати тахассусӣ шахсони сироятёфта метавонанд вазъи саломатиро нигоҳ дошта, хатари интиқоли ВНМО ба дигар шахсонро паст намоянд. Айни замон ВНМО ба гурӯҳи бемориҳои музмини идорашаванда дохил шуда, бо дарназардошти табобати муносиб одамони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд зиндагии муқаррарӣ дошта бошанд.

Табиист, ки табобати ВНМО назорати пайвастаи табибон ва риояи тавсияҳо, алалхусус истифодаи доруро тақозо менамояд. Бояд қайд намуд, ки номунтазам истеъмол кардани дору хавфи мутобиқшавии барангезандагони бемориро афзун намуда, самаранокии табобати беморонро коҳиш медиҳад.

Бегуфтугӯ, қатъ намудани табобат ба паҳншавии бемайлони вирус оварда мерасонад, ки дар натиҷа маводи зиддивирусӣ таъсири худро ба сирояти ВНМО гум мекунанду ҳолати умумии бемор бадтар мешавад. Биноан, ворид намудани тағйирот дар нақшаи табобати чунин беморон танҳо дар мувофиқа бо мутахассиси тиб анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ё мушоҳида кардани нишонаҳои зерин — сулфаи давомнокиаш зиёда аз 2 ҳафта бо хориҷкунии балғам ё бе балғам, дард дар қафаси сина, дамкӯтоҳӣ, хунтуфкунӣ, табларза, арақкунии шабона, бемадорӣ ва зуд мондашавӣ, кам шудани иштиҳо ва харобшавӣ, вазни изофа, зуд — зуд пешоб кардан, ташнагии давомдор, сарчархзанӣ, нафастангӣ, мунтазам баланд шудани фишори шараёнӣ, дард дар мавзеи зерқабурғаи рост, тарашуҳоти ғайриодӣ аз роҳҳои таносулӣ, афсурдаҳолӣ, яъне паст будани кайфият ва набудани хоҳиш барои фаъолият аз муоинаи табибони оилавӣ ва таҳлилҳои таъиншуда гузаштан зарур ва ногузир аст.

Саломатӣ неъмати бебаҳост ва эмин нигоҳ доштани он аз бемориҳое назири ВНМО ба тарзи зиндагии ҳар шахс вобастагӣ дорад.

  Фирдавс РАУПОВ, корманди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон