«Саратон»-и иқтисоди миллӣ

№100 (4050) 20.08.2019

Ё оҷизии мақомоти марбута дар пешгирии иқтисоди пинҳонӣ аз чист?

Шаш сол аст, ки дар кишвар Кодекси андоз амал мекунад ва эътироф бояд кард, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани он шумораи соҳибкороне, ки фаъолиятро қатъ намуданд, афзуд ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода соли 2016 иброз дошта буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Маркази тадқиқотии «Шарқ» муайян кардаанд, ки 30 фоизи иқтисодиёти кишвар пинҳонӣ аст. Чанде пеш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода эътироф кард, ки иқтисодиёти пинҳонӣ аз 15 то 20 дарсадро ташкил медиҳад. Аз он ки нишондиҳанда коҳиш ёфтааст хуб, вале, ба ҳар сурат, то 20 фоизро ташкил додани он барои кишваре чун Тоҷикистон хатарзо аст.

Бино ба гуфти номбурда, омори зикршуда натиҷаи тадқиқи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорон яке аз сабабҳои зуҳур кардану ташаккул ёфтани иқтисоди ғайрирасмӣ мебошад.

Дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш доир шуд, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода сабабҳои таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ, аз ҷониби якчанд корхона пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобишуда арзёбӣ кард. Шояд ӯ то андозае ҳақ бошад, вале сабаби асосии ҳолати зикршударо зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар Пешвои миллат «номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ин самт» арзёбӣ намуданд.

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки «масъулинро зарур аст якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар самти такмил додани раванди таҳлили имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, бештар ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ тақвият бахшанд».

Бино ба гуфти ҷаноби Солеҳзода, дар нимсолаи аввали сол нисбат ба фаъолияти 880 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида, 240 миллион сомонӣ кам ҳисоб намудан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шуд. Илова бар ин, дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ дар давраи зикршуда зиёда аз 12790 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор 82,7 миллион сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Дар ҳоле ки бо ибтикори Пешвои миллат барои ҳама намуди санҷиш мораторий эълон шудааст, суханони номбурда магар масали «як бому ду ҳаво»-ро пеши назар  намео­рад? Шояд Солеҳзода фаромӯш кардааст, ки дар мулоқоти зикршуда Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки «масъулини мақомоти андоз барои иҷрои нақшаи пешбинигардидаи андоз шаклҳои гуногуни назоратро нисбат ба субъектҳои хоҷагидор ба анҷом мерасонанд, ки хислати санҷиш ва ҳатто дахолатро доранд». Инчунин, зикр шуда буд, ки дар натиҷаи чунин амалҳо ҳаҷми истеҳсол, гардиши тиҷоратии корхонаҳо ва мутаносибан ҳаҷми пардохти андози онҳо коҳиш меёбад.

Дар нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода омореро пешниҳод кард, ки бевосита ба ин масъала рабт дорад. Бино ба гуфти ӯ, дар давоми шаш моҳ 181 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият мондааст.

Муовини якуми раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотӣ аз он ифтихор кард, ки «тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъект­ҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ 323 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба якуми январи ҳамин сол 7 ҳазор зиёд мебошад». Вале соҳибкорон аз тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади кам шикоят доранду тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаш моҳи соли равон 13 ҳазор соҳибкор тарки пеша кардаанд. Масъулини кумитаи мазкур ба он назаранд, ки соҳибкороне, ки кори худро қатъ намудаанд, аксарияташ дар бахши тиҷорат кор мекарданд ва як қисмат онҳое будаанд, ки солҳои охир корхонаҳояшон муфлис шудааст. Аҷаб шарҳи «беназир»…

Ногуфта пайдост, ки соҳибкорон аксаран дар бахши тиҷорат фаъолиятро роҳандозӣ менамоянд ва иқтисоди пинҳонӣ дар навбати аввал аз воридоти молу маҳсулот маншаъ мегирад.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат, дар нимсолаи аввали соли 2019 гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 094,1 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ воридоти мол низ аз хориҷи кишвар афзоиш ёфтааст ва бино ба гуфти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, ин тамоюл ба татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ вобастагӣ дорад.

Аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 39 фоиз ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ба гуфтаи сардори Хадамоти гумрук воридоти молу маҳсулот асосан аз Федератсияи Россия 30,6 фоиз , Қазоқистон — 21,5, Хитой — 16,9, Туркия -4,5, Ӯзбекистон — 4,4, Украина — 1,5, Япония — 2,2 ва Германия 2 фоиз сурат гирифтааст.

Хуршед Каримзода аз он қаноатманд аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ ба миқдори 67,5 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ворид шудааст ва маблағи ҷамъоваришудаи пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 218,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 1917 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 344 — то кам аст.

- Кам шудани ин нишондиҳанда, дар навбати аввал, ба тадбирандешии мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, пешгирӣ намудани воридоти қочоқи мол ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ алоқаманд аст, — афзуд номбурда.

Дар робита ба масъалаи меҳварии матлаб — иқтисоди пинҳонӣ Хуршед Каримзода омори ҷолибро пешниҳод кард: — Таҳлили муқоисавии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ вобаста ба номгӯи молҳо нисбат ба шаш моҳи соли 2018 нишон медиҳад, ки дар давраи мавриди назар воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ 35,8 фоиз, нуриҳои минералӣ — 64,3, либосворӣ — 22,6, маводи шустушӯӣ — 17,2 ва ангишт 39 фоиз кам гардидааст. Дар заминаи чораандешӣ вобаста ба ин масъала воридоти расмии ин намуди молҳо зиёд гардид. Ба ибораи дигар, як рукни иқтисоди пинҳонӣ фалаҷ карда шуд.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки оҷиз будани баъзе аз мақомот, пеш аз ҳама, ба муносибати дуюмдараҷа доштан ба моҳияту зарари проблемаи мазкур ва ҳавасманд будани як идда кормандон ба ривоҷи ин намуди иқтисод вобаста аст. Зеро иқтисоди пинҳонӣ бе мусоидати як идда кормандони мақомот вуҷуд дошта наметавонад. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат дастгир шудани чанд корманди мақомот шаҳодати ин гуфта аст.

Аз тарафи дигар, агар ­масъулин бо мадди назар доштани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мисли роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат тадбирандешӣ мекарданд, он гоҳ ҳаҷми «саратон»-и иқтисодӣ миллӣ — иқтисоди пинҳонӣ бамаротиб коҳиш меёфт.

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»