Ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш

№145 (4251) 01.12.2020

???????????????????????????????Дар замони муосир интернет ҳамчун манбаи паҳнкунандаи хабар мақомашро устувор карда, муҳити рангини дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳаводорони маъониро то андозае маҳдуд намуд. Вале далели бебаҳс аст, ки дастрасиву мутолиа тавассути шабакаҳои интернетӣ тақозои давру замон буда, аз сӯйи дигар салиқаи қисме аз шаҳрвандонро дар самти мутолиаи бештари китобу китобдорӣ то ҷое коста намуд.

Табиист, ки ҷаҳони маънавии инсонро иттилоъ рангин менамояд. Лекин мартабаи китобро башарият ҳазорсолаҳо тайид кардаву дар шароити кунунӣ низ қиматаш рӯ ба афзуншавӣ аст. Бояд ёдовар шавем, ки дар оғози соҳибистиқлолии кишвар, баробари ташаккули низоми давлатсозиву идорӣ, ба такмили бахшҳои муҳими фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Аз ҷумла, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин макони донишандӯзӣ — Китобхонаи миллӣ бо тарҳу намои миллӣ сохта шуда, арҷгузорӣ ба китоб ва тарғибу ташвиқи мутолиаи он ба ҳукми анъана даромад.

Амалинамоии иқдоми шоистаи таҳсин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки дар шинохту арҷгузории дас­товарду арзишҳо беш аз пеш собитқадам бошем.

Ин махзани бонуфузи илмомӯзӣ дар заминаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд гардида, дар Осиёи Миёна назир надорад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, феълан Китобхонаи миллии кишвар дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китобҳои гуногун, дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳу чопхонаи замонавӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки китобхона соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ бо имкониятҳои хеле маҳдуд таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000 — солагии шоири тавонову номвари тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудд.

Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ба сокинони кишвар туҳфа намудани он идомаи мантиқии иқдомоти қаблӣ ва ибтикори қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш мебошад.

Ҳабиба  ҚУРБОНОВА,

муовини якуми директори нашриёти «Адиб»