Касеро чун ӯ надидаам
Сад шукр, ки ҳоло Тоҷикистон дар тамоми дунё ба ҳайси як давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёру демократӣ, ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ шинохтаю эътироф шудааст. Аммо агар имрӯз аз ин қуллаи баланд ба роҳи тайнамудаи давлатдории навинамон нигарем, мебинем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ роҳи сангину душворро тай намудааст. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо шудани Тоҷикистон душманони миллати моро нороҳат сохт ва дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд кишварро ба гирдоби ҷанг бикашанд. Бар асари ҷанги таҳмилшуда он рӯзҳои даҳшатбор хеле ҷавонон қурбон шуда, мардуми зиёд тарки манзилу диёри хеш карданд.
Воқеан, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар саҳифаи таърихи давлатдории мо сиёҳу фоҷиабор боқӣ мемонад. Дар он солҳо мамлакатро хатари парокандагӣ таҳдид менамуд. Маркази ҳама даргирию муноқишаҳо минтақаи собиқ Қӯрғонтеппа буд. Дар як давраи кӯтоҳ 60 ҳазор нафар ба хоки Афғонистон кӯч бастанд ва зиёда аз 195 ҳазор ба Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистону дигар кишварҳо рӯ оварданд. Агар вазъият ҳамин тавр идома меёфт, шояд миллат нобуд мешуд. Дар он вазъияти ниҳоят мураккаб аз тарси ҷон касе ҷуръат намекард зимоми давлатдорӣ ба даст гирад, зеро зуд-зуд овозаи кушта шудани сиёсатмадоре ба гӯш мерасид. Дар ин лаҳзаҳои барои миллату давлат ниҳоят душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавоне, ки дилашон ба хотири Ватан метапид, ҷонашонро дар хатар гузошта, вориди майдон шуданд.
Дар шаҳри бостонии Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар таърихи кишвари мо чун иҷлосияи тақдирсоз сабт шудааст. Дар ҳамин иҷлосия тариқи овоздиҳӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд, ки аввалин хитобашон ба мардуми кишвар ин буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Ин сухани Сарвари ҷавон, аммо далеру ботаҷриба сухане буд, ки бар дӯши гӯяндааш масъулияти азим гузошт. Баъд аз саъю талошҳои зиёд ба роҳбари ҷавон муяссар шуд Тоҷикистон ва миллатро аз вартаи фалокат раҳо созад.
Пас аз талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 созишномаи сулҳи деринтизори тоҷикон ба имзо расид. Ҳолати сиёсии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардан гирифт. Дар кишвар ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ ба миён омад. Дар асоси барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ оҳиста - оҳиста рушд карданд.
Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифт. Соли 2004 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Дар даврони истиқлолият ҳар сол муассисаҳои нави ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Умуман, имрӯз агар ба кадом соҳае нанигарем, шоҳиди пешравӣ мешавем. Ҳоло ба хотири Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат идома доранд, ки ин ҳам аз баракати Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Тоҷикистони азизи мо аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ муносибати дӯстонаашро ба кишварҳои дигар хуб ба роҳ монд. Ҳоло Тоҷикистон бо 193 давлати ҷаҳон робитаи дӯстӣ дорад.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали Сарвар интихоб шуданашон дар миёни мардум мебошанд ва ҳамеша ба халқ такя ва хидмат мекунанд. Хидмати бузурги сиёсатмадори дурандеш Эмомалӣ Раҳмон назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва таърих дар он аст, ки дар шароити печида ва мураккаби сиёсӣ давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ доштанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикон мебошанд.
Ман дар умри 87-солаам аксар роҳбарони сатҳи аввалро дидаам ва дар хотир дорам. Ҳама инсонҳои хуб буданд, вале касеро чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳанпараст, мушкилнописанд, боистеъдод, ободкор, миллатдӯст ва ташаббускор надидаам. Имрӯз дарк кардам, ки чаро Сарвари давлат ҳамеша аз сулҳу ваҳдат сухан мегӯянд, чунки Ватан ва халқи азизашро сидқан дӯст медоранд ва хуб медонанд, ки агар сулҳу ваҳдат набошад, миллат пароканда мегардад, ба ҳеҷ дастовард ноил шуда наметавонад.
Ваъда доданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд». Ҳамчунин, дар он рӯзҳои барои миллату давлат вазнин ба гурезагон мегуфтанд: «Ба Ватан баргардед. Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Ин суханҳо, ки бо самимияти хос гуфта мешуданд, боварии мардумро ба ояндаи неки Ватан афзуд. Дар дили онҳое, ки иҷборан аз Ватан фирор карда буданд, шуълаи умеди бозгашт аланга зад.
Шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп барои даъвати мухолифин ба сулҳу ваҳдат ва баргардонидани фирориён омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофаш муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати афғон ин аст, ки то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надорад».
Истиқлоли миллӣ дар хештаншиносию худогоҳии мо нақши бориз бозида, ифтихори меҳанпарастии моро ба маротиб боло бурд. Ҳамин ифтихори миллию худшиносиамон боис гашт, ки дар зарфи 34 сол ба дастовардҳое ноил шудем, ки назирашро ёд надоштем. Ҳоло мардуми мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат назид мешавад.
Имрӯз мо дар оғӯши Ватани озоду обод зиндагии хуррам ба сар мебарем ва бо Пешвои миллатамон ифтихор мекунем. Таърих нишон дод, ки интихоби мардуми тоҷик хато набудааст, аммо он чӣ аз сари миллат гузашт, моро водор мекунад аз он сабақ гирем.
Эмоми Аъзам - пешвои мазҳабамон таъкид менамоянд: «Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузоред ва шахсияти ӯро бузург доред ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯед». Воқеан, ҳар кадоми моро зарур аст ба қадри сулҳу дӯстӣ ва ободию озодӣ бирасем, ба Ватан содиқ бошем, атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардем ва барои ояндаи беҳтар талош кунем.
Сафаралӣ НАЗАРОВ,
раиси собиқадорони
деҳоти Чагам, ноҳияи Ш. Шоҳин
Ҳамчунин дигар маводҳо:





