Гули аввали баҳор
Қиссаи нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо «Гулҳои аввали баҳор» дар шумораи нуҳуми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба чоп рафтааст. Соҳибистиқлолии имрӯзаи мо ҳам баҳор. Аввали баҳор дар қисмати як авлод ба қалам омада. Саромади ин оила Мулло Саид, фарзандони ӯ Афзал Саид, Ғайбулло Афзал, ҳикоят дар қисса. Ғайбулло яке аз вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Хуҷанд. Дар бораи иҷлосия китоб навиштааст. Ҳоло ӯ раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
Кароматуллоҳи Мирзо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Порае аз қисса:
Шаби пуртаҳлука
Аз ҳамон рӯзе ки зани амаки Рустам шавҳарашро ҳамроҳи писараш Ҷалол то беруни дарвоза гусел карда ба хона даромад, дар дидагонаш на шаб хоб меомаду на рӯз. Шавҳараш ваъда дода буд, ки дар хонаи падарарӯс ба дераш як шаб мехобаду агар ягон пуд гандум диҳад, пагоҳӣ қатӣ бармегардад.
Зану шавҳар ноилоҷ монда буданд аз рӯзи ногузаро. Панҷ-шаш кӯдаки нонхӯр, аз пагоҳ то бегоҳ даҳонашон меҷунбад. Мегӯянд, коҳдони коҳро гӯсола, нондони нонро кӯдак тамом мекунад. Ордашон кам мондааст, дар таги кухлӣ се-чор коса. Агар Ширинмоҳ ҳазор сарфакорӣ кунад ҳам, ба ду ё се рӯз мерасад. Барои ҳамин ҳам, зану шавҳар маслиҳат карданд, ки аз ягон ҷо ғалла ёбанд. Рустам гуфт, ки ба хонаи падари завҷааш меравад. Ширинмоҳ розӣ шуд, ба шавҳараш гуфт, ки ҳоли зорашонро ба падари ӯ фаҳмонад, ягон пуд гандум ё ҷав талбад. Бо ҳамин ният ҳамон саҳар Ширинмоҳ шавҳар ва бачаашро гуселонда буд.
Аз он рӯз қариб як ҳафта мегузашту аз Ҷалолу падараш хабаре не. Роҳи деҳаи Дашти Аҳмад дур набуд, сиҳату саломат мебуданд, кайҳо бармегаштанд. Ба бадӣ, аз ҳамон рӯз барф аз боридан намондааст. Куни ҳаво шикоф шудагӣ барин, барф ист накарда, ки борон меборид, роҳ пури гургу хирс. Худо нишон надиҳад, писараш аз хобаш берун не. Бо ҳамин фикру хаёлҳои ноҷо рӯзи Ширинмоҳ ба бегоҳ расид. Қарибиҳои намози хуфтан дарвоза тақ-тақ шуд, касе мисли шавҳараш дарвозаро мезад. Сарканупокан тарафи дарвоза давид, дарвозаро кушода дилаш ба замин зад.
- Ҷалол канӣ?! - Фарзандашро ҳамроҳи падар надида ҳуш аз сари модар канд, - мардак, аз ту мепурсам, бачам канӣ?
Шавҳар, гӯё пурсишҳои завҷаашро намешунид ки, забон намекушод. Ба назари Ширинмоҳ шавҳараш дар чанд рӯзи набуданаш чунон тағйир ёфта, ки қариб ӯро намешинохт, хароб, лоғар, афтода, беҳол. Базӯр аз дар даромада аз пой афтод. Ҳарфе намегуфт, намегуфт, ки Ҷалол дар куҷо.
- Рустам, - номи шавҳарашро ба забон овард завҷааш, - бачама куҷо кардӣ? Канӣ Ҷалол?
- Намедонам, занак, напурс, напурс! - Ҳамон рӯзи ҳамроҳ бо бачааш аз хона баромадан ба хотираш меомад.
Шаб дертар ба хонаи хусураш расиданд. Гурусна монда буданд, нони серӣ наёфтанд, як нонро барои бачаҳо, як нони дигарро хусурашу Рустам ва Ҷалол боҳам диданд. Падару писар барои ғалла омада буданд, маълум, ки дар хонаи падарарӯс ҳам худашон нон намеёфтаанд, ноумед шуданд. Аммо бе нон ба хона баргаштан намехостанд. Ба хотири Рустам як хеши дурашон - Ҳасан расид. Деҳаи Чуқурак хело дур. Вале зӯр ки омада буд, рӯзи дигар ба роҳ даромаданӣ буданд. Тамоми шаб барф борида, роҳурӯ намонда буд. Ба замми ин, Ҷалол дар тан як пӯшоки дуруст надошт, дар пойҳояш чоруқ, таи як куртаи тунуку ҷомаи дарида, саломатиаш нағз не, чанд моҳ боз бемор мехобид, вале модараш ӯро бо падар ҳамроҳ кард. Падарарӯс одами солхӯрда, зиндагидида, Ҷалолу падарашро аз роҳ гардонд.
- Ба ҳеҷ куҷо намеравед, - пеши роҳашонро гирифт, рӯзи сеюм ба гапи падарарӯс гӯш надода Рустам бо писараш ба роҳ баромад, роҳ рафтан осон набуд, барф баланд, то зону, аз чоруқҳои Ҷалол об медаромад, хунук, нони серӣ ҳам нахӯрда буданд. Падар тоқат мекард, аммо Ҷалол гурусна. Боазоб афтидаю хеста, то ними рӯз роҳ гаштанд, теппаҳои баланд ва нишебиҳои лаби сойро гузаштанд. Ҷалол монда шуда қариб аз пой меафтод.
- Ҷалолҷон, боз камтари дигар роҳ монд, - падар гӯё фарзандашро хурсанд карданӣ буд.
- Ман дигар роҳ гашта наметавонам.
Падар ӯро пуштора кард, хело роҳ рафта, монда шуда дар таги як дарахт истод. Падару писар дар таги дарахти мурӯд хело нишастанд, рӯз бегоҳ шуда торикӣ меомад. Ҷалол аз ҷой намехест.
- Чӣ кор мекунем? - Падар ноилоҷ монда буд.
- Намедонам, - овози Ҷалол шунида намешуд.
Дашту теппаҳо пури барф, ду нафар дар дашт, дур аз одамон. Рустам ба воҳима афтод. Чӣ кор кунанд? Ҷалолро дигар пуштора карда наметавонист. Аз ким-куҷое уллоси гург ба гӯшаш меомад. Агар шаб монанд, ҳардуяшонро гургҳо мехӯранд. Дар хаёл афтод. Падару писар хомӯш. Пас аз хело сукунат фикре ба сари Рустам омад. Таваккалаш ба Худо, Ҷалолро дар таги мурӯд монда сӯи деҳа медавад, асп ё хар ёфта бармегардад. Лекин бо чӣ дили пур бачаашро монда меравад? Хунукӣ, барф, гургҳо... Бача талхакаф мешавад. Агар ҳамин хел ҳарду шиштан гиранд, шаб меояд, ҳоло ҳам хуб, ки пеши пояшро мебинад.
- Бачам, Ҷалолҷон, ту ҳамин ҷо ист, давида деҳа меравам, асп ё хар меёбам, туро савор карда мебарам, чӣ гуфтӣ, бачам?
- Ман метарсам, ота, нарав.
Рустам аз ҷой бархост, ба ақиб, ба бачааш нигоҳ накарда ба роҳ қадам ниҳод. Аммо ӯ давида наметавонист, қадам мемонду меафтод. Лаб-лаби сой мерафт, боз чанд куҳтал дар пеш. Роҳашро гум карда аз сари ҷар ба даруни сангоб афтод. Дасту пойҳояш лат ёфтанд, лат не, ба хаёлаш шикаста буданд. Вале хаёли дард дар куҷо? Бачааш дар он ҷо, тезтар роҳ рафтан лозим, бачаам гуфта чӣ чуқуриҳою пастхамӣ, обканда, баландиҳоро дандонгаз карда ба деҳа расиду хонаи шиносаш - Ҳасанро ёфт, намедонист. Ҳасану завҷааш ӯро ба хона дароварданд. Дар хаёлаш, ки чанд сухан ба забон овард: «бачам, Ҷалол, таги мурӯд». Аз ҳуш рафт, рӯзи дигар чашм кушод, боз ҳамон ҳарфҳо дар забон: «бачам, Ҷалол, таги мурӯд». Ҳасан ва хешовандон дар шабӣ чанд бор ба таги дарахти мурӯд рафта омаданду аз бачаи Рустам нишоне не. Баъди ду-се рӯз барф аз боридан монда, рӯзҳо офтобӣ буданд. Рустам ба худ омада ба таги мурӯд рафт. Дарахти безабон намегуфт, ки ба бачаи ӯ чӣ шуда. Бо ҳамон ҳолу аҳволи афтодагӣ, бесарусомонӣ худашро кашида бо ҳазор азоб, бо дасти холӣ, ки гандум надошт, аз дари хона ба дарун қадам монд. Завҷааш аз ӯ Ҷалолашро мепурсид. «Бачам канӣ?», гуфта ба сари шавҳар бо мушт мезад, вале ӯ ба вай як ҷавоб мегуфт:
- Намедонам, занак, Ҷалолатро гум кардам.
- Рустам рӯзи дигар ҷуръат карда, фоҷиаи ба сари бачааш омадаро нақл намуд. Аммо ку ҳарфу сухане, ки модарро таскину тасаллият диҳӣ. Вай нолаю фиғон андохта, ҳавлиро ба сар бардошт. Чанд нафар наздикон бо Рустам ҳамроҳ шуда ба ҷустуҷӯи Ҷалол баромаданд.
Аз дасти онҳо чӣ ҳам меомад? Якҷоя ба таги дарахти мурӯд мерафтанду мерафтанд, боз мерафтанд. Гирду атрофро сӯзанкоб мекарданд, аз Ҷалол нишоне не, намеёфтанд. Агар ӯро гургҳо ҳам ки мехӯрданд, осоре ё чи хеле мегӯянд, як пару пӯчоқе мемонд. Рустамро тасаллӣ медоданд, ки бачаашро гург нахӯрдааст. Ба як деҳаи наздик, ба Зоғак чанд бор рафтанд. Ба деҳаи Ҳавзако ҳам рафтанд. Дар он ҷо Рустам домулло Абдуллохоҷаро мешинохт. Домулло хабари хуш расонд, гуфт, ки аз бачааш алахон нашавад, Ҷалол як шаб дар хонаи домулло хуфта будааст.
- Худаш ба хонаи шумо омад? - Аз хурсандӣ худро гум карда буд Рустам.
- Не, ҳуш надошт, ӯро оварданд.
- Кӣ овард?
- Раиси Афзалу ҳамроҳонаш оварданд, онҳо вайро шаб аз таги мурӯд ёфта будаанд.
- Аз таги мурӯд?
- Ҳа,- домулло Абдуллохоҷа, ки табиб ҳам буд, Ҷалолро табобат кардааст. Баъд раиси Афзал Ҷалолро ба хонааш бурдааст. Дили Рустам пур шуд. Ҳама медонистанд, ки раис сағирапарвар, завҷааш Мошариф сағирбон. Чандин кӯдакони дар раҳурӯ мондаро парвариш мекард. Рустам бо дили пур ба хона баргашта, ба завҷааш гуфт, ки фарзандашон Ҷалол сиҳат, саломат, дар хонаи раиси Афзал.
- Бачама биёр, вай ятим не, мою ту намурдаем.
- Занаки беақл, худамон нон намеёбем хӯрем, Худо гӯй, Ҷалолро баргардонда хонаамон набиёранд. Ҷояш гарм, шикамаш сер. Тақдираш баланд будааст, вайро ёфтаанд, вагарна мо аз бача мемондем. Бар падари раис раҳмат гӯй, зинда бошем, вақти тутпаз ба хабаргириаш меравем, - гуфт Рустам.
Мешуниданд, ки аҳволи бачаашон хуб, сиҳат саломат. Рӯзҳои серию пурӣ, онҳо дар суроғи Ҷалол шуданд. Ҷалол акнун калон шуда буд. Бо фарзандони раис дар мактаб мехонд. Рустаму завҷааш ба раиси Афзал ва Мошариф раҳмат гуфта, Ҷалолро ба хонаашон оварданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
