https://sadoimardum.tj

Падидаи пешво дар Тоҷикистон - акси садои таърих ба ниёзҳои сиёсии миллати тоҷик

№:133 (5029) 13 ноя 2025, 17:11
2

Дар ҳар ҷомеа дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот ва мувозинати қувваҳо, инчунин, таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи танҳо манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад. 

Таърихи давлатдории тоҷикон низ мавридҳоеро, ки боиси зуҳури пешвоёни сиёсӣ шудаанд, борҳо таҷриба кардааст. Аз ҷумла, баъди истилои арабҳо дигарбора дар сарзамини Мовароуннаҳр Исмоили Сомонӣ ҳамчун пешвои миллӣ ба майдон омад ва мардумро атрофи ормонҳои миллӣ муттаҳид сохта, давлати тоҷиконро ташкил намуд. Бо гузаштани марҳилаи муайяни таърихӣ миллати тоҷик боз дар ҳолати шадиди буҳронӣ қарор гирифт. Чун Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт ва тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар ин сарзамин сурат гирифт, вуҷуди тоҷикон ҳамчун миллати алоҳида, куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва дорои сарзамину қаламрави худ зери суол рафт. Дар чунин шароити тақдирсоз низ фарзандони фарзонаи миллат масъулияти пешкориро ба хотири миллат ба уҳда гирифтанд, бо вуҷуди он ки ҳамарӯза хатари воқеӣ ба ҷони худу хонаводаашон таҳдид мекард. Агар он рӯзгор Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба сифати пешвоёни маънавии замон баромад карда бошанд, ба ҳайси роҳбарони сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба он мусоидат карданд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад. 

Дар шароити буҳронии солҳои навадуми асри гузашта низ боз ба Тоҷикистони тозаистиқлол хатари нобудӣ таҳдид кард. Дар кишвар вазъияти бениҳоят мураккаб эҷод гардида, дар хориҷ ва дохили мамлакат масъалаи аз байн бурдани кишваре бо номи Тоҷикистон ба таври густурда баррасӣ мегардид. Маҳз, дар чунин вазъият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои нави мардумӣ ба майдони сиёсат ворид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи ин абармарди таърих на танҳо бо раҳбарии сиёсӣ, балки бо эҳёи як институти нави миллӣ - Пешво тавъам гардид. Ин институт ба сифати падидаи таърихию сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ, ҷараёни давлатсозии муосири тоҷиконро тавзеҳ дода, ба унсури устувори ҳувияти миллӣ ва низоми сиёсӣ табдил ёфт.

Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ моро зарур аст нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар он шароит мухтасар баён намоем. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар таърихи давлати навини тоҷикон пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои бениҳоят муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия нуқтаи гардиш дар роҳи аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани халқи Тоҷикистон, хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бартараф кардани буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон аст. Заминаҳои сиёсию иҷтимоии баргузории иҷлосияи мазкур, асосан, буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ ва хатари нест шудани давлати миллӣ буданд. Чунин шароит зарурати ташкили як маркази идоракунии қонунӣ ва қудратмандро ба вуҷуд овард.

Дигар нуктаи муҳим қабули қарорҳои сарнавиштсоз дар иҷлосияи мазкур аст. Махсусан, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамзамон бо ин, бунёди пояҳои сохтори давлатдорӣ, барқарор кардани низоми қонунии идоракунии давлат ва мақомоти қудратӣ аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ оғоз шуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия сухане гуфтанд, ки хусусиятҳои пешвоӣ доштани ин абармардро ба намоиш гузошт ва таърихӣ шуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам!».

Дар он шабу рӯз пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази идоракунии давлатӣ аз лиҳози бехатарӣ ғайри қобили қабул дониста мешуд. Аз ин рӯ, бисёре аз вакилон таклиф карданд, ки бигзор ҷумҳурӣ аз дигар минтақаи кишвар идора карда шавад, аммо Пешвои миллат боз­гардондани ҷойгоҳи пойтахт ба шаҳри Душанберо муҳим дониста, бо ин кор ба барқарор кардани фаъолияти воҳидҳои ҳукуматӣ мусоидат намуданд.

Дар илми таърих ин иҷлосия ҳамчун «нуқтаи ибтидоии давлатдории навини тоҷикон», «поягузории ваҳдати миллӣ» ва «қадами аввалини барқарорсозии сохти ҳокимияти қонунӣ», «заминаи ташаккули давлати муосир ва мутамаркази тоҷикон», «иҷлосияи наҷоти миллӣ» ва ғайра шинохта мешавад. Шахсияти муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, хусусиятҳои фитрию фардии ин абармарди сиёсат, андешаву фаҳмишҳои сиёсӣ ва иродаи қавию мавқеъгириҳо, бахусус, далерию шуҷоати бемисл нишон доданашон дар чашми мардуми ранҷкашида, дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарордошта ва роҳро ба сӯи оянда гумкарда Пешвои халқиро ба намоиш гузошт. 

Раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди ҷавониашон, тавонистанд бо истодагарӣ дар қабули қарорҳои муҳим ­худро ҳамчун Лидери ҳақиқӣ муаррифӣ намоянд. 

Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI натанҳо як рӯйдоди сиёсию таърихӣ, балки дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳнаи зуҳури шахсияти сиёсие шуд, ки тавонист миллатро дар шароити буҳронӣ муттаҳид созад, рамзи эътимод, умед ва ниёзи ҷомеа ба як роҳбари ягона гардад.

Ин раванд бори дигар собит кард, ки дар фарҳанги давлатдории Шарқ, хусусан фарҳанги ниёгони мо, нақши Пешвои сиёсӣ дар идоракунии давлат ниҳоят муҳим ва калидӣ мебошад. 

Пешвоӣ ҳамчун мафҳум ва воқеият решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар таҷрибаи давлатдории беш аз шашҳазорсолаи тоҷику форс роҳбари халқӣ на танҳо намояндаи қуд­рат, балки рамзи адолат, виҷдон ва ваҳдат будааст. Аз замони Пешдодиён то Каёниён, аз Сосониён то Сомониён ва то давраҳои минбаъда ниёгони тоҷик ба роҳбарони хирадманди худ на ҳамчун мансабдор, инчунин ба сифати ифодаи иродаи мардум ва қудрати маънавии давлат менигаристанд. Аз ҳамин рӯ, фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии тоҷикон ҳамеша арзиши шахсияти муттаҳидкунанда, ҳифзкунанда ва ҳидояткунандаро боло мегузошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва расидан ба Истиқлоли давлатӣ заминаҳои таърихии анъанаҳои неки давлатдорӣ имкони эҳё шуданро пайдо намуданд, аммо дар баробари он ҷанги шаҳрвандӣ низ зуҳур кард, ки ин хатари нестшавии давлатро ба миён овард.

Маҳз,чунин шароит, зарурати таърихӣ ва иҷтимоӣ ташаккули шахсияти муттаҳидкунанда, қавиирода, қудратманд ва дорои иродаи сиёсии созанда ва васлкунандаро талаб мекард. Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар муҳити пурошӯби он замон на танҳо нақши роҳбарро иҷро кунанд, балки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва идеологии давлатдориро барқарор созанд. Ҳамзамон, бо раванди сулҳсозӣ ва ваҳдат, тавонистанд асоси як идеологияи нави давлатиро гузоранд, ки дар меҳвари он сулҳ, ваҳдат, истиқлолият ва эҳёи миллӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷо, мафҳуми Пешвои миллат на ҳамчун унвони ифтихорӣ, балки чун рукни муҳими давлатдорӣ шакл гирифт. Яъне, мафҳуми Пешво дар заминаи фарҳанги миллӣ ва бо такя ба таҷрибаи давлатсозии ниёгон шакл гирифта, пайдоиш ва рушди институти он дар Тоҷикистон натиҷаи ниёзи ҷомеа ба устуворӣ ва раҳнамоӣ дар давраҳои буҳронӣ ва минбаъда буд. Ин падида, аз назари сиёсӣ, шакли ифодаи қонунияти миллии қудрат ва аз назари иҷтимоӣ рамзи ҳамбастагии миллӣ гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ин ҳолати воқеиро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муқаррар намуд. Қонун на танҳо мақоми Пешворо дар низоми сиёсии кишвар муайян кард, балки ба таври рамзӣ миннатдории миллатро ба шахсияти таърихӣ ва роҳбари сиёсӣ изҳор намуд.

Падидаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон, аз назари сиёсӣ, се вазифаи калидиро иҷро мекунад: якум, нигаҳдории суботи сиёсӣ ва бардавомии давлатдорӣ, дуюм, таҳкими ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва сеюм, ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ, ки дар он масъулият, эҳсоси шаҳрвандӣ ва иттиҳод ҷойгоҳи марказӣ доранд. Бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикис­тон тавонист ба сатҳи нави амният, рушди иҷтимоӣ ва устувории сиёсӣ расад. Аз нигоҳи институтсионалӣ Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи маънавӣ ва сиёсӣ миёни қувваҳои гуногуни ҷомеа амал мекунад ва бо ин роҳ нақши «механизми тавозунбахши миллӣ»-ро иҷро менамояд. 

Месазад хотирнишон созем, ки институти Пешвои миллатро ба таври сунъӣ сохтан номумкин аст. Дар ин муддат бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кӯшиш карданд ба хотири таҳкими ҷойгоҳи давлати худ дар арсаи байналмилалӣ ва шахсиятсозии фарзандони миллати худ аз роҳбарони давлаташон Пешво созанд, аммо таҷрибаҳо нишон доданд, ки пешвои ҳақиқӣ шахсиятест, ки аз байни мардум бархостааст ва дар лаҳзаҳои маргу зиндагӣ худро аз мардум канор нагирифта, фидокорона барои халқ хизмат кардааст. Ҳамчуноне ки ин воқеият дар шахсияти Пешвои муаззами миллати тоҷик баръало собит гардид.

Дар тӯли се даҳсолаи гузашта, таъсири мусбати институти Пешво дар ҳамаи самтҳои ҳаёти давлатӣ эҳсос мегардад. Дар соҳаи иқтисод, тавассути сиёсати рушди минтақавӣ ва баробарсозии имконот, Тоҷикистон аз кишвари пасоҷангӣ ба давлати дорои нишондиҳандаҳои устувори рушд табдил ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ масъалаҳои рушди маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дар меҳвари сиёсат қарор гирифтанд. Дар сиёсати хориҷӣ Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масоили глобалӣ, аз қабили дипломатияи об, амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии Осиёи Марказӣ муаррифӣ карданд. Ин ҳама на танҳо обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро афзуд, балки нишон дод, ки Пешвои миллат метавонад дар баробари роҳандозии сиёсати муваффақи дохилӣ дар таҳкими арзишҳои умумибашарӣ низ саҳми шоиста гузорад.

Аз нигоҳи идеологӣ, падидаи Пешво ба таври муассир дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳм гузошт. Суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат ба эҳёи тафаккури миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Табиист, ки имрӯз мафҳумҳои Пешво, сулҳ, ваҳдат, миллат, давлатдорӣ ва Ватан дар зеҳни ҷомеа бо ҳам пайванди маънавӣ пайдо кардаанд. Ин пайванд барои пойдории давлат ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амният ва асолати миллӣ – аз экстремизм то бегонапарастӣ нақши муҳим мебозад.

Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таърихии миллат метавон гуфт, ки падидаи Пешво дар Тоҷикистон як шакли миллии давлатдорӣ аст, ки дар асоси арзишҳои миллӣ, анъанаҳои сиёсии Шарқ ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ташаккул ёфтааст. Агар дар кишварҳои дигар роҳбарон танҳо вазифаи маъмуриро иҷро кунанд, дар Тоҷикистон Пешво ҳамзамон унсури фарҳангӣ, ахлоқӣ ва рамзии давлатдорӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки шахсияти Пешво на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар сатҳи маънавӣ низ эътироф ёфта, ба унвони рамзи ягонагии миллӣ ва шиносномаи давлатдории тоҷикон пазируфта шудааст.

Дар маҷмуъ, таъсири институти Пешво ба обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар чанд сатҳ ошкор аст: дар дохили кишвар ба воситаи таҳкими субот, ваҳдат ва ҳамраъйии миллӣ; дар сатҳи минтақавӣ тавассути сиёсати ҳамкорию мувозинати геополитикӣ; дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои инсондӯстона ва назариявии худ. Ба ин тартиб, институти Пешво на танҳо таҷассумгари як шахсият, балки падидаи миллӣ ва сиёсиест, ки аз анъа­наҳои гузаштаи миллат, зарурати таърихӣ, талаботи иҷтимоӣ ва дастовардҳои муосири ҷаҳонӣ маншаъ гирифта, рушди устувори давлатро дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъмин менамояд.

Яъне, таъсиси институти Пешво дар Тоҷикистон на натиҷаи иродаи шахс ва ё гурӯҳи муайяне, балки акси садои таърих ба ниёзҳои миллӣ мебошад, ки суботи давлат ва саодати миллат ба он пайванди ногусастанӣ доранд. 

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ, 

ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Ҳамчунин дигар маводҳо: