https://sadoimardum.tj

Дар қалби миллат

№:134 (5030) 14 ноя 2025, 18:13
0

Дигар касе ба ояндаи миллату кишвар бовар намекард. Тоҷикистон миёни обу оташ қарор дошт. Дар ҳар деҳу деҳкада, шаҳру шаҳрак танҳо садои навҳаи пурдарди модарон ба гӯш мерасид. Ҳатто тифлон лаззати хандаро фаромӯш карданд. Ҷавонони тоҷик дар муқобили ҳам сангар гирифта буданд. Бародар ҷониби бародар тир меандохт. Хун мерехт. Сафи ҷавонони диёр кам мешуд. Душманони миллат аз содагии тоҷик мастона ханда мезаданд. Даврони хориву залилӣ омада буд ва мардони сиёсатдону роҳбарони вақт дар шаҳри бостонии Хуҷанд гирди ҳам омаданд. Сарҷамъ шуданду роҳи наҷоти миллатро пайдо кардан хостанд, аммо барои сарварии ин давлат ва кишвари сӯхта роҳбаре лозим буд. Роҳбаре, ки аз ҷон бигзарад ба хотири меҳану миллат. Ҳеҷ кас ҷуръат надошт, фармони сарвариро ба даст бигирад. Ҳатто онҳое, ки мӯйи худро дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ сафед карда буданд, зӯру тавон ва боварӣ надоштанд ба ояндаи як мамлакати гирифтори дарду бало. Бо сад баҳона аз тахти шоҳӣ дурӣ ҷустанд. 

Ҳамон рӯз буд, ки ҷавонмарде нотарсона қадам пеш гузошт. Медонист, ки байни бародарони аз ҳамдигар ранҷида тухми оштӣ киштан осон нест. Медонист, ки душманони миллат дар ҳар қадам ба кораш халал эҷод мекунанд, аммо ба хотири эҳёи давлати тоҷикон, ба хотири миллати ранҷдидаву бесоҳибмонда далерона гом бардошт дар саҳнаи сиёсат... 

Бисёриҳо бовар накарданд. Бовар накарданд, ки як ҷавони бетаҷриба метавонад Тоҷикистонро аз даҳони аждаҳо раҳонаду миллатро аз дарду бало... Ҳанӯз яъсу ноумедӣ саросари мамлакат ҳукмрон буд. Касе пай набурд, ки ин ҷавонмард баргузидаи Яздон аст ва кишвари харобгардидаро наҷот медиҳаду барои миллат бахту саодатро ҳадя менамояд. Ин ҳарфҳоро ман нагуфтаам. Сухани онҳоест, ки дар майдони сиёсат корномаҳо эҷод кардаанду таҷриба андӯхтаанд. Низомулмулк, ки бо истеъдоду сиёсатдониаш ҷаҳониёнро мафтун карда буд, дар китоби машҳураш «Сиёсатнома» менависад: «Эзиди субҳонаҳу ва таоло дар ҳар асреву рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолеҳи ҷаҳону оромии бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯб бар ӯ баста гардонад ва имзову ҳашмати ӯ дар қулуби уюни халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд». 

Рӯзгори оянда, ҷасорату адолат ва корномаҳои бешумори ин ҷавонмарди фозилу боистеъдод дурустии сухани вазири кабирро исбот кард. Дар баробари ин, барои ҳар як фарди солимақл рӯшан гардид, ки бе ҳеҷ шубҳа, Ӯ баргузидаи Яздон аст...

Ва соати нишастани Ӯ ба тахти мамлакат рӯзе буд, ки вакилони мардум ба ҷонибдории Рӯзи наҷоти миллат ва мамлакати тоҷикон овоз доданд... 

Рӯзҳо мегузаштанд ва батадриҷ чарх мечархиду зиндагӣ идома меёфт. Ӯ бо ҷасорату далерӣ ба ҳар канори мамлакат сафар мекард. Бо мардум сухан мегуфту онҳоро ба сӯи ояндаи пур аз саодат ҳидоят менамуд. Кори осон набуд. Дар ҳар қадам хавфу хатар таҳдид мекард. Душманони миллати тоҷик ба ҳар васила мехостанд ба оташи пастгаштаистода равған резанд, вале Ӯ ба ояндаи миллат бовар дошт. На шаб ором мегирифту на рӯз. Хобу истироҳатро ба канори фаромӯшӣ дода буд. Билохира, бо ақлу дониш ва истеъдоди модарзодӣ тавонист тоҷиконро ба ҳам биёраду Тоҷикистонро аз дами аждаҳо берун кашад. Ӯ рисолаташро нотарсона адо мекард. Ӯ наҷотдиҳандаи миллату мамлакат! Инро сокинони мамлакати харобгардида ҳама дарк карданд. Дарк карданд, ки ин ҷавони ба қавли баъзеҳо «бетаҷриба» метавонад мурғи бахтро ром созаду саодатро сокини ҳар хонадони Тоҷикистон намояд ва атрофи вай муттаҳид мешуданд... 

Ҳар гоҳ дар бораи корномаи Пешвои муаззами миллат андеша мекунам, ин гуфтаҳо ба ёдам меоянд. Як зум Тоҷикистонро миёни обу оташ мебинаму банди дилам меларзад. Саросема мушт ба сар мекӯбам ва аз он олами пурдаҳшат худро канор мекашам. Ба олами ҳастӣ бармегардам ва ба дастовардҳои имрӯзаи сокинони мамлакат менигараму даст ба гиребон мебарам. Шукронаи Пешвои маҳбуб, давлати озод, Ватани обод ва миллати дилшодро мекунам. Медонам, ки ба ин рӯзҳо расидан кори осон набуд. 

Насли калонсол шоҳиди харобкориҳо буд. Ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллатро хуб медонад... 

Сокинони Раштонзамин дар он рӯзгор ранҷ мекашиданд. Мардони силоҳдор, ки хеле дур аз Раштон ба муқобили давлати тоҷикон меҷангиданд, баъди шикаст хӯрдан ба паноҳи кӯҳҳои сарбаланди ин диёр меомаданд. Дигар миёни кӯҳҳо пур аз мардони силоҳдори худиву бегона буд. Халқи одӣ дар муқобили эшон коре карда наметавонист. 

Ҳамон рӯзҳо Сарвари кишвари тоҷикон борҳо ба Раштонзамин сафар кард. Бо мардум суҳбат менамуд. Чунон ки шахси донишманду фозил бо наздиконаш. Онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуд. 

«Воқеан, водии Рашт яке аз қаламравҳои зебо, хушбоду ҳаво, дорои иқлими мусоид ва табиати нотакрори Ватани азизи мо мебошад, ки ҳанӯз дар давраҳои хеле қадим диққати сайёҳони Чин ва Ҳинду Юнонро ба худ ҷалб намуда, чун сарзамини ободу ҳосилхез ва диёри кишоварзони соҳибҳунар тавсиф шудааст. Мардуми водии Рашт дар тӯли садсолаҳо ҳам бо истеъдоди кишоварзиву ҳунармандӣ ва маҳсули дастони худ, ки ба шарофати Шоҳроҳи бузурги абрешим ба кишварҳои дуру наздик расида буд ва ҳам бо фарҳангпарвариву инсондӯстӣ ва азму талоши бунёдкоронаашон шуҳрат ёфтаанд, зеро яке аз шохаҳои Роҳи бузурги абрешим, ки марзҳои Ҳинду Чинро ба қаламрави Бохтару Суғд мепайваст, аз водии Рашт гузашта, то Вашгирду Ҳисор, Хатлону Вахш ва дигар мулку минтақаҳо мерасид», - мегуфт дар суҳбатҳояш.

Бо вуҷуди душвориҳои сангин барои сокинони ин диёр масолеҳи бинокорию маводи ғизоӣ мефиристод. Мактаб месохту табобатхона. Намегузошт, ки мардуми як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз азият бикашанд. 

Панду андарз ва суханҳои ҷозиби Сарвари давлат ба сокинони Раштон хуш буд. Онҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳамон рӯзҳо бовар карданд. Бовар карданд, ки танҳо Ӯ метавонад миллати пора-пора гаштаро ба ҳам биёрад. Якпорчагии кишвару ягонагии миллатро таъмин намояд... 

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба зудӣ дар ин минтақа тағйироти зиёд ба чашм мерасид. Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо дида мешуд. Сокинони маҳал миёнро мустаҳкам бастанду бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба ободкорӣ рӯ оварданд. 

Аммо душманони миллат ҳанӯз по аз рикоб нагирифта буданд. Роҳу васила меҷустанд, ки минтақаи оромро ноором кунанд. 

Соли 2010 дастаҳои ҷинояткор бо раҳнамоии хоҷагони хориҷии худ боз сар бардошта, мехостанд, ки вазъиятро дар водии Рашт дубора муташанниҷ гардонанд. Мақомоти қудратӣ сари вақт аз нияти шуми онҳо бодарак гардида, барои саркӯб карданашон чораҳои зарурӣ андешиданд. Тамоми мардуми бо нангу ори Раштон бо мақомоти қудратӣ барои зудтар фош ва саркӯб намудани ҷинояткорон ҳамкорӣ намуданд. Натиҷаи ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷинояткорон безарар гардонда шуданд ва оромии минтақа пурра таъмин шуд. Ин охирин талоши душманони миллати тоҷик дар Раштонзамин буд. Баъди шикасти дастаҳои харобкор хоҷагони эшон хуб дарк карданд, ки сокинони ин диёр дигар ба доми фиребашон намеафтанд. Онҳо соҳибу роҳбаре доранд, ки бо истеъдоди худододаш роҳашонро рӯшан месозад. 

Имрӯз ҳар касе ба навоҳии Раштонзамин меояд, пешравиҳоро мебинаду ангушти ҳайрат мегазад. Дар хурдтарин деҳаҳо касеро бекор пайдо намекунӣ. Машғули коранд мардум. Онҳо мехоҳанд дар партави ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат дар пешрафту ободии Раштон саҳме гузоранд. Кӣ бовар дошт, ки дар шаҳраки Ғарм, миёни кӯҳҳои сар ба фалаккашида биноҳои 15-ошёна бунёд мегардад? Кӣ бовар дошт, ки дар синаи кӯҳҳои баланд роҳе месозанд, ки сафар бо он роҳ кайфияте дорад? Кӣ бовар дошт, ки дар ин навоҳии дурдаст Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис меёбад? Ва боз суолҳои зиёди пур аз тааҷҷуб инсонро ба андеша водор мекунад...

Заминларзаи соли равон дар ду ноҳия - Рашту Тоҷикобод харобкорӣ кард. Он рӯз ҳам ба имдоди зарардидагон Пешвои миллат расид. Овозаи бунёди маҳаллаҳои нав боиси хушнудии мардум гардид. Маҳаллаҳо дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардиданд. Ҳар рӯз ба тамошои он маҳалҳои шаҳракмонанд аз дуру наздик мардуми зиёд меомад. Ман аз дигарҳо қафо намемондам. Борҳо ба маҳаллаҳои дар ҳудуди деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт ва Дашти Бозори ноҳияи Тоҷикобод бунёдгардида рафтам... 

Бори охир пеш аз сафари Пешвои муаззами миллат ба Раштонзамин ба деҳаи Зарангак рафтам. 

- Ҳафт пушти ин мардум чунин хонаҳои зеборо, ки бо тамоми шароит таъминанд, надида буданд, - ба хонаҳои зебову барҳаво ишора карда мегуфт пирамарди нуроние. - Худо шоҳид, дар ин умри дароз роҳбарони зиёдро дидам, умрам ба тарбияи насли наврас сарф шуд. Замони барқарории шуравӣ роҳбарҳо буданд. Онҳо ҳам заҳмат мекашиданд, лекин ҳамтои Пешвои маҳбуби миллат касе набуд. Ин қадар ғамхорӣ, ин қадар меҳрубонӣ, ин қадар ҷонфидоӣ барои Ватану миллат... 

- Роҳи навро намегӯӣ, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад дигаре. - Ба мошин менишинию пай намебарӣ, ки он ҳаракат дорад. Чашм пӯшида мекушоӣ ки, вориди шаҳр мешавӣ.

- Агар мо корҳои барои миллат анҷомдодаи Пешвои муаззамро ҳисобу китоб кунем, моҳу сол лозим аст, ки бинишинему номбар кунем, аммо фақат ду кори бузургаш - наҷоти кишвару давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ кифоя аст, ки мо ҳайкали ин марди фарзонаро аз тиллои холис дар тамоми шаҳру деҳи мамлакат бунёд кунем. Корномаи Пешвои муаззами мо тӯли ҳазорсолаҳо зинда мемонад ва дарси ибрате барои ояндаҳо хоҳад буд,- бо овози баланд ва қатъӣ мегӯяд пирамарди нуронӣ.

Ба суханҳои ин мард, ки ҳама ҳарфаш самимӣ буд, гӯш медиҳаму бовар мекунам, ки тамоми мардуми кишвар ба Пешвои муаззами хеш бовар доранд ва ӯро дӯст медоранд. Дигар манзили Ӯ дар қалби тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст... 

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: