Фалсафа ва ҳақиқати Сада
ҲУШМАНДӢ ВА ХИРАДВАРЗӢ
Ҳар кӣ ба огаҳӣ расид, ҳақиқати зиндагиро ба ростию дурустӣ бишнохт. Ҳар кӣ дар бехабарӣ зист, ҳатто надонист, ки худаш кист, чаро ба дунё омадааст, чӣ рисолате дар зиндагӣ дорад?
Ниёгони мо барои расидан ба огаҳӣ роҳи дурударозеро тай намуданд. Аз таҷрибаи зиндагӣ баҳра бардоштанд, дониш андӯхтанд. Онҳо оташро, оҳанро, мису тиллоро... кашф намуданд, шаҳрҳо бунёд карданд, ҳайвонотеро ба худ ром сохтанд.
Зиндагӣ дар моқабли таърих осон набуд. Зимистонҳои дарози сарду торик ба ҷони одамон таҳдид мекард. Ҳайвоноти ваҳшӣ ҷони одамонро ба хатар меандохтанд. Аз ҷониби дигар, қавму қабилаҳо ба сари ҳамдигар метохтанду якдигарро мекуштанду ғорат менамуданд. Зиндагӣ майдони мубориза барои зинда мондан буд. Дар он даврон касе метавонист ҷони солим ба дар барад, ки тавоноӣ дошт, аз ақл кор мегирифт, аз таҷрибаи зиндагӣ истифода мебурд.
Ниёгони мо одамони ҳушманде буданд. Бо дониш ва хираде, ки доштанд, дар баробари табиати бераҳм ва қавмҳои ваҳшӣ аз худ дифоъ мекарданд. Онҳо ёд гирифтанд, ки барои зиндагии ором доштан дониш ва ҳикматро ба қабилаҳои ваҳшӣ низ биёмӯзанд, ки одамият дар онҳо рушд кунад. Роҳи ягонаи ҳамзистии осоишта ҳамин буд ва онҳо ин корро карданд. Бо вуҷуди ин, ҳамеша аз ҳампаймонони худ хиёнат диданд, хонаашон сӯхтаю хароб гардид. Онҳо дубора аз хокистари хеш эҳё гаштанд ва ҳамон рисолати бунёдкорӣ ва хирадбахшиашонро идома доданд.
ҲАМРОЗИ ТАБИАТ
Ниёгони мо фаҳмиданд, ки бояд забони табиатро биёмӯзанд, ҳамрози табиат гарданд, як ҷузъи табиат будани худро дарк намоянд. Агар худро дар муқобили табиат гузоранд, нобуд мешаванд. Табиат метавонад ба онҳо мисли модар ғамхор бошад ва ҳам метавонад душмани онҳо гардад. Ба чунин шинохте расидан инқилоби андешаро ба вуҷуд овард, зеҳнҳоро таҳрик бахшид. Дониш дар табиат пинҳон буд, онро кашф кардан, истифода бурдан ягона роҳи дуруст ба ҳисоб мерафт.
Одамон фаҳмиданд, ки офтоб на танҳо онҳоро, балки Заминро гарм мекунад. Торикӣ ва сардии зимистонро аз байн мебарад. Ба замин нафаси тоза мебахшад, аммо мушкил ин буд, ки бо фаро расидани зимистон абрҳо осмонро мепӯшиданд, шамоли сард мевазид, барф меборид, чашмаю ҷӯю рӯдҳо ях мебастанд. Зиндагӣ сахт мешуд, ҳар лаҳза марг ба суроғи одамон меомад. Ягона роҳи зинда мондан шикор кардан ва бо пӯсти ҳайвонот бадани худро пӯшидан буд.
Торикӣ ба дили одамон тарс меовард. Табиат бедодгарӣ мекард, тараҳҳумро намешинохт. Хаёли онҳо дар чунин ҳолат ба ҷунбиш меомад, қувваҳои некӣ ва бадиро дар таваҳҳум медиданд. Шабаҳи деву ҷину парӣ дар тасаввурашон соя меандохт. Онҳо гумон мекарданд офтобе, ки дар тобистон гармашон мекард, мурдааст. Бо ин гуна андешаҳо на танҳо зеҳнашон таҳрик меёфт, балки табиатро бештар мушоҳида мекардагӣ шуданд. Онон ҳамин тавр ба шинохти дарозтарин шаб (20-22 декабр) расиданд ва чунин пиндоштанд, ки он шаб хуршед дубора таваллуд мешавад ва ҳамин ки чилааш баромад, ҷон мегирад ва оҳиста-оҳиста торикию сардиро аз байн мебардорад.
Дар ин миён дар ҳаёти одамони он даврони дур инқилобе рух дод, ки ба куллӣ зиндагиашонро дигаргун сохт. Онҳо оташро кашф карданд. Дар «Шоҳнома» ва осори Абурайҳони Берунию Умари Хайём ва дигар бузургонамон кашфи оташ ба шоҳони Каёнӣ (Ҳушанг) нисбат дода мешавад, аммо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки оташ кашф шуд ва он ба ҳаёти одамон гармӣ овард ва, ҳатто, инсонҳоро дар баробари ҳайвонҳои ваҳшӣ тавоноӣ бахшид, пардаи зулмотро шикофт ва умедро ба оянда равшан намуд.
Акнун дар зимистонҳои дароз оташ ивазкунандаи офтоб буд ва ин унсури табиат барои одамон муқаддас гардид. Ба пиндори гузаштагони дурамон, дар хонае, ки оташ равшан аст, аҳриман – бадиҳоро ба он манзил роҳ нест. Оташ аҳриманро месӯзаду нобуд мекунад. Ниёгонамон дар оташ қувваи бузурги осмониро медиданд. Онҳо оташро намепарастиданд, балки онро муқаддас медонистанд. Он барояшон туҳфаи Аҳурамаздо, рамзи зиндагии гарму роҳат ба ҳисоб мерафт. Аз ин ҷост, ки дар дили зимистон ҷашни оташро баргузор менамуданд. Даври он мерақсиданду овоз мехонданд ва офаридгорро ситоиш мекарданд. Онҳо ҷашни оташро Сада ном ниҳоданд.
САДА САРОҒОЗИ ҶАШНҲО
Ҷашни Садаро ҳар сол даҳуми баҳманмоҳ баргузор мекунанд, ки дар Тоҷикистон баробар ба 31 январ буда, ба таври расмӣ таҷлил мегардад. Аксари назарияпардозон ба ин боваранд, ки Сада баргирифта аз шумораи сад аст. Абурайҳони Берунӣ менависад: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст. Ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс, падари нахустин, дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд. Ва бархе бар ононд, ки дар ин рӯз фарзандони Машо ва Машиёна (нахустин мард ва зани дунё) ба сад расиданд. Ва низ омада шумори фарзандони Одам аб-ул-башар дар ин рӯз ба сад расид».
Агар ба таври дигар назар андозем, мебинем, ки аз шаби таваллуди хуршед, ки оғози зимистон аст, то баромадани чилаи офтоб чил рӯз мешавад. Вақте чилаи хуршед баромад, Ҷашни Сада баргузор мегардад ва аз Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзи дигар аст. Чил ва панҷоҳро ба ҳам ҷамъ кунем, навад рӯз ҳосил мегардад, ки се моҳи фасли зимистонро пурра дар бар мегирад. Ин ба он маъност, ки ниёгони мо фасли зимистонро аз рӯи мушоҳидаҳои дақиқ ва донише, ки дар он замон доштаанд, муайян сохтаанд.
Ҷашни Сада аз Наврӯз қадимтар буда, шояд, нахустин ҷашни ниёгони мост. Кашфи оташ ба одамон шодмонӣ овард, ба онҳо неру бахшид ва гармиро дар дили сардиҳо эҳё намуд. Аз ин ҷост, ки Садаро ид мекунанд.
Ҷашни Сада ба гузаштагони мо шод зистанро омӯхт. Онҳо ёд гирифтанд, ки дар баробари сахтиҳои рӯзгор шодиро муқобил гузоранд. Сиёҳиро бо шод зистан аз байн бардоранд. Ҳамин буд, ки ҳар моҳ ҷашне баргузор мекарданд, менавохтанду мерақсиданд ва суруд мехонданд. Бо оташ неруҳои аҳриманиро аз хонадону аз кишварашон меронданд. Оташ, яъне, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, равшанӣ бар торикӣ, хушбахтӣ бар бадбахтӣ аст.
Бо оташи Сада ниёгонамон ба истиқболи Наврӯз мерафтанд ва ҷашни Меҳрро баргузор менамуданд.
Имрӯз, албатта, бо дигар гаштани замон ва шароити зиндагии мардум фалсафаи Сада ҳам то ҷое тағйир ёфтааст. Акнун он бештар ба ҷашни деҳқонон бадал гаштааст. Дар он рӯз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад ва дар майдонҳо ба шакли намодин оташ афрӯхта мешавад, аммо беҳтар аст, ки аз фалсафаи ҳақиқии Сада огоҳ бошем ва ин ҷашни миллиро ҳар сол ба таври ғайриодӣ таҷлил намоем.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
