Раиятпарвар
Ҳикмати арҷгузорӣ ба ҷоннисорию хизматҳои мондагору таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон дар он таҷассум меёбад, ки хидматҳои бузургу мондагори ин абармардро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, балки чун намунаи беназири ибрат бипазирем ва сармашқи кор қарор диҳем.
Маҳз, Роҳбари давлат буданд, ки дар сангинтарин рӯзҳо бори масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш гирифта, давлату миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, тарафҳои даргирро ба ҳам оварданд ва сулҳу суботу оромиву осудагиро барқарор намуданд.
Ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани беш аз як миллион фирориёни иҷборӣ аз хидматҳои дигари мондагори Президенти кишвар аст, ки ба ин васила, мардуми ғарибгаштаро аз хорию забунӣ наҷот дода, дигарбора соҳибватан ва ба ин восита, дари кохи саодату хушбахтиро ба рӯйи онҳо боз намуданд.
Он солҳо тамоми минтақаҳои кишварамонро қаҳтию гуруснагӣ таҳдид мекард ва, маҳз, ба баракати иқдоми наҷибонаи Роҳбари раиятпарвари давлатамон 75 ҳазор гектар замин дар ихтиёри мардум гузошта шуд. Маҳз, ҳамин тадбири саривақтӣ мардумро аз гуруснагӣ дар он солҳои душвор раҳонд.
Қадами дигари устувор дар марҳилаи навини давлатдорӣ амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ буд. Бо ибтикори Роҳбари давлат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ арзишмандтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ - Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ қабул ва дар он шакли давлатдорӣ муайян гардид. Заминаи мусоид фароҳам шуд, ки қонунгузории кишвар зина ба зина такмил ёбад, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин гардад. Бо таъсис ёфтани сохтори думаҷлисии мақоми қонунбарор - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон парламентаризм дар кишварамон рушд намуд ва қонунгузорӣ пайваста бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ такмил гардид.
Бо саъю талоши беназири Роҳбари давлат, ки ҳастии худро барои хидмат ба давлату халқи азизаш бахшидааст, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам овард. Балки мактаби сулҳофарии Президенти маҳбуби мо барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир ва мояи ибрат гардид. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пазируфта шуд. Роҳбари давлат пайваста дар Созмони Милали Муттаҳид - аз ин минбари баланд оид ба мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ менамоянд. Борҳо шоҳиди он будем, ки Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш на танҳо дар мавриди мушкилоти Тоҷикистон, балки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои басо мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб намуданд.
Аз ҷумла, дар ҳошияи Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 24 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Бо ин ташаббусашон муҳтарам Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот дар саросари ҷаҳонанд ва ҳаллу фасли ҳама ихтилофу низоъҳоро бо роҳи дипломатӣ мебинанд.
Хидмати шоистаи дигари Роҳбари давлатамон он аст, ки маҳз, ба баракати ташаббусу иқдомҳои бесобиқаашон бунёду навсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта оғоз гардида, тадриҷан кишвари азизамон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун омад. Роҳбари ояндабину дурандеши миллат барои таҷдид ва навсозии роҳҳо иқдом намуда, на танҳо ин мушкилро рафъ намуданд, балки барои ҳамлу нақли молу маҳсулот ба дигар кишварҳо ва ба ин васила, тақвият бахшидани робитаҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки барои кишварҳое ба мисли Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Покистон ва кишварҳои Аврупо низ дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ-иқтисодӣ хидмат хоҳанд кард.
Таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии солҳои сипаригардидаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки маҳз, аз баракати саъю талош ва тадбирҳои хирадмардонаю саривақтии Президенти муҳтарами кишварамон миллати мо дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳама барои кишваре, ки чанде пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омадааст, бо ин фосилаи кӯтоҳ дар таърих собиқа надорад.
Яке аз омилҳои пешрафти иқтисодӣ, албатта, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки Роҳбари давлат ба он таваҷҷуҳи хоса доранд. Маҳз, ҳамин омил на танҳо боис ба пешравии иқтисоди хонаводагии аҳолӣ, балки дар маҷмуъ, кишвари азизамон гардид. Тавре дар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд… Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ, бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Маҳз, ба баракати ҳусни таваҷҷуҳи Роҳбари муҳтарами кишвар мақоми зан ва модар дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқаю беназир боло бардошта шуд. Бо иқдоми наҷибонаи ин абармард ҷиҳати фарогирии духтарон, хоса духтарони минтақаҳои дурдасту кӯҳистон ба таҳсил, Квотаи президентӣ таъсис ёфт. Аз ин роҳ дари мактабҳои таҳсилоти касбию олӣ ба рӯи ҳазорҳо духтар боз шуду соҳиби касбу ҳунар гардиданд ва имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳри ободию сарсабзии кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне, дар 28 соли охир, 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор нафар духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шуданд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Иқдоми дигаре, ки аз сӯйи Роҳбари хирадманду дурандешу фарҳангпарвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, эҳёи ҳунару суннатҳои мардумӣ мебошад. Ба баракати роҳандозии чунин тадбир дар саросари кишвар садҳо ҳунари мардумии азёдрафта эҳё шуд ва дӯконҳои ҳунармандӣ бунёд ёфт. Ҷашнҳои миллии мо - Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада на танҳо умри дубора ёфтанд, балки василаи муаррифӣ ва далели зиндаи таърихи фарҳанги куҳан доштани миллати мо гардиданд. Имрӯз хориҷиёни на танҳо ҳамзабону ҳамфарҳанг, балки дигар миллатҳо низ саъй мекунанд, ки дар рӯзҳои таҷлили ин идҳои миллии мо дар Тоҷикистон бошанд.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузурги миллат аз дигар иқдомҳои муҳиму таърихии Пешвои муаззами миллатамон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо конфронсу ҷашнҳои бошукӯҳ ба хотири гиромидошти фарзонафарзандони миллат баргузор гардиданд ва ин ҳама беҳикмат набуд. Чунин иқдомҳо, агар аз як сӯ, арҷгузорӣ ба хидматҳои абармардони миллат бошанд, аз ҷониби дигар, ба хотири таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии мо роҳандозӣ мегарданд. Ба нашр расонидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров , «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ҳадя намудани онҳо ба ҳар як хонадон, маҳз, ба хотири тақвияти пайванди дирӯз ба имрӯз ва имрӯз ба оянда аст.
Кулли хидматҳои мондагори Роҳбари маҳбуби давлатамон дар китоби таърихи миллати сарбаландамон бо хатҳои заррин сабт гардида, наслҳои имрӯзу оянда ба онҳо арҷ мегузоранду арҷ хоҳанд гузошт.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия
Ҳамчунин дигар маводҳо:
