https://sadoimardum.tj

Субҳи умеди миллат

№:145 (5041), 08 дек 2025, 17:25
0

Ҳарчанд хурдсол будам, вале манзараҳои пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлол, ки кишвари навбунёди моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид, то ҳол дар зеҳнам боқист. Он рӯзҳо ҳар гӯшаи Тоҷикистон аз нолаву андуҳ пур буд. Хонаводаҳо ҷудо, мардум беҷо, тифлони ятим, модарони фарзандгумкарда – ин ҳама манзараҳо дар хотири мардуми мо мисли доғи ҷовидонӣ сабт шудаанд.

Мешунидем, ки дар пойтахт мардум барои як бурда нон соатҳо навбат меистанд. Ҳазорон ҳамватан маҷбур буданд гуреза шаванд, то ҷони худро наҷот диҳанд. Зиндагӣ гӯё ранги мотам гирифта буд. На рӯшноӣ, на оромӣ, на умед. Ҳама чизро торикии ҷанг фаро гирифта буд. Маҳз, дар ҳамон лаҳзаҳои ноумедӣ, вақте миллат ба як раҳнамо ниёз дошт, марде аз миёни мардум қадам ба саҳнаи таърих гузошт – шахсе, ки бо ҷасорат, дилсӯзӣ ва бо имони қавӣ нисбат ба Ватан тавонистанд роҳи наҷоти миллатро ёбанд. Ин марди бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонанд.

Ин абармард дар давраи хатарноктарин масъулияти роҳбарии кишварро ба зимма гирифтанд. Солҳои 1992–1997 Тоҷикистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дошт, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати қавӣ, дили пур аз муҳаббат ба мардум ҷон ба каф гирифта, барои сулҳ талош намуданд. Бовар дош­танд, ки тоҷик метавонад танҳо бо ҳамбастагӣ, бахшиш ва муҳаббат сарҷамъ гардад.

ПАЙМОНИ ДИЛҲО

Сулҳи тоҷикон натиҷаи ирода ва ақлу хиради Пешво аст. Дар соли 1997, пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ поён ёфт. Ин рӯйдод на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон як падидаи беназир шуд, зеро то ҳол дар ҳеҷ кишваре ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳи сулҳ ҳал нашудааст.

Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар он рӯзҳо танҳо як сиёсатмадор не, балки падари ғамхору раҳнамои миллат буданд. Ҷон ба каф гирифта, пайи сулҳу суботи меҳан худро ба дили оташ заданд. Азбаски қалбашон пок ва нияташон холис буд, дар оташи ҷаҳлу фитнаҳо насӯхтанд. Бо оби мусаффои сулҳҷӯйиашон шуълаи сӯзони ҷаҳолату хусуматро хомӯш карданд. Зиштиҳоро ба зебоӣ, бадиҳоро ба муҳаббату садоқат табдил доданд. 

Оромии худро аз даст доданд, то халқи азизаш ором бошад. Тану ҷонашонро ба гарав гузоштанд, то сари мардум дар амон бошад. Дар иҷрои рисолат ҳамеша мутеи амри виҷдон ва қонунҳои инсоният буданду ҳастанд. Бо тапишҳои қалби пурэҳсосаш набзи халқи азизашро хуб медонанд. Дар ғаму шодии халқаш доимо шариканд. Таърихи пурифтихорашро зинда кардаю онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ин абармард таърихеро зиндаю побарҷо сохтанд, ки зиёда аз ҳазор сол хуфта буд ва дар зери сояи девори кинаву адовати душманону нотавонбинон пажмурда ва аз боварҳо дур гардида буд.

АЗ ВАРТА ТО ҚУЛЛА

Пас аз барқарории сулҳ Пешвои миллат бунёди давлати навини тоҷиконро оғоз намуданд. Бо роҳбарии ин абармард Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гашт. Миллати тоҷик соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ шуд. Тоҷикис­тон пули миллии худро доро гардид, ҳамчунин, Артиши миллӣ таъсис ёфт ва пояи давлатдории тоҷикон устувор гашт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи нобудӣ ба марҳилаи рушди устувор расонданд, сохтмонҳои бузургро роҳандозӣ карданд, ҳазорҳо мактаб, роҳу пул, шифохона, иншооти иҷтимоӣ ва энергетикӣ бунёд гардид. Сохтмони НБО «Роғун», ҳамчун рамзи қудрат ва ормони миллӣ, оғоз ёфт, ки имрӯз боиси ифтихори ҳар тоҷик аст.

Абармарди миллат таълиму тарбияи ҷавононро меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷавононро неруи созанда номиданд. Имрӯз ҳазорҳо ҷавон бо ташвиқу дастгириашон дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва бо донишҳои нав ба Ватан бармегарданд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони модарӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаашон забони тоҷикӣ чун рукни муҳими ҳувияти миллӣ эҳё шуд. Ба воситаи китобҳои гаронбаҳояшон, инчунин, нашру тақдими ройгони «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ миллат аз асли хеш огоҳ гашт.

Пешвои миллат чун ҳомии арзишҳои дини мубини ислом, бо талошҳои пайваста дар сатҳи байналмилалӣ ҳақиқати ин динро ҳамчун дини сулҳу инсоф ва илму маърифат муаррифӣ карданд. Ба далели ҳамин хизматҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай дар пай ба рӯйхати «500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон» дохил мешаванд.

Ин абармард раҳбареанд, ки бо қалби пурмеҳр ва эҳсоси падарона зиндагии ҳар фарди кишварро пайгирӣ мекунанд. Ҳангоми мулоқот бо кӯдакони ятим пешонияшонро мебӯсанд, ба модари пири нуронӣ ғамгусорона мегӯянд, ки «Биё, барои табобат туро аз Бадахшон ба пойтахт барам, чунки мо ба модарон доимо ниёз дорем».

КИШВАРИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати устувор, ором ва босубот табдил ёфтааст. Кишвари мо бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028)» ва пешниҳодҳои дигар вобаста ба обу иқлим, инчунин, Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо қатъномаҳои СММ қабул шудаанд, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста дорад.

Пешвои миллат, ки аз дарди мардум огоҳанд, ҳамеша таъкид мекунанд: «Сулҳ неъмати бебаҳо аст. Мо бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем». Чунин суханҳоро аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳамеша ба забон меоранд, ки рамзи хиради волои ин абармард ва ҳушдори таърихӣ барои наслҳои ояндаи тамоми халқият аст.

ҶИЛОИ САФҲАИ ТАЪРИХ

Ман фарзанди ҳамон замоне ҳастам, ки ҷангро дидаам, имрӯз бо ифтихор мегӯям: агар он рӯзҳо Тоҷикистон дар вартаи ноумедӣ қарор дошт, имрӯз ба шарофати ин марди бузург кишвар ба оромиву пешрафт расидааст. Ҳоло кӯдакон дар мактаб бо ханда таҳсил мекунанд, ҷавонон бо умед зиндагӣ доранд, модарон хотирҷамъ ҳаёт ба сар мебаранд ва ин ҳама самараи сулҳ ва хирадмандии Пешвои миллат аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки рамзи миллат, ифтихори наслҳо ва наҷотбахши ҳақиқии тоҷикон аст. Ин абармард бо қадамҳои устувор роҳи Ватанро ба сӯи фардои нек мунаввар сохтанд. Ба такрор гуфтани мо ҳам маънои онро дорад, ки, бигзор, насл­ҳои оянда бидонанд: сулҳ, оромӣ ва ободии имрӯз туҳфаи як фарзанди дилсӯзу ҷоннисори миллат аст, ки номашон ҳамеша дар сафҳаи таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳнигини пурҷилои таърихи миллатанд!

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: