То фирефтаи дигарон нагардем...
Адабиёти классикии тоҷику форс хазинаи бузургест, ки инсон метавонад онро дар ҳама замон баҳри таълиму тарбия истифода барад. Метавонад аз панду андарзи бузургон ибрат омӯзад ва ба дигарон дарси адаб гӯяд. Умуман, ягон мавзуъ аз назари бузургони гузаштаи мо дур намондааст ва дар ҳалли ҳар гуна масоили чигил метавонем ба мероси адабии онҳо муроҷиат намоем. Яъне, чандин қарн сипарӣ шуда бошад ҳам, андешаҳои онҳо то имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи мо ба кор меоянд.
Чун имрӯз яке аз мавзуъҳои доғи рӯз мардумфиребист, мехостам дар ин мақола бо истинод ба андешаҳои шоири маъруф Камоли Хуҷандӣ ибрози назар намоям.
Медонем, ки дар замони зиндагии Камоли Хуҷандӣ мадрасаҳои зиёду номдор фаъолият доштанд ва толибилмон дар ин мадорис илмҳои гуногунро азбар мекарданд. Аз ҷумла, илми фиқҳро хуб медонистанд ва онҳое, ки дар ҳақиқат эътиқоди комил ба Худованд доштанд ва аз дини мубини ислом пайравӣ мекарданд, аз рафтору кирдори шайху муллоҳои мардумфиреб ба ғазаб омада, онҳоро мазаммат менамуданд. Мардумро ҳушдор медоданд, ки аз чунин шахсони дағобоз ва фиребгар ҳазар намоянд. Дар баробари ин, адибони бузург бо рафтору кирдори худ исбот карданд, ки мусалмони ҳақиқӣ кист ва бояд дар умри кӯтоҳ ба кадом кор машғул бошад, ба ҷомеа чӣ хизмат намояд. Ҳамин буд, ки обрӯ ва эҳтироми эшон то имрӯз бақо ёфтааст.
Гуфтем, ки дар рӯзгори мо сафи мардумфиребон хеле зиёд гардидааст. Ба воситаи телевизион наворҳоеро тамошо мекунем, ки шахсони синну солашон гуногун аз боварии мардум истифода бурда, ба ҷиноятҳои маънавие даст мезананд, ки Худованди мутаол дар китоби худ онҳоро найҳ кардааст, аммо уламои навбаромад он ҷиноётро дар такя ба оёти раббонӣ ва аҳодиси набавӣ амалӣ мекунанд. Яъне, онҳо на тарс аз рӯзи ҷазо доранду на шарм аз бандагони Худо.
Агар сокинони ҷумҳурии мо аз мероси ниёгони бузурги худ бо хабар бошанд ва асарҳои онҳоро пайваста мутолиа намоянд, итминони комил дорем, ки зуд фиребгаронро фош менамоянд ва ба доми онҳо намеафтанд.
Яке аз масъалаҳое, ки диққати шоири бузургро ба худ ҷалб намудааст, «ҳолату ваҷди риёӣ» мебошад. Камоли Хуҷандӣ дар як байти хеш мефармояд:
Суфиён гӯянд, чун мо хезу дар рақс о, Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.
Чун сухан аз суфӣ ва ҳолату ваҷди риёӣ меравад, ибтидо мо бояд ба маънии ин вожаҳо сарфаҳм равем. Маънии суфӣ дар луғат пайрави тариқати тасаввуф омадааст. Аҳли тасаввуф дар мазоҳиби дини мубини ислом мақоми хоса доранд ва ин мавзуи дигар аст.
Вожаи «ҳол» ба маънии чигунагӣ, вазъият, замон, шодӣ, хушӣ, нишот омадааст, аммо дар тасаввуф он ба маънии ваҷд, шӯр истифода мешавад. Вожаи «риё» ба маънии мунофиқӣ кардан, дурӯягӣ кардан, некукорӣ ва покдомании зоҳирӣ шарҳ дода шудааст. Вожаи «ваҷд» бехудӣ аз хурсандӣ, ғояти шавқу шодӣ, завқу шавқ, ҳолати завқу шавқи бехудонаи суфиён дар вақти симоъ ва ҷаҳр баён гардидааст. Яъне, дар байти мазкур Камол гуфтааст, ки чун суфиён дар ҳолати симоъ ба ваҷд омаданду дар ҳолати бехудӣ мерақсиданд ва фиғону фарёд мекарданд, аз ӯ низ хостанд, ки ба эшон пайвандад, аммо Камол, ки дар ҳаракоти эшон риёкориро дида буд, посух дод, ки чунин ба шӯр омадан ва ваҷди дурӯғинро хуш надорад.
Аз ин байти Камол бармеояд, ки дар он замон низ зумрае аз суфиён ба хотири ба даст овардани даромади муфт дар ҷойҳои серодам симоъ мекарданд, зикр ва рақс менамуданду оммаи мардум ҳолати онҳоро дида ба Худопарастию покизагиашон бовар карда, назру садақаашон медоданд.
Имрӯз низ мо шоҳиди чунин ҳолатҳо мешавем. Дар маъракае ва ё ҷамъомаде, ки оёти қуръонро мехонанд, одамоне ёфт мешаванд, ки аз ин овоз «ба ваҷд ва шӯр» меоянду бо овози баланд мегирянду мушт ба сари худ мезананд. Ё ҳангоме ки муллое аз рӯзгори паямбару ёрони ӯ қисса мегӯяд, ашк мерезанду оҳу афғон мекунанд. Яъне, ин гурӯҳ давомдиҳандагони кори он қавманд, ки шоири бузурги тоҷик риёкорашон хондааст.
Камол дар ашъори худ чун донишманди бузург ба муқобили хурофот ва таассуби мазҳабӣ мубориза бурда, риёву дурӯғи обидону зоҳидони хушк, шайхону муршидони авомфиребро, ки бо ҳилла моли мардумро мехӯрданд, танқид мекунад:
Шароби лаъл менӯшам ман аз ҷоми зумуррадгун,
Ки зоҳид афъии вақт аст, месозам бад-ин кӯраш.
Камол дар ашъори худ он шахсони бесаводеро, ки ба уламои донишманд танҳо дар зоҳир пайравӣ мекунанд ва корҳои эшонро кӯркӯрона тақлид менамоянд, мазаммат менамояд:
Солҳо бар дари майхона нишинам, беҳ аз он,
Ки аз ин гӯшанишинони муқаллид бошам.
Шоири бузург таъкид мекунад, ки дар масҷид нишастану намоз хондан ва тавбаву тазарӯъ намудан ҳанӯз нишони мусалмонӣ нест, балки мусалмони ҳақиқӣ он кас аст, ки дар ҳама ҷо ибодатро аз қалб хос барои охираташ менамояд:
Зуҳд дар савмаа меварзаму ин риндӣ нест,
Риндӣ он аст, ки дар майкадазоҳид бошам.
Имрӯз мо шоҳиди лаҳзаҳое ҳастем, ки шоир дар замони худ онҳоро бо чашми ҳамабинаш дидаву эрод гирифтааст. Рӯзи ҷумъа даҳҳо нафарро мебинем, ки на панҷ вақт намозро дар вақташ мегузоранду на Худоро ба ёд меоранд. Шаш рӯз пайи кори худ саргардонанд ва танҳо рӯзи одина пайи адои намози ҷумъа мешитобанд. Ба ҳамин хотир, шоир гӯё барои ҳамзамонони мо гуфта бошад:
Ба масҷид ҳафтае аз ту куҷо як саҷдаи лоиқ,
Ки дар одинае зоҳид, ба шашрӯзи дигар фосиқ.
Камоли Хуҷандӣ дар байти дигар таъкид менамояд, ки ӯ ринд асту покбоз ва назарбозии худро аз мардум пинҳон карда наметавонад. Чунон ки зоҳидон ба таррорӣ (роҳзанӣ) молу имони мардуми нодонро мерабоянд, ӯ ин ҳунарро надорад:
Камол аз халқ натвонист пӯшидан назарбозӣ,
Ки ӯ риндасту чун зуҳҳод таррорӣ намедонад.
Шоир ба он масъала дахл менамояд, ки, маҳз, ишқи пок ва ибодати бетамаъ метавонад бандаи худопарастро ба Парвардигораш наздик гардонад. Аммо зоҳид, ки аз ишқ хабар надорад ва пеши назари мардум зуҳдфурӯшӣ мекунад, Худоро намебинад, танҳо ба хотири шуҳрату сарват дар ин ҷода қадам гузоштааст:
Зоҳид зи ту пӯшад назару зуҳд фурӯшад,
Ин бехабаронро нигар, ин бебасаронро.
Яъне, шоир таъкид мекунад, ки дар зиндагӣ инсон бояд саргарми зуҳди беҳосил набошад. Зиндагиро дӯст доштан, аз неъматҳои дунё баҳра бурдан, пайи ободии ҳарду олам заҳмат кашидан, покизарӯзгору покизакирдор будан, дасти афтодагонро гирифтан симои аслии мусалмон бояд бошад.
Маро саргашта медорад хаёли зуҳди беҳосил,
Биё соқиву магзорам дар ин андешаи ботил.
***
Маро носеҳ ба ақлу дин фиребад ҳар замон, ёро
Касе, к-аз ишқ парҳезад, бар инҳо кай шавад моил?
Шоир таъкид мекунад, ки мудом ба масҷид рафтану ибодат кардан низ маънои худошиносиро надорад. Дар ҳама ҷо агар банда Худовандро аз сидқ парастиш намояд, метавонад ӯро пайдо кунад. Яъне, барои мусалмони комил масҷиду майхона, каъбаву бутхона як мақом аст ва метавонад дар ҳамон ҷойҳо парвардигорашро пайдо кунад, агар хос ба хотири дидор ибодат кунад, на барои манфиати дарёфти сарвати дунё:
Гар ба масҷид наравам, қиблаи ман рӯи ту бас,
Гӯшаи тоати ман тоқи ду абрӯи ту бас.
***
Ишқро дар ҳарами Каъбавубутхона якест,
Ринди майхонанишин - зоҳиди саҷҷодапараст.
Мо аз баҳри беканораи ашъори шоири бузург Камоли Хуҷандӣ чанд байтеро ба он хотир пешкаши хонандагон кардем, ки ҳақиқати ҳолро донанд ва пайи омӯзиши мероси ниёгон бошанд, аз панду андарзи онҳо дар зиндагии худ истифода кунанд ва фиреби он одамсуратони рӯбоҳтинатонро нахӯранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
