Руҷӯи Садои мардум
Ман ҳамон садоям, ки на танҳо дилҳоро, балки фалакро ба ларза овардаам. Хостгоҳи ман замири поки миллатест, ки тамаддун офаридааст, фарҳанги безаволеро халқ кардааст, ҳатто бегонагонро аз нури маърифат шодоб сохтааст.
Оре, ман садоям, садои Золи Наримон, Рустами Дастон! Ҳамон Золе, ки парвардаи Симурғ аст ва ҳамон Рустаме, ки нигаҳбони марзу бум ва амнияти кишвар. Ман садои Зардуштам, ҳамон паёмбаре, ки бо гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек дарахти тамаддуни моро борвар кард. Ман аз ҳанҷараи Борбад берун омадам ва ҳар рӯзи солро тарона гаштам. Ишқро, зебоиро, зиндагиро тараннум сохтам. Ман садои Абумуслими Хуросонӣ ва Яъқуби Лайси Саффорӣ будам, ки озодию истиқлолро наҷво кардам. Ҳамроҳи онҳо ба мубориза бархостам ва ҳувияти миллии озодазодагонро ҳифз намудам. Ман ҳамроҳи Исмоили Сомонӣ девори Бухоро гаштам, фарҳанг ва шеърро болу пар бахшидам. Ҳамроҳи Темурмалики номдор ба муқобили чингизиён мубориза бурдам.
Оре, ман садоям, ҳамон садое, ки бо Садриддин Айнӣ ба по хестам, «Намунаи адабиёти тоҷик» гаштам, адабу илмро дар замони муосир ҷон бахшидам. Дар ман тоҷикият ҳулул кард, миллати барӯманди тоҷик зинда шуда. Ман садои таърихи «Тоҷикон»-ам, ҳамон садое, ки Бобоҷон Ғафуров ба он ҷон бахшид. Ман он садоям, ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода Осиёро тасхир намудам, фарёди озодихоҳӣ будам.
Оре, ман садои мардум ҳастам, мардуми тоҷик! Ҳампои Истиқлол дубора ҷон гирифтам, ман аз замири дили халқ рӯидам. Ин бор парвози ман то бениҳоят буд, то Каҳкашонҳои дур, то он ҷое, ки бовар карданаш сахт аст, аммо ман парвоз кардам, то ба он авҷҳо рафтам ва садои дили мардуми тоҷикро ба тамоми гӯшаҳои Коинот расонидам.
Оре, ман садои Истиқлол гаштам ва бо садои дили Раҳбари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сайёраи Замин аз худ хабар додам. Гуфтам:
- Ин ман, садои халқи тоҷик, ки аз устура то имрӯзи онро зери пар кашидаам, ба шумо навид медиҳам. Мардуми тоҷик зиндаю ҷовид аст! Соҳиби сарзамин, давлат ва ҳукумати хеш! Ман садои номирои ӯям, ки Симурғ хидматгори ман аст.
Оре, ин манам, садои ҷовидона, садое, ки қудрати дунё дар ман нуҳуфтаст. Ман Садои Ому, Сир, Вахш, Сурхобу Зарафшонам. Дар ман неруи зиндагӣ пинҳон аст. Бо ин неру на танҳо Тоҷикистонро, балки сарзаминҳои дигарро низ ҷон мебахшам. Ман сарчашмаи зиндагиям!
Оре, ин кӯҳҳои сарбафалаккашида, ин рӯдҳои исёнгар, ин боғсорони муаттар, ин даштҳои сарсабз, ин шаҳру деҳи ободу маъмур бо ман ҷон гирифтаанд. Ман ҷонам, ҷони ҷонон, ҷони ҷовидон!
Ман садоям, садои парлумон, ҳамон парлумоне, ки садои халқ аст. Ман садоям, Садои мардум, садои Ҳақ!
«Садои мардум» садои минбари халқ аст,
Садои қонун, Паёми Сарвари халқ аст.
«Садои мардум» садои ҳақиқати рӯз,
Чу офтоби нурафшон бар сари халқ аст.
Садои адолат, фурӯғи тозаи дилҳо,
Садои ҷону дил асту довари халқ аст.
Зи парлумон мерасад ҳар замон бар гӯш:
«Садои мардум» садои бовари халқ аст.
Садои шодӣ, садои садоқати мост,
Ҳумоюн садое, ки зи маҳзари халқ аст.
Бимонад ҷовидон босаодату хушҳол,
Ҳамоне муҳтарам асту дар бари халқ аст.
Бинӯшу шод бизӣ, эй бародари ман,
Ки шодмонии мо ба соғари халқ аст.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
